Қариб 4 млрд сомонӣ даромади ширкатҳои алоқа ва кӯшиши беҳсозии интернет

Дар нишасти матбуотии Хадамоти алоқа чиҳо гуфтанд?


Нишасти матбуотии Хадамоти алоқа

Илҳом Атоев муовини раиси Хадамоти алоқа

Барои беҳтар кардани сифат ва поин бурдани арзиши интернет Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла бо Чин ҳамкорӣ мекунад. Дар ин бора Илҳом Атоев муовини раиси Хадамоти алоқа зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ӯ гуфт дар Тоҷикистон якҷо бо ширкати Huawei 30 пойгоҳи нави алоқа насб карда шуд.

Ҳамчунин дар масъалаи таъмин кардани аҳолӣ бо интернети баландсуръат гуфт, ки як қатор нақшаҳо иҷро шудаанд ва лоиҳаҳои нав низ ҳастанд.

“Дар Бартанг аллакай дар якҷоягӣ бо ширкати TCELL системаи алоқаи моҳвораӣ (Интернет) фаъолият мекунад. Барои мактабҳои ҷумҳурӣ лоиҳаи кашидани кабели нахи оптикӣ мавҷуд аст”,- афзуд Атоев.

Ба гуфтаи ӯ, дар назди Хадамоти алоқа ситоди вижае амал менамояд, ки сифати алоқаи 4G-ро назорат мекунад.  Ин ситод масъулияти таъмини нерӯи барқ, кори панелҳои офтобӣ ва дигар таҷҳизотҳои пойгоҳҳои алоқа (антенна)-ро ба ӯҳда дорад.

Ҳамчунин, дар нишаст иттилоъ дода шуд, ки тибқи ҳисобҳои пешакӣ, даромади умумии ширкатҳои мухобиротӣ ва провайдерҳои интернет дар соли гузашта 3 миллиарду 867 миллиону 609 ҳазору 467 сомониро ташкил додааст.

Ин дар муқоиса бо соли 2022 (3 миллиарду 586 миллиону 838 ҳазор сомонӣ) 7,8% зиёд аст.