fbpx

Анҷоми маҳдудияти барқ аниқ нест. Президент ба фармони даъвати баҳорӣ имзо кард

Мухтасари хабарҳои рӯз.


1
1 point
Маҳдудияти барқ дар Тоҷикистон
Акс аз интернет

Арзиши бақайдгирии довталабон дар Маркази миллии тестӣ боло рафт

Маркази миллии тестӣ арзиши хидматрасониро барои довталабон имсол боло бурдааст. Ин қарор дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон ба амал омадааст. Ҳамин тариқ, хатмкунандагони синфи 11 барои дохилшавӣ ба донишгоҳ 60 сомонӣ ва хатмкунандагони синф 9 – ум 30 сомонӣ бештар нисбат ба соли гузашта маблағ месупоранд.

Донишҷӯёни тоҷик

Ба иттилои ин ниҳод акнун арзиши хизматрасонӣ барои хатмкунандагони синфҳои 11-ум 300 сомонӣ (соли 2021-ум 240 сомонӣ) ва хатмкунандагони синфи 9-ум 210 сомонӣ (соли 2021-ум 180 сомонӣ) муқарар шудааст.

Манбаъ менависад, ки арзиши хидматрасонӣ бо назардошти хароҷоти ташкил ва гузаронидани имтиҳонҳо муқаррар карда мешавад.

Арзиш барои марҳилаи асосии азнавбақайдгирӣ ҷиҳати иваз кардани интихобҳои аввал тағйир наёфтааст ва мисли соли 2021-ум 25 сомонӣ мебошад.

Довталабон маблағи дахлдорро дар яке аз марказҳои хизматрасонӣ ё филиалҳои “Амонатбонк” ё тавассути барномаи мобилии “Амонат мобайл” пешакӣ пардохт карда, рақами расиди пардохтро бо ҳуҷҷатҳои дигари зарурӣ ба бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣ пешниҳод намоянд.

Маълумоти муфассалро дар бораи бақайдгирӣ аз дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб”, ки шакли чопии онро Марказ ба муассисаҳои таълимӣ ройгон дастрас гардонида, инчунин шакли электронияш дар сомонаи Марказ ҷой дода шудааст, пайдо кардан мумкин аст.

Бояд гуфт, ки рӯйхати муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбие, ки дар заминаи онҳо барои бақайдгирии довталабон ҷиҳати иштирок дар ИМД-2023 нуқтаҳои бақайдгирӣ ташкил карда шудаанд, дар сомонаи Марказ ҷой дода шудааст.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз, 1-уми март, дар Тоҷикистон марҳилаи асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар соли 2023 (ИМД-2023) оғоз гардид.

Анҷоми маҳдудияти барқ аниқ нест

“Лимит” – и барқ бо омадани баҳор ҳам дақиқ нест кай аз байн меравад. Гарчанде қаблан масъулин гуфта буданд, “бо гарм шудани ҳаво ва афзоиши ҷараёни об маҳдудияти барқ лағв мегардад”.

Шамъ дар торикӣ
“Лимит”-и барқ давом меёбад

Ҳатто эҳтимол аст қисме аз аҳолии кишвар то Наврӯз бебарқ монанд, хабар додааст Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи “Барқи тоҷик”, имрӯз, 1-уми март, дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс”.

Ба гуфтаи ӯ, маҳдудияти интиқоли барқ дар Тоҷикистон замоне бартараф мешавад, ки ҳаҷми об дар дарёи Вахш боло равад ва тавлиди нерӯи барқ талаботро қонеъ кунад.

“Ҳоло маълум нест, ки то ҷашни Наврӯз маҳдудияти интиқоли барқ дар Тоҷикистон бардошта мешавад ва ё на”, – гуфт Нозирҷон Ёдгорӣ.

Ин дар ҳолест, ки қаблан, Муҳаммадумар Асозода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” зимни нишасти матбуотии рӯзи 16-уми феврал гуфта буд, “бо гарм шудани ҳаво ва афзоиши ҷараёни об маҳдудияти барқ лағв мегардад”.

Бояд гуфт, имсол расман аз 1-уми феврали соли равон, ба гуфтаи “Барқи тоҷик”, “бо мақсади пешгирӣ кардани норасоии нерӯи барқ ва пайомадҳои манфии он” дар кишвар маҳдудияти барқ ҷорӣ карда шуд.

Ин ширкат бо такя ба таҳлили мутахассисонаш он вақт навишт, ки вазъ ташвишовар аст ва “дар сурати наандешидани чораҳои иловагӣ барои рафъи мушкилот дар аввалҳои моҳи март норасоии неруи барқ шиддат гирифта, ба фаъолияти иқтисоди мамлакат ва зиндагии рӯзмарраи аҳолӣ таъсири калони манфӣ мерасонад”.

Новобаста аз ин, аҳолии кишвар аз нимаи дуввуми моҳи октябри соли 2022 аз маҳдудияти нерӯи барқ шикоят мекарданд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки соли 2022 истеҳсоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон наздики 21,5 млрд.кВт соатро ташкил дод, ки ин баландтарин нишондиҳанда дар кишвар маҳсуб меёбад. Тавлидоти барқ дар қиёс бо соли пешин наздики 800 млн.кВт соат зиёд мебошад.

Президент ба фармони даъвати баҳорӣ имзо кард

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, имрӯз, 1 март фармон дар бораи ба захираи эҳтиётӣ фиристодани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраршудаи хидматро адо кардаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ имзо кардааст.

Маъракаи даъвату гусели шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар ду мавсим баргузор мегардад.
Акс аз бойгонии сомонаи “Азия-Плюс”

Тибқи ин фармон даъвати баҳорӣ аз моҳи апрел оғоз шуда, то охири моҳи май идома хоҳад кард.

“Дар моҳҳои апрел-майи соли 2023 шаҳрвандони мард, ки то рӯзи даъват ба синни 18 расидаанд, инчунин шаҳрвандони калонсол, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтан ё озод шудан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, ба хизмати ҳарбӣ даъват карда шаванд”,- гуфта мешавад дар фармон.

Ба Вазорати мудофиа, раисони комиссияҳои даъвати вилоятҳо, ноҳияҳо ва шаҳрҳо супориш дода шуд, ки шаҳрвандонро бо роҳи интихоби дақиқи наваскарон, бо назардошти хусусияти хизмат дар қисмҳои гуногун ва дар навбати аввал қабул кардани онҳо ба хизмати ҳарбӣ гиранд.

Ба Вазорати фарҳанг ва воҳидҳои сохтории он супориш дода шуд, ки масъалаҳои ташкилу гузаронидани даъват ва хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳуриро инъикос намояд. Вазорати тандурустӣ вазифадор карда шуд, ки табибону мутахассисони ботаҷрибаро барои назорат ва муоинаи тиббии даъватшавандагон сафарбар намояд..

Ҳашт рӯзи истироҳат ба тоҷикистониён дар иди Наврӯз

Рӯзҳои иди Наврӯз шаҳрвандони Тоҷикистон пайиҳам 8 рӯз истироҳат мекунанд.

Тавре ки аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон хабар доданд, қарор шудааст, ки рӯзи кории душанбе, 20 март ба рӯзи шанбе, 18 март гузаронида шавад.

Ҷашни Наврӯз дар Бадахшон

“Аз ин рӯ, 18 март рӯзи корӣ эълон шуда, рӯзҳои аз 19 то 26 март ба муносибати ҷашни Наврӯз рӯзҳои истироҳат эълон карда мешаванд. Ҳафтаи нави корӣ рӯзи 27 март оғоз мегардад”, – гуфтанд дар Федератсия.

Ба ин тариқ, дар ҷашни Наврӯз тоҷикистониён 8 рӯз пайиҳам – 19, 20, 21, 22, 23, 24, 25 ва 26 март истироҳат мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, тавре аз Вазорати маорифи ҷумҳурӣ хабар доданд, имсол рӯзҳои таътили баҳорӣ барои мактабхонҳо кам карда мешавад.

Хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз 20 то 26 март ба таътил баромада, рӯзи 27 март дарсҳо оғоз мешаванд.

Қаблан таътили баҳории мактабхонҳо 10 рӯз буд ва то 1 апрел давом мекард.

Дар Вазорати маориф зикр карданд, ки ин қарор бо сабаби то 20 январ дароз шудани таътили зимистонаи макатабхонҳо қабул шудааст.

Он замон зикр гардида буд, ки соатҳои дарсии дар давоми таътили моҳи январ иҷронашуда тибқи ҷадвали алоҳидаи тасдиқгардидаи дарси иловагӣ дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2022-2023 аз ҳисоби таътили баҳорӣ ва тобистона ҷуброн карда мешавад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend