Ҳамарӯза зиёда аз 400 нафар тоҷикон ба “рус” мубаддал шуда истодаанд

Ҳамарӯза ба ҳисоби миёна 410 тоҷикистонӣ ба “рус” мубаддал мешаванд.


Акс аз сомонаи Ведомости

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ Русия ба зиёда аз 74 ҳазор нафар тоҷикистониён шаҳрвандии Русияро додааст. Ин назар ба ҳамин давараи соли гузашта 30 ҳазор нафар зиёд мебошад.  

Бино ба маълумоти Вазорати умури дохилии Русия, дар шаш моҳи соли 2022 шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба шиносномаи Русия соҳиб шудаанд ба 74 ҳазору 162 нафар баробар аст. Дар ҳамин давраи соли гузашта 44 ҳазору 196 нафар зодагони Тоҷикистон шаҳрвандии ин кишварро гирифта буданд.

Агар ин теъдодро, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, ба соли тақвимӣ тақсим кунем, ҳамарӯза ба ҳисоби миёна 410 тоҷикистонӣ ба “рус” мубаддал мешаванд.

Ҳамчунин тибқи ҳисоботи ВКД Русия, 51 ҳазору 463 нафар шаҳрванди Тоҷикистон Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) дар ин кишварро гирифтаанд. Ин маънои онро дорад, ки ба наздикӣ онҳо ҳам эҳтимол шаҳрванди Русия шаванд. Боз 24 ҳазору 698 тоҷикистонӣ Иҷозаи зисти муваққатӣ (РВП) дар Русияро гирифтаанд, ки қадами аввал ба соҳиб шудани шаҳрвандии Русия мебошад.

Тибқи маълумоти омории ин ниҳоди Русия, то имрӯз 2 миллиону 156 ҳазору 25 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия сабти ном шудаанд, ки 1 миллиону 774 ҳазору 034 нафарашон барои дарёфти кор ба Русия омадаанд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2021-ум 103 ҳазору 681 шаҳрванди Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро қабул карда буданд.