fbpx

“Ҷароҳат монеа нашуд”. Қиссаи кори Ҷиёнгул дар сохтмони НБО Роғун миёни 4 ҳазор мард

Ӯ дар майдони сохтмон техникаи вазнинро идора мекунад.


0

Ҷиёнгул Маҳмудова ягона занест, ки дар қатори 4 ҳазор нафар мард дар корҳои сохтмони НБО Роғун кор мекунад. Гарчи аз ҷинси латиф аст, вале кор дар ин сохтмони азим барои ҳама талабот якхела дорад.

Мо бо ӯ дар Душанбе вохӯрдем. Зеро қаҳрамони мо бо сабаби вазъи саломатияш ба пойтахт омадааст. Моҳи июли соли ҷорӣ баъди навбатдорӣ  дар кор ногаҳон афтода зонуяшро лат додааст. Моҳи август ӯ ҷарроҳӣ шуда, саломатияшро барқарор кард ва ба зудӣ дубора ба ҷойи кор бармегардад.

Дар орзуҳои Ҷиёнгул ҳеҷ гоҳ ронандаи мошинҳои вазнин шудан набуд, вале ҳоло дар бораи касби дигар фикр карда наметавонад.

– Соли 1988 пас аз хатми мактаб ба омӯзишгоҳи тиббӣ дохил шудам ва ба ман имкон шуд, ки 6 моҳ дар он ҷо таҳсил намоям. Аммо ҳамааш дар як рӯз тағйир ёфт. Волидонам танҳо ману хоҳарамро доштанд. Дар оилаи мо писар набуд ва ман аз хурдӣ ба падарам дар ҳама кор кӯмак мекардам: алаф медаравидам, лой тайёр мекардам, бо хар баро алаф ба саҳро мерафтам. Ду гов доштем, онҳоро чарогоҳ бурдан, аз пасашон тоза кардан ва хӯрокашонро додан лозим буд, — ба ёд меорад Ҷиёнгул.

Вақте Ҷиёнгул барои таҳсил ба ноҳияи Восеъ меравад, волидонаш дар Фархор зиндагӣ мекарданд. Хоҳари калониаш аллакай оиладор буд. Дар синни 80-солагӣ ба падари қаҳрамони мо лозим омад, ки ба танҳоӣ корҳои хонаро анҷом диҳад. Ӯ соли 1908 таваллуд шудааст. Тамоми Чанги Бузурги Ватаниро аз сар гузаронидааст ва бинобар ин духтаронаш дер таваллуд шудаанд.

– Рӯзе ман барои истироҳат ба хона омадам. Бегоҳӣ падарам омад, ӯ бо хар барои говхо алаф овард. Ман ба холӣ кардани алаф ёрӣ расонида, харро ба оғил бурдам. Падарам болои харак нишаст ва ногаҳон дидам, ки дастонаш хунолуданд. Ман тарсидам ва пурсидам, ки чӣ шуд. Ӯ гиря кард. “Духтарам, шояд имрӯз ё фардо ман мемирам. Ба ман гӯш кун, аз азоби ҳамин хар озодам кун. Дигар қувват надорам, ки бо хар барои алаф равам. Рондани тракторро омӯз». Баъди ин суханон тамоми шаб гиря кардам. Хуни дастонаш то ҳол дар ёдам ҳаст, — гиря кард Ҷиёнгул ва хомӯш монд.

Он рӯз тамоми фикрҳои духтар дар сараш чаппа шуданд. Орзуи кӯдакии табиб шудан аз сараш парид. Акнун мақсади Ҷиёнгул дигар буд. Ӯ мехост ба падар такягоҳ шавад ва бо хоҳиши ӯ идораи тракторро омӯзад. Қаҳрамони мо то ин дам аллакай шаҳодатномаи ронандагӣ дошт: дар мактабҳои шӯравӣ хонандагон дар тӯли 2 сол таълими касбӣ мгирифтанд. Ҷиёнгул дар ихтисоси техникаи кишоварзӣ таҳсил карда, имтиҳонҳоро бо баҳои аъло супорид.

— Субҳи барвакт шаҳодатномаамро гирифта, ба назди раиси колхоз давидам. Ба ӯ гуфтам, ки бо хоҳиши падарам омадам. Таҷрибаомӯзии шашмоҳаро тамом карда, соли 1989 дар колхоз ҳамчун ронандаи трактор ба кор даромад. Мақсадам ин буд, ки дигар гиряи падарамро набинам, — ба ёд меорад Ҷиёнгул.

Падар аз духтараш хеле фахр мекард. То дами марг, давоми панҷ соли охири умраш ӯ ҳар саҳар духтарашро ба кор мегуселонид.

– Бе фотиҳаи ӯ ба кор нарафтам. Баъди маргаш модарам ин корро мекард. То замоне ки онҳо зинда буданд, ман ҳеҷ гоҳ бе дуои онҳо аз хона берун намерафтам, – мегӯяд Ҷиёнгул.

YouTube илҳом бахшид

Ҳамсуҳбати мо муддати тӯлонӣ, то соли 2016 дар колхоз кор кард. Соли 2018 вақте бо писараш дар Русия буд, дар YouTube навореро мебинад, ки президенти Тоҷикистон булдозерро ронда, маҷрои дарёи Вахшро мебандад. Дили Ҷиёнгул дар ҳамин лаҳзаҳо гӯё сахт ба тапиш меафтад.

— Бо дидани ин саҳна, дархол ба худ гуфтам: ҷои ман он ҷост, ана ҳамин касби ман! Ман бояд дар он ҷо бошам! – хурсандона ба хотир меорар Ҷиёнгул.

Вай ба Тоҷикистон баргашт ва тамоми ҳуҷҷатҳоро барои кор ҷамъ оварда, ба Роғун омад. Директори автобазаро ёфта гуфт, ки дар он ҷо кор кардан мехоҳад. Дар талони техникии вай барои рондани боркашонҳо то экскаватор иҷозатнома буд.

— Ман аслан барои кор кардан бо экскаватор омадам. Аммо намедонам, аз чӣ сабаб директор метарсид, ки ман ба он савор шавам. Вай дар бораи бехатарии ман, дар бораи он ки ман зан ҳастам, фикр мекард ва ба ман чунин гуфт: “агар ногоҳ бо шумо чизе шавад…” Ҳамин тавр ба ихтиёри ман як вибраторро доданд (он барои фишурдани хок, рег, шағал дар ҷараёни роҳсозӣ пешбинӣ шудааст. Дар НБО барои мустахкам кардани сарбанд истифода мешавад. — шарҳи ред.)

Барои ба кор қабул шудан коргарони нав бояд давоми як моҳ дар назди корманди ботаҷриба аз санҷиш гузаранд. Чун кабинаи вибратор хурд буд, Ҷиёнгул нагузошт, ки мард дар паҳлуяш нишинад. Дар рафти кори ӯ мекард, коргари назоратчӣ аз берун истода назорат мекард.

— Ба роҳбарият шикоят кард, ки ман ӯро ба кабина иҷоза надодам. Ӯ аслан барои ман чӣ лозим буд? Ман бе ӯ ҳамаашро хуб анҷом дода метавонистам. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки аллакай баъди шаш рӯз, 6-уми майи соли 2018 онҳо ба ман аввалин роҳхати ҳақиқиро, барои кор кардан бе ягон ҳамроҳ доданд, – гуфт бо табассум Ҷиёнгул. Ҳоло соли панҷум аст, ки дар ҶСК «Точикгидроэлектромонтаж» кор мекунад.

Кори сохтмон ба навбати 20 рӯза тақсим карда мешавад. Рӯзи корӣ 12 соат, аз соати 6 то 18 давом мекунад. Бинобар ин, коргарон аз соати 4 пагоҳӣ аллакай ба ҷунбуҷӯл cap мекунанд. Барои наҳорӣ дар вақташ ҳозир шудан ва иҷозатномаи корӣ гирифтан лозим. Вибратор аз паси мошину булдозерҳо ба сарбанд мебарояд: аввал регу шағал мепартоянд, баъдан онҳоро ҳамвор мекунанд. Ҷиёнгул бошад, бо ронандагони дигари вибраторҳо барои устуворсозӣ бояд 8 гузаргоҳ созад. Баъд аз ин мутахассисон хокро месанҷанд. Агар нокифоя бошад, пас устуворсозӣ такрор карда мешавад.

– Ба назари ман, ин касб аз азал барои ман пешбинӣ шудааст. Дар Роғун вазифаҳое ҳастанд, ки маошашон нисбат ба кори ман зиёдтар аст. Вале ман касбамро дигар намекунам, бо ҳамин корам ба нафақа мебароям. Ҳатто худам дастгоҳҳоро таъмир карда метавонам, аммо барои ин кор дар ин ҷо челонгарон ҳастанд. Вақте ки бо тракторҳои Т-28, МТЗ, ЮМЗ кор мекардам, худам онҳоро ба қисмҳо ҷудо ва васл карда метавонистам, — табассум мекунад Ҷиёнгул.

Кор бо ҷароҳат

Вай аз осеби пояш хеле нигарон аст. Дар хона нишастан барояш тоқатнопазир аст, ба кор майл дорад. Аммо табибон тавсия намедиҳанд, ки ба пойи ҷароҳат бардоштааш фишор оварад.

Ҳатто ҳангоми захмӣ шуданаш ҳам Ҷиёнгул чанд рӯз аз кор нарафт, то он даме ки навбаташро ба охир нарасонид. Дар ҷои кор вай дар бораи афтиданаш ба касе нагуфт. Танҳо як корманд инро дидааст, аммо бо хоҳиш Ҷиёнгул инро ба касе нагуфт. Метарсид, ки мардҳо ба ӯ мегӯянд: «Дар кори мардона чӣ меҷустӣ?». Ҳамин тавр, тоқат кард, аммо ҳар рӯз аҳволаш бадтар ва дард бештар мешуд.

Ҳамин ки навбатро ба охир расонида, аз сохтмон баромад, Ҷиёнгул ба назди духтур рафт. Ташхиси томографӣ беҷо шудани устухони зонуро ошкор кард. Ҷарроҳии ӯ маблағи зиёдеро талаб мекард.

Аз сабаби он ки Ҷиёнгул дар худи сохтмон ба табибон муроҷиат накард, ширкат дар аввал аз пардохти ҷуброни ӯ даст кашид. Танҳо муроҷиат ба директори сохтмон масъалаи маблағро ҳал кард. Ҳоло қаҳрамони мо қариб сиҳат шудааст ва мунтазири анҷоми рухсатии беморӣ аст.

– Фикр мекунам, дар касби ман ҳеҷ чизи душворе нест. Ман танҳо кӯшиш мекунам, ки аз мардон қафо намонам, то нагӯянд, ки зан мисли онҳо кор карда наметавонад. Аз ин рӯ, кӯшиш мекунам, ки аз онҳо пештар бошам, — бо ханда гуфт Ҷиёнгул.

Вай мутмаин аст, ки ҳангоми интихоби чунин касбҳо танҳо доштани қобилият кифоя нест, ҷасорату далерӣ ҳам лозим аст.

– Ман ба як духтарак пешниҳод кардам, ки ҳамин касбро омӯзад, аммо вақте дид санги азимро мекӯбам, тарсид. Вай гуфт, ки метарсад ва ин кор барои ӯ нест.

Шавҳари Ҷиёнгул ҳам ронандаи трактор аст. Ҳарду 30 сол якҷоя кор карданд. Мо дар Роғун ҳам якҷоя кор мекардем. Аммо бо сабаби вазъи саломатиаш аз он ҷо рафт ва ҳоло дар Фархор посбон шуда кор мекунад.

Ҷиёнгул бо шавҳараш соҳиби 7 фарзанд – 5 духтар ва 2 писар аст. Ду духтар орзуи кӯдакии модари худро дар бораи ҳамшираи шафқат шудан амалӣ карданд.

— Фикр мекунам, дар ҳаёт чизи аз ҳама муҳим дӯст доштани касб аст. Шахсе, ки касбашро дӯст надорад, одами бефоида аст. Ана, маро бинед: пойамро ҷарроҳӣ карданд, буриданд, ман акнун мисли аввала роҳ гашта наметавонам, аммо мехоҳам дар ҷои кор бошам. Шумо хоҳ муҳандис, хоҳ кранчӣ ё ронандаи трактор бошед, агар касбатонро дӯст доред, худро аз хоби ширин раҳо кунед ва бо худ бигӯед: «Бархез, ба кор!», он гоҳ хурсандиро ээҳсос мекунед. Зеро ин касб аз они шумост. Гаронбаҳотарин чизе, ки шумо доред, ҳамин аст

Замоне, ки ин мақола омода мешуд Ҷиёнгул пурра шифо ёфт ва рӯзи 20 октябр аз нав ба паси чанбараки вибратори худ нишаст.

Маводи мазкур дар доираи лоиҳаи «Тақвияти мавқеи занон дар бозори меҳнат»-и Фонди ҷамъиятии «Саломатии ҷамъиятӣ ва ҳуқуқи инсон» омода шудааст.

Зулфия ГОЛУБЕВА махсус барои Your.tj


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend