logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Амалиёти КҲФ барои наҷоти кӯҳнавардони хориҷӣ дар кӯҳҳои Лахшу Бадахшон

Як кӯҳнавард аз баландӣ сарозер шуда, қабурғааш шикастааст, наҷотдиҳандагон ба дарёфти ду кӯҳнаварди дигар кӯшиш доранд.

Your tj

15:0921.07.2023

Амалиёти КҲФ барои наҷоти кӯҳнавардони хориҷӣ дар кӯҳҳои Лахшу Бадахшон

КҲФ Тоҷикистон ду амалиёти ҷустуҷӯиро барои наҷоти кӯҳнавардони хориҷие, оғоз кард, ки ҳангоми фатҳи қуллаҳо дар Лахш ва ВМКБ ба мушкил рӯбарӯ шудаанд.

Гуфта мешавад, 19 июл соати 11:14 дақиқаи вақти маҳаллӣ хабар расид, ки шаҳрванди Белорус Д. Граковичи 37-сола ҳангоми фатҳи қуллаи кӯҳ аз баландӣ сарозер шуда, қабурғааш шикастааст.

Гурӯҳи наҷотдиҳандагон фавран бо воситаи чархболи Вазорати мудофиа дар қуллаи “Москвина”-и ноҳияи Лахш равон шуданд.

“Аз сабаби мавҷуд набудани ҷойи нишаст барои чархбол имдодгарон аз он поён шуданд ва пои пиёда 6 километр роҳро тай намуда, кӯҳгардро пайдо карданд”,- омадааст дар хабар.

Ба кӯҳнавард ёрии тиббии аввал расонида шуда, аз сабаби фаро расидани шаб ва мушкилгузару хатарнок будани мавзеъ интиқоли осебдидаро ба рӯзи 21-уми июл мавқуф гузоштанд, менависад манбаъ.

20-уми июл соати 15:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ тибқи хабари дигар ду гардишгар – шаҳрвандони Британияи Кабир Майкл Алани 67-сола ва Симон Андреви 60-сола ҳангоми фатҳи қуллаи Патхори ноҳияи Шуғнон бо сабабе сарозер шуда, сахт осеб дидаанд.

Ба гутаи КҲФ 10 нафар наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар ВМКБ барои кумаки фаврӣ ба кӯҳгардони ҷабрдида фиристода шуданд.

“Бо воситаи чархбол расидан ба ин қулла аслан имкон надорад. Наҷотдиҳандагон аз аспҳо ва гоҳи дигар аз таҷҳизоти махсуси кӯҳгардӣ истифода карда, ҳоло ба нуқтаи таъиншуда наздик мешаванд”,- менависад манбаъ.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба сокинон ва шаҳрвандони хориҷӣ муроҷиат мекунад, ки қабл аз сафар ба маконҳои пурхатар, фатҳи қуллаҳо дар ҳайати гурӯҳҳои гардишгарӣ ҳатман бояд худро ба хадамоти наҷот номнавис кунанд. КҲФ ба ҳеч ваҷҳ маслиҳат намедиҳад, ки ба танҳоӣ сайри кӯҳҳо равед.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?

1 дня назад

Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид

4 дня назад

Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?

4 дня назад

"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад

5 дня назад

Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст

7 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ