Маҳдудияти барқ дар Тоҷикистон

“Ҳангома насозед, барқро сарфа кунед”. Масъули “Барқи тоҷик” чӣ гуфт

Нозир Ёдгорӣ, як масъули дафтари матбуоти ширкати “Барқи тоҷик” бо нашри як матлаб дар рӯзномаи  “Ҷумҳурият” сабабҳои “лимит”-и барқ, шартномаи фурӯши барқ ба Афғонистон, сохтмони нерӯгоҳҳо ва роҳҳои “истифодаи сарфакоронаи барқ”-ро шарҳ додааст.

“Дар зимистон об кам мешавад”

Ба навиштаи ӯ, сабаби ҷорӣ гардидани “лимит”-и барқ дар кишвар дар ин аст, ки ҳар сол дар фасли зимистон маҷрои оби нерӯгоҳҳо кам мешавад.

Ёдгорӣ мегӯяд, дар фасли зимистон захираи асосии гидроэнергетикии Тоҷикистон – обанбори нерӯгоҳи “Норак”боқӣ мемонад ва “лозим меояд, ки аз ҳисоби ҳамин захира барқ истеҳсол намоем”.

Нозир Ёдгорӣ, акс аз саҳифаи фейсбуки ӯ.

Ба гуфтаи Нозир Ёдгорӣ, аз рӯйи омор ба обанбори Норак дар тобистон дар ҳар сония то 2000 мукааб метр об ҷорӣ мешавад, аммо дар давраи зимистон воридоти об то ба 100 – 150 мукааб метр сония кам мешавад.

Тибқи ҳисоботи оморие, ки ин масъули “Барқи тоҷик” пешниҳод кардааст, дар фаслҳои гармо ва серобии дарё ба обанбори Норак дар ҳар сония то 2000 мукааб метр об ҷорӣ мешавад ва дар давраи зимистон воридоти об то ба 100-150 мукааб метр сония кам мешавад.

Барои пурра кор кардани НБО “Норак” то 1200 мукааб метр сония об зарур аст, лозим меояд аз оби захиравӣ, яъне обанбор истифода бурд, менависад ӯ.

“Дар ин давра ҳар сантиметр об дар ҳисоб аст, чунки аз нуқтаи 910 метр то нуқтаи 857 метр, ки сатҳи фоиданок ба шумор меравад, ҳамагӣ 53 метр захираи об дорем ва фақат аз рӯи ҳисоби дақиқ, сарфакоронаву мақсаднок истифода бурдани он имконият медиҳад, ки аҳолӣ ва иқтисодиёти худро то баҳор бо барқ таъмин намоем”, – афзудааст Ёдгорӣ.

НБО Норак. Акс: АМИТ “Ховар”

“Талабот зиёд шудааст”

Саволи “чаро неругоҳҳои хурду бузург сохта шуданду маҳдудият боқӣ мондааст?”-ро низ шарҳ дода навиштааст, ки бо зиёд шудани теъдоди аҳолии Тоҷикистон талабот ба барқ низ афзудааст.

“Агар дар ҷумҳурӣ то соли 1991 ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият дошта бошад, ҳоло дар кишвар беш аз 3000 корхонаи саноатӣ бо 54 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият менамояд”,- таъкид кардааст Ёдгорӣ.

Ёдгорӣ навиштааст, ки аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон “барои таъмиру таҷдиди низоми энергетикии кишвар 85,7 миллиард сомонӣ равона гардидааст.

“Низоме, ки дар 75 соли замони гузашта муҳлати истифодаи аксари таҷҳизоти он қариб, ки ба анҷом расида буд, таҷдиду навсозӣ шуд. Агар мо ин корро намекардем, шояд имрӯз умуман бе барқ мемондем”, – гуфтааст ӯ.

“Ба Афғонистон дар тобистон барқ мефурӯшем”

Нозир Ёдгорӣ интиқоли барқ ба Афғонистонро тасдиқ карда гуфтааст, дуруст аст, ки “мо бо Ширкати “Брешно” барои ба Афғонистон интиқол додани барқ шартнома дорем, вале ин шартнома аз моҳи май то моҳи сентябрро фаро мегирад ва ҳангоми оғози маҳдудият, барқи мо пурра дар дохили кишвар истифода мешавад”.

Шартнома миёни Тоҷикистон ва Афғонистон дар бораи интиқоли барқ соли 2008 имзо шудааст ва то соли 2028 амал мекунад. Охири ҳар сол ҷонибҳо барои соли минбаъда протоколи иловагӣ имзо мекунанд, ки дар он ҳаҷми интиқоли барқ ва нархи он муайян карда мешавад.

Имзои қарордоди фурӯши барқ ба Афғонистон байни роҳбарони ширкати “Барқи тоҷик” ва “Брешно”

Имсол барои соли 2025 “Барқи тоҷик” ва “Брешно” ин қарордодро дар Туркия имзо кардаанд.

“Барқро сарфа кунед”

Ба гуфтаи Нозир Ёдгорӣ сарфаи барқ метавонад дар таъмини аҳолӣ муассир бошад, ва аҳолӣ бояд дар замони маҳдудияти барқ дар хона ва корхонаҳои худ “маҳдудият”-и худиро ворид ва риоя намоянд.

“Агар ҳар муштарӣ дар зимистон дар як шабонарӯз 1 киловат нерӯи барқ сарф намояд, дар як рӯз баробар мешавад ба 1 800 000 киловатт соат. Бо ин миқдор барқ, масалан шаҳри Кӯлоб ё Бохтар метавонад як шабонарӯз бо барқ таъмин шавад”,- таъкид кардааст ӯ.

Омили дигари беҳдошти таъминоти барқро Ёдгорӣ дар пардохти пурра ва саривақтии маблағи барқи истифодашуда гуфтааст.

“Барқ маҳсулот аст, барои он ки ин маҳсулот такроран истеҳсол гардад ва мо ба он таъмин бошем, бояд ҳаққи онро, ки насия дода мешавад, пардохт намоем”, – таъкид кардааст ӯ.

Дар Тоҷикистон  аз 22-юми сентябр маҳдудият ё “лимит”-и барқ расман ҷорӣ шудааст. Ширкати “Барқи тоҷик” гуфт, сабаби ин камбуди об ва афзоиши талаботи аҳолӣ ба барқ аст. Сокинони баъзе манотиқи кишвар аз он шикоят доранд, ки реҷаи маҳдуди интиқоли барқ, ки аз ҷониби “Барқи тоҷик” муқаррар шудааст, на ҳамеша риоя мешаванд.

Skip to toolbar