Артиши Тоҷикистон дар раддабандӣ 21 зина поён рафт.

Ҳангоми ҳамла аз Афғонистон, мардони аз 18 то 40 солаи тоҷик ба марз сафарбар мешаванд. Онҳо киҳоянд?

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 5-уми июл дар ҷаласаи изтирории Шӯрои Амният дастур дод, ки 20 000 нафар низомиёни эҳтиётиро барои тақвияти ҳифзи марзи давлатӣ бо Афғонистон сафарбар намоянд. Your.tj муайян кард, кадом низомиёни эҳтиётӣ ба марз фиристода мешаванд.

Даргириҳои шадиди нерӯҳои давлатии Афғонистон ва Толибон (ҳаркати мамнӯъ дар Тоҷикистон) чанд ҳафта аст, ки дар чаҳор минтақаи марзии ин кишвар идома доранд.

Мақомоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) навореро нашр карданд, ки дар он гуфта мешавад, ки пас аз ҳамлаи Толибон беш аз 400 нафар шаҳрвандони Афғонистон ба Тоҷикистон фирор карданд. Дар видео дида мешавад, ки чӣ гуна гурезагони дар минтақаи марзӣ қарор доштаро ба мошинҳо савор мекунанд.

Маркази матбуотии маъмурияти ин вилоят хабар додааст, ки байни гурезагон занон, кӯдакон ва пиронсолон низ ҳастанд. Тибқи иттилои мақомоти Тоҷикистон, то замони интиқол ба ҷойи амн, гурезагонр се рӯз дар маҳаллаи Темии шаҳри Хоруғ будаанд. Дар ҳамин ҳол мақомот ба хотири амнияти гурезаҳо ҷойи интиқоли онҳоро хабар надоданд.

Моҳҳои охир Толибон амалиётҳои худро дар минтақаҳои наздисарҳадӣ бо Тоҷикистон тақвият бахшида, 70% сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро таҳти назорат гирифтанд.

Ба ҷуз паноҳандагон, тақрибан 2000 нерӯи амниятии афғон низ пас аз ҳамлаи Толибон мавқеъҳои худро тарк карда ба Тоҷикистон гузаштанд. Мақомоти Афғонистон гуфтанд, ки ҳамаи ин сарбозон ду рӯз пеш ба Афғонистон интиқол шуданд.

Дар робита ба шиддат ёфтани вазъ дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон, рӯзи 5-уми июл дар Душанбе, дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти кишвар масъалаи таъмини амният дар минтақаҳои наздимарзӣ ва андешидани чораҳо барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ баррасӣ карда шуд.

Президент Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки ҷиҳати ҳифзи сарҳади давлатӣ иқтидори муҳофизатии сарҳад пурзур карда шуда, ба минтақаҳои зарурӣ қувваҳои иловагии низомӣ равона гардад. Ҳамчунин ҷиҳати боз ҳам мустаҳкам кардани сарҳади Тоҷикистону Афғонистон 20 ҳазор нафар низомиёни эҳтиётиро сафарбар намоянд.

Низомиёни эҳтиётии аз 18 то 40 сола

Дар вазорати мудофиаи кишвар ба Your.tj гуфтанд, ки онҳо низомиёни эҳтиётиро аз саросари Тоҷикистон ҷамъ нахоҳанд кард, дар чунин ҳолатҳо аввалан мардони  аз 18 – 40 солаи наздисарҳадӣ ҷалб карда мешаванд.

Марзи Тоҷикистон бо Афғонистон аз минтақаи Шаҳритузи вилояти Хатлон то ноҳияи Мурғоби ВМКБ мегузарад ва ин маънои онро дорад, ки аскарони эҳтиётӣ аз ин вилоятҳо сафарбар мешаванд.

“Сафарбарӣ ба сафи қувваҳои мусаллаҳ маънои онро дорад, ки мардони дар артиш хидматкарда ва ба ҳайати эҳтиётӣ фиристодашуда бояд ба ҳамлаи ногаҳонӣ омода бошанд,пеш аз ҳама онҳо дар ҳифзи қаламрави минтақаи худ ширкат хоҳанд кард.

Даъвати пешакии аскарони эҳтиётӣ дар сурати ҳамлаи ногаҳонӣ, кори раиси ноҳия ё ҷамоатро осон мегардонад. Онҳо то расидани нерӯҳои асосӣ минтақаи худро муҳофизат хоҳанд кард”, – гуфт намояндаи Вазорати мудофиа.

Тавре дар вазорати мудофиа гуфтанд, барои ҳифзи сарҳад дар ҷабҳаи аввал марзбонон меистанд, нерӯҳои дифоӣ бошанд дар ҷабҳаи дуввум, ки барои расида омадани онҳо ба ҷойи ҳодиса вақт лозим аст.

“Дар ҳоле ки нерӯҳои асосӣ дар роҳанд, марзбонон ва низомиёни эҳтиётии маҳаллӣ аз минтақаҳои наздимарзӣ бояд дар сурати ҳамла душманро дар хатти марз нигоҳ доранд. Ин мудофиаи ҳудудӣ аст”, – шарҳ доданд, дар Вазорати мудофиа.

Намояндагони вазорат инчунин изҳор доштанд, ки “азбаски онҳое, ки дар артиш хидмат накардаанд ва қувваҳои эҳтиётӣ мансубанд, асосан донишҷӯёни донишгоҳҳо, пас дар сурати зарурӣ ҳангоми сафарбаркунӣ барои онҳо тайёрии ҳарбӣ гузаронида мешавад.”

“Раванд одатан чунин аст: раисони шаҳру ноҳияҳои минтақаҳои наздимарзӣ рӯйхатеро пеш мебаранд, ки дар онҳо ҳамаи мардони аз 18 то 40 сола ворид карда мешаванд. Онҳое, ки дар артиш хидмат кардаанд, ба рӯйхати алоҳида дохил карда мешаванд, ки он ҷо аз рӯйи ихтисос тақсим карда мешаванд. Барои онҳо машқҳои алоҳида ташкил мешаванд, то ки имкониятҳояшонро арзёбӣ кунанд. Одатан тартиб додани рӯйхатҳо 10-15 рӯзро талаб мекунанд, вақте масоҳат зиёд бошд боз бештар вақт лозим мешавад”, – гуфтанд, дар вазорат.

Ҳамзамон, дар вазорат гуфтанд, ки сафарбар кардани низомиёни эҳтиётӣ маънои онро надорад, ки ҳамаи 20 ҳазор нафар ҷамъ оварда шуда, фавран ба марз бо Афғонистон равона карда мешаванд.

Ба гуфтаи онҳо, ҳадаф аз ин гуфтаҳо, омода кардани сокинони маҳаллӣ ба ҳуҷуми ногаҳонӣ аст, то онҳо дар сурати бонги хатар омода бошанд.

Дар Хатлон аллакай тамринҳо баргузор шуданд

Дар робита ба шиддат гирифтани вазъ дар минтақаҳои наздисарҳадии Афғонистон, моҳи апрели соли равон дар ҳудуди се полигони ҳарбии гарнизони Хатлон – “Сумбулак”, “Ҳомиён” ва “Ҳарбмайдон машқҳои густурдаи низомӣ баргузор шуданд.

Онҳо бо мақсади санҷиши амалии иҷрои супоришҳои ҷангӣ дар ҳудуди 25 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон ва се полигонҳои ҳарбӣ бо ҷалби сохторҳои мақомоти давлативу қудратии Хатлон ва ҷузъу томҳои қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистону Россия баргузор шуданд.

Инҳо машқҳои ҳудудии мудофиа, дарсҳои омодагии сафарбарӣ ва маҷмӯи машқҳои муштараки оперативӣ-стратегӣ буданд.

“Дар ин машқҳо 9 ҳазор хизматчии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва зиёда аз 40,3 ҳазор захираҳои сафарбаркунӣ, қувваҳо ва воситаҳои мудофиаи ҳудудӣ ба машқҳои муштараки ҳарбии васеъ ҷалб карда шуданд.

Инчунин, дар ҳамоҳангсозӣ ва санҷиши амалии супоришҳои ҷангӣ дар машқҳои ҳарбӣ беш аз 1700 нафар хизматчиёни Пойгоҳи низомии 201-и Вазорати мудофиаи Русия ширкат варзиданд », – гуфта буд Фаридун Маҳмадализода, сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон.

Skip to toolbar