Соҳибкори бадахшонӣ Султонбахт Мардонаева яке аз он бонувони матиниродае мебошад, ки ба хатарҳои иқтисодӣ ва офатҳои табиӣ нигоҳ накарда, 22 соли ҳаёти хешро сарфи тиҷорат намудааст. Ӯ дар бораи оғози фаъолияти соҳибкорӣ, хатарҳои роҳи байни Тоҷикистону Чин ва дигар лаҳзаҳои хотирмон ба Your.tj нақл намуд.
Зан ва роҳ
Султонбахт Мардонаева зодаи мавзеи Бартанги ноҳияи Рӯшони ВМКБ буда, дар Хоруғ 22 сол боз бо фаъолияти соҳибкорӣ машғул аст. Ва нисфи ҳаёти ин бону дар роҳ гузаштааст.
Бино бар гуфтаи Султонбахт, барои пеш бурдани тиҷорат роҳҳо нақши муҳим бозида, барои рушди иқтисодии на танҳо як хонавода, балки тамоми ҷамъият мусоидат менамоянд.
Қаҳрамони мо ба ёд меорад, ки соли 2004, ҳангоме ки бо тасмими Ҳукумати кишвар нуқтаи сарҳадии Қулма-Қаросу кушода гардид, ӯ аз қатори аввалин бонувони соҳибкоре буд, ки ба Чумҳурии Мардумии Чин сафар карда, бо хариду фурӯши масолеҳи сохтмон машғул шуд.
“Дар байни 4 нафар соҳибкорони аввалини бадахшонӣ ман ягона зан будам, ки ба Қошғар ва дигар шаҳрҳои чинӣ рафта, аз он ҷо бо мошинҳои боркаш маводи сохтмон меовардем.,- ёд меорад он рузҳоро Султонбахт, – Солҳои аввал барои тиҷорат кардан шароит душвор буд: баъзан бор аз карантин намегузашт, мошин то 15 руз дар роҳ маҳкам мешуд.
Лаҳзаҳое буд, ки худам дар роҳ дар мемондам, чунки бо сабабҳои аз ҳад зиёд вайроншавии роҳ ё омадани сел дар шароити куҳистон мошин аз кор мебаромад. Махсусан дар зимистон бисёр хунук хурдам, он рузҳоро ба ёд орам, то ҳол вуҷудамро ларза фаро мегирад”.
Инчунин қаҳрамони мо ба вилояти Ӯши Қирғизистон низ сафар намуданашро ба хотир оварда, нақл мекунад, чи гуна дар халтаҳои пурбор қанду дигар маснуоти хурокаро оварда, дар бозори маркази вилоят савдо мекард.
Тиҷорат ҳам ҳунар аст
“Соҳибкорӣ осон нест, махсусан барои занхои куҳистон, – иброз медорад Султонбахт, – Мардон ба мо мегуфтанд: “Куҷо меравед? Дар чунин шароит истода наметавонед”, аммо мо тавонистем, чунки тоқат кардем. Ҳафт-ҳашт бор дар роҳ ба садамаи автомобилӣ афтодам, аммо кори тиҷоратро напартофтам. Забони чиниро намедонистем, чанд бор аз тарҷумонҳо фиреб ҳам хурдем. Ин рузҳо ҳам гузашт, забони муоширатро оҳиста-оҳиста аз худ намудам”.
Аммо азоби асосӣ – мушкилии роҳ буд. Аксар вақт дар ағба шабро рӯз кардан лозим меомад. Инфрасохтори хуб, ки набуд, на хурок пухта мешуд, на ҷойи хоб ёфта.
“Боре мошини мо дар роҳи Қулма ба ҷарӣ чаппа шуд, бархеамон ҷароҳатҳои вазнин бардошта, ба кумак ниёз доштем. Аммо дар роҳ мошин бениҳоят кам буд. Кадом ронандагони қирғиз моро диданд, аммо аз ҷарӣ набароварда рафтанд. Дар миёнҳоямон пули калон баста будем, аҷаб не, ғорат ҳам мешудем. Баъди чанд соати интизорӣ, ки аз дарди дасту пой ва беобӣ азоб кашидем, мошине омаду моро то Ишкошим бурд. Дар беморхона дар шароити бебарқӣ ҳамроҳони моро “фонарик” монда ҷарроҳӣ намуданд. Дар байни хешовандонам бошад, аллакай овоза паҳн шуд, ки ман фавтидам. Дар асл бошад, афтону хезон бо ҷароҳатҳои начандон ҷиддӣ ман боз ба суи сарҳади Чин раҳсипор шудам”, – ба ёд меорад Султонбахт.
Тибқи омори расмии охир, шумораи соҳибкорон аз ҳисоби занон дар кишвар тайи 80 ҳазор нафар расидааст.
Маркази хизматрасонӣ сохт
Соли 2013 ҳукумати шаҳри Хоруғ ба Султонбахт Мардонаева як порчаи заминро, ки дар шафати куҳпораи азими роҳи марказӣ ҷойгир буд, ҷудо намуд.
“Илоҷ набуд, розӣ шудам, чунки Хоруғ шаҳри камзамин аст. Гузоштани таҳкурсӣ барои бинои оянда хеле азобам дод: техникаи лозима, ки чун болға қишри сангини заминро мешикофад, дар иншооти дигар банд буд ва ман онро хеле интизор шудам. Охир ба мақсад расидам: аз ин мавзеъ 94 мошини боркаш санг баровардем, баъд ба сохтан оғоз кардем. Шахсан худам ба Чин рафта, маҳсулоти сохтмонӣ харидорӣ намудам”, – нақл мекунад қаҳрамони мо.
Ҳангоми июни соли 2015 дар мавзеи Барсеми ноҳияи Шуғнон сел фаромадану роҳи Хоруғ-Қулмаро бастан, ки дар натиҷа маҷрои дарё дигар шуда, кул пайдо гардид, барои сари вақт супоридани иншоот ин зани мардсифат тамоми масолеҳи сохтмонии бо дуланҳо аз Чин омадаро бо қаиқҳо гузаронда ба Хоруғ овард, то барои супоридани иншоот дер нашавад.
Моҳи июли ҳамон сол президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари корӣ дар ВМКБ бинои маркази хизматрасонӣ ва сехи дӯзандагии Султонбахт Мардонаеваро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ намуд.
Соҳибкорбонуи мо бо ин иқдом 50 нафар занони хонашини маҳаллиро бо ҷойи кор таъмин намуд.
Меҳмонхона дар оғӯши кӯҳпора
Азбаски Бадахшон солҳои охир таваҷҷуҳи сайёҳони дохилию хориҷиро бештар ба худ ҷалб мекунад, соли 2016 Султонбахт тасмим гирифт боз аз бонк қарзи имтиёзнок гирифта, дар қабати сеюми бинои маркази хизматрасонӣ меҳмонхона бунёд намояд. Аҷиб аст, ки аз сабаби кам будани масоҳати замин соҳибкор қисми онро дар даруни куҳпора сохтааст.
Вақте меҳмонхонаи “Сарез” кушода шуд, соҳибкор барои ҷалби бештари мизоҷон нархҳои “демократӣ” ҷорӣ намуд. Ҳарчанд соле нагузашта бо сабабҳои номаълум дар ошёнаи дуюми бино сухтор ба амал омаду шавҳараш аз зиқӣ сактаи қалбро аз сар гузаронд ва ба болои ин, қарзҳои бонкро дар вақташ додан лозим буд, Султонбахт руҳафтода нашуд.
Худро ба даст гирифт, чунки дар роҳи интихобкардааш қавӣ буд. Ҳамаи мушкилиҳоро оҳиста паси сар намуд. Ҷойи сухтаро аз нав таъмир карда ба хостел табдил дод. Аз ин ҷиҳат миқдори мизоҷонаш афзуда, бо фоидаи бадастаомада баъди чанде аз қарз баромад.
Соли 2020 дар авҷи COVID-19 соҳибкорзан эълон кард, ки омода аст меҳмонхонаи худро, ки 56 кати хоб дошт, барои бистарӣ намудани беморон пешкаш намояд. Бо супориши ҳукумати маҳаллӣ ин ҷо табибон омада, баъди навбатдорӣ дам мегирифтанд.
Зани мардсифат
Барои хулқу атвори мардона сокинони маҳаллӣ ба Султонбахт Мардонаева лақаби “Саша” дода, ба ӯ ғолибан “апаи Саш” гуфта, муроҷиат мекунанд.
“Апаи Саш” аз душвориҳо натарсида, имруз тасмим гирифтааст болои бинои меҳмонхонааш боз ду ошёнаи дигар бисозад.
“Заминам, ки кам аст, қарор додам суи боло ҳаракат кунам, – шухӣ мекунад ӯ ва мефаҳмонад, ки вазъияти сейсмологии куҳпораро хуб санҷида, баъд ин идеяро дар амал татбиқ намудан хост.
Султонбахт иброз медорад, ки ягон бор барои соҳибкориро пеша карданаш пушаймон нашудааст.
“Ду сол пеш бо сабабҳои узрнок хостам тиҷоратамро фурӯшам, соҳибкориро бас кунам, хонанишин шавам. Аммо худро ба даст гирифта, корамро давом додам, – рози дил мекунад ӯ, – Фикри сарватманд шудан дар кунҷи хаёлам набуд ва нест. Фалсафаи зиндагиям ба ниёзмандон кумак намудан аст. Он вақт Худованд ба ман ҳам ризқ медиҳад”.
Султонбахт Мардонаева соҳиби хонаи обод, се фарзанд ва ҳафт набера мебошад. Ӯ барандаи ҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии бонувони соҳибкор “Фараҳ-2014” дар бахши хизматрасонӣ аст. Ба ғайр аз ин, дигар ҷоизаву дипломҳоро соҳиб гашта, ба чанд кишвари дунё сафар намудааст.
Ба гуфтаи мусоҳиби мо солҳои охир фазои соҳибкорӣ барои занҳо беҳтар гардида, онҳо дар муқоиса бо мардҳо дастгирии бештар пайдо намуда, метавонанд ҷасурона тиҷорати худро ба роҳ монанд.
Манижа Қурбонова, журналист
Маводи мазкур дар доираи лоиҳаи Ташаббуси “Нури Рушноӣ” амалӣ карда мешавад. Ташаббуси “Нури Рушноӣ” як шарикии глобалӣ ва бисёрсола байни Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Милали Муттаҳид аст, то ҳама шаклҳои зӯроварӣ нисбати занон ва духтаронро то соли 2030 аз байн барад.