Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 16:5419.09.2025
Дар шаҳри Левакант писарбачаи 15-солаи сокини Душанбе ҳангоми аксбардорӣ дар канали "Сталин" ба об сарозер шудааст.
Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон хабар дод, ки ҳодиса рӯзи 17-уми сентябр, тахминан соати 16:30 рух додааст. Ба иттилои манбаъ, ноболиғ, сокини ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, ба меҳмонӣ омада будааст.
Ӯ баъди сарозер шудан ба канал аз дохили лӯлаи интиқоли об гузашта, ба дарёи Вахш афтодааст. Бо вуҷуди талоши имдодгарон, ҷустуҷӯи ҷасади ғарқшуда то ҳол натиҷа надодааст.
Кумита аз падару модарон даъват кардааст, ки фарзандони ноболиғи худро танҳо дар соҳили обҳо нагузоранд, зеро беэҳтиётӣ метавонад ба фоҷиа оварда расонад.
Читайте также
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
1 дня назад
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
4 дня назад
Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?
4 дня назад
"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад
5 дня назад
Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст
7 дня назад