“Ҳама гап сари равған аст”. Фарзияи заҳролудшавии 50 нафар дар Хуҷанд, аз “грил”

Вазири маориф:”Аз кор рафтани омӯзгорон падидаи нав нест, аз он фоҷиа насозед”

Муҳаммадюсуф Имомзода вазири маориф ва илми Тоҷикистон, имрӯз 3 феврал дар нишасти матбуотӣ, хабари аз кор рафтани 2067 нафар омӯзгорони вилояти Хатлонро тасдиқ намуд ва гуфт, ки ин танҳо як падида аст ва аз он фоҷиа насозед.

Вазир гуфт, ки аз кор рафтани омӯзгорон ҳамасола ба назар мерасад ва он омилҳои гуногун дорад.

“Аз кор рафтану ба кор қабул кардани омӯзгорон дар мактабҳои кишвар ҳамасола ба назар мерасад.  Ин падидаи нав нест, аз он фоҷиа насозед. Омӯзгорон на танҳо аз сабаби кам будани маош ва муҳоҷират балки баъзеи онҳо ба нафақа мебароянд, баъзе беморанд ва ё ҷои истиқоматашонро иваз мекунанд”, – изҳор дошт, Муҳаммадюсуф Имомзода.

Ҳамчунин вазир қайд кард, ки соли гузашта аз миёни 140 ҳазор омӯзгор 593 нафар бемор шуда ё фавтиданд, 2228 нафар ҷойи зисташонро иваз карданд ва 1031 нафар ба нафақа баромаданд. Аммо ӯ нагуфт, ки шумораи умумии муаллимони аз кор рафта дар соли 2021 чӣ қадар аст.

Имомзода аз бозпурсиву фишор болои донишҷӯёни тоҷик дар Қирғизистон гуфт: Наравед!

Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маорифи Тоҷикистон гуфт, то имрӯз барои донишҷӯёни тоҷик дар Қирғизистон ягон монеае набуд, аммо ҳоло амнияти шаҳрвандони мо дар он кишвар таъмин карда намешавад.

Ӯ гуфт, ҷониби Тоҷикистон ягон ғаразу ҳадафи дигар надорад, аммо аз донишҷӯён даъват мекунем, ки ҳоло нараванд, зеро бо ҳар баҳона онҳоро пурсиш мекунанд, фишор меоранд.

“Ҳоло раванди номатлуб пайдо шудааст, ки баъзе донишҷӯёни мо бозгашта истодаанд. Аз онҳо хоҳиш кардем,ки нараванд. Чун номуаянӣ аст. Амнияту саломатии онҳоро касе кафолат намедиҳад”,- таъкид кард вазир.

Ин ниҳод ҳамзамон аз боздошти як донишҷӯи тоҷик, ки тавассути кишвари сеюм вориди Қирғизистон шудааст, хабар дор.

Имомзода гуфт, дар умум дар Қирғизистон зиёда аз 2000 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил мекарданд, аммо бо қарори манъи вуруд ба он кишвар аз ин муҳассилин даъват шуд, ки агар хоҳанд, ба донишгоҳҳои ватанӣ пазируфта мешаванд.

“Ҳар нафаре, ки ба мо муроҷиат кард, дастгирӣ кардем, ба донишгоҳҳои гуногуни шаҳру минтақаҳои кишвар, ба ихтисосҳои худашон мувофиқ онҳоро дастгирӣ кардем, ки дохил шаванд”,- гуфт вазир.

Шумори магистрҳо дар Тоҷикистон кам шудаст. Таъсири қонуни нав?

Донишгоҳҳои Тоҷикистон дар соли хониши 2021-22 фақат ниме аз нақшаи қабул ба зинаи таҳсили магистратураро иҷро кардаанд. Мутахассисон чунин ҳолатро ба қонуни нави хидмат дар артиш пайванд медиҳанд, ки барои бурдани магистрантҳо ба сарбозӣ роҳ кушод.

Вазири маориф рӯзи 3-юми феврал тасдиқ кард, ки имсол фақат нисфи нақшаи қабул ба магистратура иҷро шудааст. Вале Маҳмадюсуф Имомзода аз қонуни нави даъват ба артиш ҳимоят кард.

“Хидмат ба ватан-модар қарзи шаҳрвандии ҳар нафар аст. Донишҷӯ аст, магистр аст, бояд хидмат кунад,” — афзуд Имомзода.

Ӯ ҳамчунин гуфт, шумораи қабулшавандаҳо ба зинаи таҳсили магистратура як сол кам мешавад ва соли дигар зиёд мешавад ва ин раванд ҳамасола ҷой дорад.

Дар як сол 12 корманди андоз даст ба фасод задааст

Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон дар нишасти хабарии рӯзи 2-юми феврал эътироф кард, ки дар соли гузашта 12 нафар корманди ниҳоди зери раҳбарияш даст ба фасод задаанд.

Нусратулло Давлатзода гуфт, ки соли 2021 дар маҷмуъ 14 ҳолати коррупсионӣ  ошкор ва байд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 нафар зиёд мебошад.

«Онҳо 9 – нафар кормандони амалкунандаи кумита, 1 нафар собиқ корманд ва 2 нафар кормандоне, ки тариқи шартнома фаъоляит мекунанд»,-гуфт ӯ.

Давлатзода иловатан гуфт, ки ҳамчунин дар ҳамин давра 42 нафар корманди Кумитаи андоз  барои роҳ додан ба камудиҳо аз кор озод шудаанд, ки дар байни онҳо нафароне низ буданд, ки мансабҳои роҳбарикунанда доштанд.

“Ҳама гап сари равған аст”. Фарзияи заҳролудшавии хуҷандиҳо аз “грил”

Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди ҳукумати Тоҷикистон Муҳаммадсаид Файзуллозода фарзияи худро дар бораи заҳролудшавии одамон аз мурғи бирён ё худ “грил”-ро  дар яке аз бозорҳои бузурги Хуҷанд баён кард. Маълум шуд, ки сари худи мурғ тамоман сухан намеравад.

“Гап сари равған аст. Ошпаз мурғро чандин маротиба дар як равған бирён мекард, ки пас аз истифодаи такрории равған он зараровартар мешавад. Дар натиҷаи ҳамин равған ба заҳролудшавии одамон боис гардид”, – изҳор дошт вай имрӯз, 3 феврал зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе.

Ёдрас мекунем, ки бар асари истеъмоли мурғи бирёншуда (грил) дар яке аз бозорҳои Хуҷанд зиёда аз 50 кас заҳролуд шуда, даҳҳо нафарашон дар беморхона бистарӣ шуданд.

Прокуратураи шаҳри Хуҷанд нисбати ду фурӯшандаи нуқтаи фурӯши ин маҳсулот парвандаи ҷиноятӣ боз кард.

Skip to toolbar