fbpx

Андаке қимат шудааст. Маркази миллии тестӣ нархи бақайдгирии довталабонро эълон кард

Бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) - 2024 аз 1-уми март оғоз гардид.


1
1 point
Довталабон дар Тоҷикистон кам мешаванд
Акс аз "Спутник Таджикистан"

Маркази миллии тестӣ (ММТ) дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ нархи бақайдгирии довталабонро барои иштирок дар имтиҳонҳои дохилшавӣ дар соли 2024 эълон кард.

Дар Тоҷикистон давраи асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) – 2024 аз 1-уми март оғоз гардид.

Ҳамин тариқ, арзиши хидматрасонӣ барои шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (хатмкунандагони синфи 11), ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ 330 сомонӣ (соли 2023 – 300 сомонӣ буд) ва барои довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (хатмкунандагони синфи 9) бошад, 230 сомонӣ (соли 2023 – 210 сомонӣ буд) муқаррар шудааст.

Дар ҳолати тағйир додани интихоб ихтисос дар давраи асосӣ, барои азнавбақайдгирӣ довталаб бояд 30 сомонӣ (соли 2023 – 25 сомонӣ буд) пардохт кунад.

Дар соли 2023 низ арзиши хидматрасониҳои ММТ нисбат ба соли 2022 аз 30 то 60 сомонӣ боло рафта буд.

Мувофиқи маълумоти ММТ, имсол гурӯҳи довталабони дар пардохти маблағи хидматрасонӣ имтиёздошта, зиёд гардид.

Шахсоне, ки барои пардохти маблағи хидматрасонӣ имтиёз доранд:

  • шахсони то 22-сола, ки ятими кул ё бепарасторанд, кӯдакони маъюб ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки яке аз волидонаш вафот кардаанд, падар ё модари танҳо ё маъюб доранд, аз пардохти маблағ пурра озоданд;
  • кӯдакони маъюб ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, шахсони то 22-сола, ки нимятиманд ё падар ё модарашон маъюби гурӯҳи I ё II мебошад, аз пардохти  50 % маблағ озоданд.

Маблағи муайяншударо довталаб бояд тавассути БДА “Амонатбонк” ё барномаи мобилии “Амонат мобайл” пардохт намуда, расидро бо дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба ММТ пешниҳод кунад.

Маълумоти пурраро дар бораи бақайдгирӣ аз дастури иттилоотию методии Роҳнамои довталаб”, ки шакли чопии онро ММТ ба муассисаҳои таълимӣ ройгон дастрас карда, гунаи электронияшро дар сомонаи худ ҷой додааст, пайдо кардан мумкин аст.

Давраи асосии бақайдгирии довталабон то 30-юми апрел давом мекунад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
2
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
2
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend