logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Ҳамоиши “Модари қаҳрамон” дар Душанбе

Ин ҳамоиш бо мақсади арҷгузорӣ ба саҳми модарон дар тарбияи фарзандон ва комёбиҳои онҳо дар бахшҳои гуногун доир гардид.

Your tj

16:3112.06.2025

Ҳамоиши “Модари қаҳрамон” дар Душанбе

Имрӯз, 12 июн дар маҷмааи “Комюнити”-и шаҳри Душанбе бо ташаббуси Фонди хайриявии “Музаффар” таҳти унвони “Модари қаҳрамон” ҳамоиши вижае баргузор гардид.

Чорабинӣ ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, инчунин Кумитаи кор бо занон ва оила ташкил гардид.

Бори аввал, дар ин ҳамоиш модарони ҷавонони муваффақ, аз ҷумла варзишгарон, олимон, санъаткорон ва чеҳраҳое, ки Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ кардаанд, гирд омаданд.

Дар миёни иштирокчиён инчунин модарони варзишгарони дорои маъюбият ҳузур доштанд, ки фарзандонашон парчами кишварро дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ баланд бардоштаанд.

Ин ҳамоиш бо мақсади арҷгузорӣ ба саҳми модарон дар тарбияи фарзандон ва комёбиҳои онҳо дар бахшҳои гуногун доир гардид.

Фонди “Музаффар” баргузории чунин чорабиниҳоро ҷузъи фаъолияти фарҳангиву иҷтимоии худ қарор дода, тавассути онҳо ба таблиғи тарзи ҳаёти солим, арзишҳои миллӣ ва муаррифии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат мекунад.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд

9 часов назад

Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд

9 часов назад

Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?

2 дня назад

Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?

3 дня назад

Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад

3 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ