“Ҳангоми аксбардорӣ ғарқ шуд”. Ҷустуҷӯи ҷасади навраси 15-сола дар дарёи Вахш

Дар шаҳри Левакант писарбачаи 15-солаи сокини Душанбе ҳангоми аксбардорӣ дар канали “Сталин” ба об сарозер шудааст.

Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон хабар дод, ки ҳодиса рӯзи 17-уми сентябр, тахминан соати 16:30 рух додааст. Ба иттилои манбаъ, ноболиғ, сокини ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, ба меҳмонӣ омада будааст.

Ӯ баъди сарозер шудан ба канал аз дохили лӯлаи интиқоли об гузашта, ба дарёи Вахш афтодааст. Бо вуҷуди талоши имдодгарон, ҷустуҷӯи ҷасади ғарқшуда то ҳол натиҷа надодааст.

Кумита аз падару модарон даъват кардааст, ки фарзандони ноболиғи худро танҳо дар соҳили обҳо нагузоранд, зеро беэҳтиётӣ метавонад ба фоҷиа оварда расонад.

Skip to toolbar