Арабистони Саудӣ қоидаҳои қабули зоиронро дар мавсими ҳаҷ барои соли 2026 сахттар намуда, аз 13 апрел ворид шудан ба шаҳри Макка танҳо бо иҷозатнома ё визаи махсуси ҳаҷ ба роҳ монда мешавад. Шарти нави сафар ба ҳаҷро Вазорати умури дохилии ин кишвар рӯзи 21-уми апрел эълон кард.
Тибқи иттилои манбаъ, аз 18 апрел то 31 май барои дорандагони ҳама гуна визаҳо, аз ҷумла сайёҳӣ ва умра, ба истиснои визаи махсуси ҳаҷ, ворид шудан ба Макка ва дигар маконҳои муқаддас манъ аст. Ҳамчунин зоироне, ки барои адои умра дар Макка қарор доранд, бояд то 18 май шаҳрро тарк намоянд.
Мақомоти саудӣ барои нақзи ин қоидаҳо ҷазоҳои ҷиддӣ пешбинӣ кардаанд, аз ҷумла ширкатҳои миёнарав ё ташкилкунандагони ғайрирасмии сафар ба ҳаҷ то 26 ҳазор доллар ҷарима шуда, инчунин барои 10 сол аз фаъолият дар ин кишвар маҳрум мегарданд.
Ба иттилои манбаъ, гусели нахустин гурӯҳи зоирони тоҷик барои адои ҳаҷҷи фарзӣ аз 6 май оғоз мешавад. Нархи ҳаҷ дар соли ҷорӣ 53 ҳазор сомонӣ муқаррар гардидааст.









