Қамчибек Тошиев: тафсилоти мувофиқаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон моҳи январ маълум хоҳад шуд

Раиси КДАМ Қирғизистон Қамчибек Тошиев изҳор дошт, ки тафсилоти марзи Тоҷикистону Қирғизистон моҳи январ маълум хоҳад шуд, хабар медиҳад АКИРгеѕѕ.

“Ҳоло мо ҷузъиёти созишномаҳои бо ҷониби Тоҷикистон бадастомадаро ошкор карда наметавонем.

Дар айни замон, ин ҳуҷҷатҳо ба таври қонунӣ ба расмият дароварда мешаванд. Умедворам, ки дар моҳи январ ба парлумон пешниҳод мекунем ва дар он ҷо аллакай ошкоро муҳокима хоҳем кард. Он гоҳ дақиқ маълум хоҳад шуд, ки мо кадом минтақаҳоро чӣ гуна тақсим кардем”,- гуфт ӯ.

Ба гуфтаи Тошиев, муҳимтар аз ҳама, Қирғизистон ва Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд, забони умумӣ пайдо карданд, мушкилоти сарҳадро бо роҳи дипломатӣ ҳал карданд.

“Мушкилоти сарҳадӣ ҳал нашуда буданд, аз ин сабаб низоъҳои зиёд, мушкилоти зиёд буданд. Ман фикр мекунам, ки ин ҳама паси сар шуд”,- гуфт ӯ.

Қаблан президенти Қирғизистон Содир Жапаров дар мусоҳиба бо нашрияи давлатии Қирғизистон гуфта буд, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон минтақаҳои баҳсбарангези сарҳадро тақсим карданд.

“Метавон гуфт, ки мо ҳатто дар минтақаҳои баҳсбарангез забони умумӣ пайдо кардем. Минтақаҳое, ки муддати зиёд сабаби муноқиша буданд, баробар – 50/50 тақсим карда шуданд.

Баъзе қитъаҳо бо шартҳои баробар иваз карда шуданд. Ҳоло корҳо оид ба ҳуҷҷатгузорӣ ба анҷом мерасанд”,- гуфт Жапаров.

Skip to toolbar