Ҷароҳати 3 нафар, ҳалокати беш аз 60 чорво ва харобиҳо дар даҳҳо манзили сокинон бар асари заминларза дар Тоҷикистон

Се сокини ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, аз ҷумла 2 мард ва 1 зан ҷароҳатҳои сабук бардоштаанд


Чорвои аз заминларза зарардида

Акс аз КҲФ

Тибқи иттилои пешакии КҲФ дар натиҷаи заминларзаи 23 – юми март се сокини ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, аз ҷумла 2 мард ва 1 зан ҷароҳатҳои сабук бардоштаанд. 14 cap гов, 52 cap гусфанд ва 2 cap асп нобуд шудааст.

23 – юми марти соли 2023 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ду заминларза ба қайд гирифта шуд. Зилзилаи аввал соати 1:07 ба вақти маҳаллӣ рух дод. Маркази заминларза дар 6 – 7 километрии деҳаи Палдораки ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд ба қайд гирифта шудааст.

Қувваи заминларза дар маркази он 5 – 6 балл, дар ноҳияи Рашт 4 – 5 балл, дар шаҳри Душанбе 3 – 4 баллро ташкил дод.

Заминларзаи дуввум дар умқи 40 километр соати 07:53 ба вақти маҳаллӣ сабт шуда, ин дафъа қувваи зилзила 4,8 дараҷаро ташкил дод.

Дар шаҳри Душанбе қувваи заминларза 1 – 2 балл ва дар минтақаи Рашт 2 балл арзёбӣ мешавад.

Ҳамон рӯз таҳти роҳбарии сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис ёфт. Ӯ ба деҳаҳои зарардидаи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар кард.

Акс аз КҲФ

Бар асари заминларза 27 бинои истиқоматии деҳаҳои Порвоғ, Дуоба, Саридашт ва Такобаи ҷамоати деҳоти Такобаи ноҳияи Рашт қисман (тарқишҳо дар деворҳо) осеб дидаанд.

Ҳамчунин, дар деҳаи Тегирми ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Нуробод бар асари заминларза ду бинои истиқоматӣ хисороти ҷиддӣ дидаанд. 10 бинои истиқоматӣ, як муассисаи таълимӣ ва бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия низ қисман хисорот дидаанд.

Дар деҳаи Фаркинги ҷамоати деҳоти Тавилдараи ноҳияи Сангвор як бинои истиқоматӣ қисман осеб дидааст.

Миқдор ва андозаи зараре, ки ба биноҳои истиқоматӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон расонида шудааст, аз тарафи комиссияҳои ҷумҳуриявӣ ва ноҳиявӣ муқаррар карда мешавад.