Амрҳои президент дар бораи тағйироти нави кадрӣ дар Дастгоҳи иҷроияи Президент ва ду вазорат

Як нафар муовини аввал ва се нафар муовинони вазир таъйин гардиданд.


Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон

Акси марбута аз интернет.

Солеҳзода Умед Абдулло бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 2 – юми март, аз вазифаи муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд.

Сомонаи расмии президенти Тоҷикистон дар ин бора хабар дод.

Бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Исоҷон Ятим аз вазифаи сардори раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуда, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Ҳамчунин, Сафарзода Бахтиёр Хайрулло ва Назар Азиз Савзалӣ муовинони вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.

Бо қарори дигари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Бо амри дигари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Суҳайлӣ Кароматулло сардори раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.