fbpx

Ҳангоми сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд ҳаракати нақлиёт дар баъзе роҳҳо маҳдуд мешавад

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0

Ҳангоми сафари президент ба Суғд баъзе роҳҳо баста мешаванд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо сафари корӣ ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд ворид шуд.

Шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Суғд дар бораи маҳдудияти ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаву роҳҳо дар ду рӯзи наздик хабар медиҳад.

Мувофиқи маълумоти Шуъбаи БДА, имрӯз, 28 июл ҳаракати нақлиёт дар кӯчаҳои марказии ноҳияи Айнӣ маҳдуд мешавад.

Рӯзҳои минбаъда маҳдудияи ҳаракати нақлиёт дар кӯчаву роҳҳои шаҳру навоҳии зерин пешбинӣ мешавад:

29 июл – роҳҳои марказии ноҳияи Шаҳристон, шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанок, кӯчаҳои марказии ноҳияҳои Спитаменв а Ҷаббор Расулов, ҷамоати Деҳмой, роҳи Хуҷанд-Конибодом, роҳҳои марказии шаҳри Бӯстон, роҳи Ғафуров-Хуҷанд ва роҳҳои марказии шаҳри Гулистон;

30 июл – кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон, кӯчаҳои И.Сомонӣ, Камоли Хуҷандӣ ва А.Шукуҳии шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Насриддинови ҷамоати Ёва ва кӯчаҳои марказии шаҳри Бӯстон.

Дар бораи вақти дақиқ ва давомнокии маҳдудияти ҳаракати воситаҳои нақлиёт маълумот дода нашудааст.

Барои таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт ҳангоми маҳдудият аз ронандагон дархост шудааст, ки аз роҳҳои кӯчаҳои ҳамшафат истифода кунанд.

Шойгу: “Русия ба Тоҷикистон ройгон муҳимот ва техникаи ҳарбӣ медиҳад”

Сергей Шойгу, вазири дифои Русия, гуфтааст, кишвараш барои муҷаҳҳаз кардани артиши Тоҷикистон иловатан силоҳу муҳиммоти ҷангӣ медиҳад.

Дафтари матбуоти Вазорати мудофиаи Русия эълон кард, ки Сергей Шойгу 28-уми июл бо ҳадафи иштирок дар Шӯрои вазирони дифои кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой вориди Душанбе шудааст. Ба иттилои манбаъ, «дар ҳошияи нишаст, ӯ бо Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон, дидору мулоқот дошт».

Дар ин суҳбат масъалаи пешгирӣ аз хатарҳои амниятии бархоста аз вазъи Афғонистон таъкид шудааст.

Шойгу дар ин мулоқот гуфтааст, бар замми омода кардани кадрҳои низомӣ, Русия барои тақвияти артиши Тоҷикистон ба таври ройгон силоҳу муҳиммоти ҷангӣ медиҳад. «Барои рафъи хатар аз Афғонистон, Русия омодааст, ба Тоҷикистон ҳамаҷониба ёрӣ кунад», — афзудааст ӯ.

Миллионҳо сомонии “Агроинвестбонк” дар дасти баъзе аз муштариёнаш мондааст

Оҷонси мубориза бо фасод дар Тоҷикистон мегӯяд, масъалаи ситондани қарзҳои додаи “Агроинвестбонк” аз баъзе муштариёнаш то ҳол ҳалли худро наёфтааст.

Сулаймон Султонзода, раиси Оҷонсӣ, 28-уми июл дар нишасти матбуотӣ гуфт, 27 ширкате, ки дар гузашта аз “Агроинвестбонк” қарз гирифта буданд, 223 миллион сомониро барқарор карда, 146 миллиони дигар мондааст. Ба иттилои ӯ, “баъзе аз намояндагони ширкатҳо пас аз пардохти қарзи бонкӣ, бо татбиқи қонуни афв, озод шуданд, вале чанде аз онҳо дар боздошт ҳастанд”.

Пештар масъулони Оҷонсӣ гуфта буданд, ки намояндагони ширкатҳо дар истифодаи ғайриҳадафмандонаи маблағҳои қарзии “Агроинвестбонк” даст доранд.

Вазири меҳнат: Боло бурдани синни нафақа дар кишвар ҳанӯз барвақт аст

Вазири меҳнат, муҳоҷиарт ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Ширин Амонзода пешниҳоди баланд бардоштани синни нафақа дар Тоҷикистонро ҳанӯз барвақт донист ва гуфт, ки ин аз ҳар ҷиҳат ба масоили демографии кишварҳо вобаст аст.

Ӯ зимни нишасти матбуотии ниҳоди зери роҳбариаш гуфт, ки баланд бардоштани синни нафақа хоси кишварҳое аст, ки аз лиҳози демографӣ танқисӣ мекашанд, зоиш нест, маргу мир зиёд аст ва дарозумрӣ ҳам дар он кишварҳо тӯлонитар аст.

Чанд рӯз пеш зимни нишасти матбуотӣ масъулини Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа гуфтанд, мехоҳанд, синни нафақаро барои мардон аз 63 ба 65 ва барои занон аз 60 ба 62 боло бардоранд ва яке аз ниҳодҳое, ки зидди ин тарҳ баромадааст Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ аст.

Амонзода гуфт, ки ин пешниҳод аз ҷониби мутахассисони Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, ки дар тобеияти вазорат аст, рад карда шуд.

Созишномаи нафақаи муҳоҷирони тоҷик дар Русия ниҳоӣ мешавад

Сарвазири Русия Михаил Мишустин ба сохторҳои дахлдор дастур дод, ки созишномаи марбут ба нафақаи муҳоҷиронро ба имзо расонанд. Тибқи санади нашргардида, Михаил Мишустин бо имзои фармон ба Вазорати меҳнат ва вазорат корҳои хориҷии Русия супориш додааст, ки барои имзои созишномаи нафақа бо Тоҷикистон гуфтушунид кунанд. Бар пояи қарордод, ҳар ду ҷониб ҳаҷми нафақапулиро барои муҳоҷирон вобаста ба андози иҷтимоие, ки дар давоми солҳои корӣ дар ин кишварҳо супоридаанд, таъйин хоҳанд кард. Дар бораи ниҳоӣ шудани тарҳи миёни Тоҷикистону Русия оиди пардохти нафақаи муҳоҷирон ҳафтаи гузашта раиси Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон низ иттилоъ дода буд. Феълан ҷузъиёти дигари ин созишнома ва ҳам шартушурути таъйини нафақа ва ҳаҷми он дар даст нест.

Қарзи “Барқи тоҷик” дар назди нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” ба 1,1 млрд сомонӣ расидааст

Қарзи ширкати “Барқи тоҷик” дар назди нерӯгоҳи “Сангтӯда -1” дар ним соли ҷорӣ 279 миллион сомонӣ бештар шудааст. Маъмурияти нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” рӯзи 27-уми июл бо нашри як изҳорот гуфт, ширкати “Барқи тоҷик” ҳамагӣ 33 дарсади пули барқи тавлидкардаи ин нерӯгоҳро пардохт мекунад. Аз ин рӯ, қарзи ширкати “Барқи тоҷик” дар назди нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” дар ним соли равон боз ҳам 297 миллион сомонӣ афзоиш ёфта, дар маҷмӯъ ба 1 миллиарду 89 миллион сомонӣ расидааст.

Тавре аз ҷадвали нашркардаи маъмурият бармеояд, нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” бо камтар аз нисф ва ё 42,2 дарсади иқтидораш кор мекунад. Нисфи зиёде аз тавоноии ин нерӯгоҳ истифода намешавад, дар ҳоле, ки сокинони Тоҷикистон аз камбуди нерӯи барқ ҳатто дар тобистон ранҷ мебаранд. Ҳафтае қабл сокинони ноҳияҳои Суғди Тоҷикистон қатъ шудани интиқоли нерӯи барқ ба хонаҳояшон шикоят карда буданд.

“1700 маҳбусро аз Душанбе ба Ваҳдат бурданд”

1700 маҳбусро аз зиндони рақами як дар маркази Душанбе ба маҳбаси нав дар шаҳри Ваҳдат кӯчондаанд. Як намояндаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноӣ (Идораи зиндонҳо) 27-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфтааст, «онҳо рӯзи якшанбеи гузашта, 25-уми июл, ҷобаҷо шуданд.»

«Шароити маҳбаси нав беҳтар аст. Агар дар маҳбаси аввал дар як утоқ то 80 нафар нигоҳ дошта мешуданд, дар ҳуҷраҳои маҳбаси нав 10-нафарӣ нигаҳдорӣ мешаванд. Шароити хобу ошхонаву муҳити дигар низ беҳтар аст», — илова кард ӯ.

Маҳбаси нав дар канори роҳи Душанбе – Ваҳдат, дар 15 километрии маркази пойтахт, ҷойгир аст, вале хабарнигорону намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ онро надидаанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend