КҲФ Тоҷикистон ду амалиёти ҷустуҷӯиро барои наҷоти кӯҳнавардони хориҷие, оғоз кард, ки ҳангоми фатҳи қуллаҳо дар Лахш ва ВМКБ ба мушкил рӯбарӯ шудаанд.
Гуфта мешавад, 19 июл соати 11:14 дақиқаи вақти маҳаллӣ хабар расид, ки шаҳрванди Белорус Д. Граковичи 37-сола ҳангоми фатҳи қуллаи кӯҳ аз баландӣ сарозер шуда, қабурғааш шикастааст.
Гурӯҳи наҷотдиҳандагон фавран бо воситаи чархболи Вазорати мудофиа дар қуллаи “Москвина”-и ноҳияи Лахш равон шуданд.
“Аз сабаби мавҷуд набудани ҷойи нишаст барои чархбол имдодгарон аз он поён шуданд ва пои пиёда 6 километр роҳро тай намуда, кӯҳгардро пайдо карданд”,- омадааст дар хабар.
Ба кӯҳнавард ёрии тиббии аввал расонида шуда, аз сабаби фаро расидани шаб ва мушкилгузару хатарнок будани мавзеъ интиқоли осебдидаро ба рӯзи 21-уми июл мавқуф гузоштанд, менависад манбаъ.
20-уми июл соати 15:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ тибқи хабари дигар ду гардишгар – шаҳрвандони Британияи Кабир Майкл Алани 67-сола ва Симон Андреви 60-сола ҳангоми фатҳи қуллаи Патхори ноҳияи Шуғнон бо сабабе сарозер шуда, сахт осеб дидаанд.
Ба гутаи КҲФ 10 нафар наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар ВМКБ барои кумаки фаврӣ ба кӯҳгардони ҷабрдида фиристода шуданд.
“Бо воситаи чархбол расидан ба ин қулла аслан имкон надорад. Наҷотдиҳандагон аз аспҳо ва гоҳи дигар аз таҷҳизоти махсуси кӯҳгардӣ истифода карда, ҳоло ба нуқтаи таъиншуда наздик мешаванд”,- менависад манбаъ.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба сокинон ва шаҳрвандони хориҷӣ муроҷиат мекунад, ки қабл аз сафар ба маконҳои пурхатар, фатҳи қуллаҳо дар ҳайати гурӯҳҳои гардишгарӣ ҳатман бояд худро ба хадамоти наҷот номнавис кунанд. КҲФ ба ҳеч ваҷҳ маслиҳат намедиҳад, ки ба танҳоӣ сайри кӯҳҳо равед.