Маркази Душанбе ду рӯз пурра баста мешавад. Дар Хуҷанд низ роҳбандӣ мешавад
7-уми сентяр аз соати чори субҳ ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон ба ҳамаи роҳҳои самти маркази Душанбе манъ мешавад.
Субҳи 7 сентябр дар майдони “Дӯстӣ”-и пойтахт гузашти низомии қисмҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳои гарнизони Душанбе ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолиятдоир мегардад. Интизор меравад, ки дар гузашт зиёда аз 15 ҳазор нафар ширкат кунанд.
Ҳамчунин 9 сентябр дар майдони “Дӯстӣ” раҳпаймоиии сокинони шаҳр баргузор мешавад, ки дар он зиёда аз 45 ҳазор сокинони пойтахт ширкат меварзанд.
Инчунин дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд низ ҳангоми паради ҳарбӣ ва гузашти оммавӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли кишвар рӯзҳои 7 ва 9-уми сентябр дар кӯчаҳои Раҳмон Набиев, Исмоили Сомонӣ ва Камоли Хуҷандӣ аз кӯчаи Гагарин (назди пули ҷашнӣ) то Исмоили Сомонӣ ва аз мавзеи Фабрикаи корҳои хонагӣ то кӯчаи Раҳим Ҷалил ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз субҳи соати 05:00 то анҷоми чорабинӣ муваққатан манъ мегардад.
Тирпаронӣ дар Хоруғ. Ду нафар захмӣ шудаанд
Пас аз нимирӯзии 6-уми сентябр, тақрибан соатҳои 15:00-15:30, дар маҳаллаи Бархоруғи шаҳри Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), дар ҳавлии Маркази тиббии Бунёди Оқохон тирпаронӣ ба вуқуъ пайвастааст. Дар натиҷаи он ду нафар — Салам Имомназаров ва Мансур Ҷумъахонов захмӣ шуданд.
Бино бар маълумоти чанд сарчашмаи хабарии Радиои Озодӣ тирандозӣ дар байни тарафдорони раҳбарони ғайрирасмӣ Толиб Айёмбеков ва Салам Имомназаров ба амал омадааст.
Ҳоло Имомназаров ва Ҷумъахонов дар Беморхонаи марказии вилоят бистарӣ шудаанд. Дар бораи вазъи онҳо маълумоти дақиқ дар даст нест.
Пештар хабар расида буд, ки Толиб Айёмбеков, яке аз лидерони ғайрирасмии Бадахшон, бар асари занозании ду гуруҳ дар тарабхонаи “Марко Поло” дар шаҳри Хоруғ захмӣ шудааст. Ба иттилои манобеи огоҳ, ҳодиса бегоҳи 5-уми сентябр рух додааст, вале сабабҳои он ошкор нашудаанд.
Тоҷикистон интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистонро идома медиҳад
Тоҷикистон интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистонро идома медиҳад. Дар ин бора ба РИА Новости роҳбари маркази матбуоти ширкати “Барқи тоҷик” Нозирҷон Ёдгорӣ хабар додааст.
“Тоҷикистон содироти барқ ба Афғонистонро тавассути ду хатти интиқоли 110 ва 220 киловатт, ки ба миқдори 350 мегаватт дар як рӯз аст, қатъ намекунад”, – гуфт ӯ.
Ба гуфтаи вай, Тоҷикистон ӯҳдадориҳои худро тибқи қарордод бо ширкати энержии афғонии “Брешно” дар авоили соли 2021 иҷро мекунад.
“Мо маблағашро мегирем. Нархи як киловатт нерӯи барқ барои хати интиқоли -110 3,5 сент, барои хати интиқоли барқ -220 -4,5 сент дар охири ҳар моҳ аст ва ман фикр мекунам, ки Афғонистон шартҳои шартномаро вайрон намекунад”, – гуфтааст Ёдгорӣ.
Мувофиқи маълумоти ниҳодҳои марбута, Тоҷикистон дар 7 моҳи соли 2021 барои тиҷорати барқ беш аз 55 миллион доллар дарёфт кардааст.
Аҳмад Масъуд мардумро ба қиёми умумӣ даъват кард: “муқовимат ҳанӯз давом дорад”
Роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Панҷшер Аҳмад Масъуд бо нашри як паёми савтӣ суқути пурраи Панҷшерро ба дасти “Толибон” (ҳаракати фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) рад кард ва гуфт, ки ҳанӯз муқовимат давом дорад.
Дар ин навори савтӣ, ки баъди хабарҳои зиддe нақиз дар мавриди суқут кардани Панҷшер ба дасти “Толибон” нашр мешавад, Аҳмад Масъуд аз ҳамватанони худ даъват ба амал овардааст, ки ба хотири иззат, озодӣ ва сарбаландии ватанашон қиёми умумиро оғоз кунанд.
Ӯ таъкид намудааст, ки баъди он ки Ҷабҳаи муқовимати миллӣ эъломияи уламои сартосари кишварро лаббайк гуфт, “Толибон” ҳамалоти густурдаи худро болои миллату мардум машрут карданд, ки боиси кушта шудани теъдоди зиёде аз ҳамватанон, аз ҷумла бахше аз хонаводаи ӯ шудааст.
Аҳмад Масъуд кушта шудани сухангӯйи Ҷабҳаро тасдиқ намуда гуфтааст, ки ба зуди сухангӯи ҷадиди Ҷабҳаи муқовимати миллӣ эълон карда мешавад.
Ӯ дар охир бори дигар таъкид кард, ки “шаҳодат ифтихори мост ба ҳеҷ унвон шаҳид додан ва ҳамучунин, фишорҳои болои ҷуғрофиё овардан аз рӯҳияи мо намекоҳад, балки дар канори миллату мардуми худ то охирин нуқта ва охирин лаҳза идома хоҳад дод ва мо боварманд ҳастем, ки пирӯзӣ ҳатмист ва дар муқобили иродаи як миллат ҳеҷ қудрат ва нерӯ истод шуда наметавонад”.
Дар ҳоли ҳозир Панҷшер ягона вилоят ва минтақае дар Афғонистон аст, ки таҳти контроли Толибон (ҳаракати фаъолияташ джар Тоҷикистон мамнӯъ) нест.
Коронавирус дар Тоҷикистон: омори нави Вазорати тандурустӣ
Давоми 24 соати гузашта дар Тоҷикистон 21 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст, хабар медиҳад вазорати тандурустии кишвар. Шумораи одамоне, ки дар давоми як рӯзи охир дар кишвар аз COVID-19 шифо ёфтанд, 20 нафар гуфта мешавад.
Ҳамзамон шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати марг аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Дар маҷмӯъ, 124 бемор аз ин вирус фавтидаанд.
Аз оғози пандемия дар Тоҷикистон, 16 984 нафар мубталои коронавирус шуда, аз он16 849 нафар шифо ёфтаанд.