Эмомалӣ Раҳмон барои баргузории озмунҳо аз буҷети кишвар 8 млн. сомонӣ ҷудо кард
Имсол, барои баргузории се озмуни ҷумҳуриявӣ – «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 7 млн 930 ҳазор сомонӣ (ҳудуди $700 ҳазор) сарф мешавад. Дар ин бора амрҳои раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дирӯз, 3 феврал ба имзо расид.
Тавре Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, соли 2022 барои баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Тоҷикистон 2 млн 540 ҳазор сомонӣ ҷудо мешавад.
Ҳамин тариқ, имсол барои баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» аз ҳисоби фонди президенти Тоҷикистон 2 млн 345 ҳазор сомонӣ ва барои баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 3 млн 45 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад.
Гуфта мешавад, ки ин маблағҳо барои ғолибони номинатсияҳо, муаллимоне ки онҳоро барои ширкат дар озмунҳо омода мекунанд, омода кардани ҷоми шоҳҷоизаҳо, дипломҳо, музд ва сафари кории ҳайати ҳакамон ба шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои ҷумҳурӣ ва хароҷоти дигар сарф мешавад.
Ба дастгоҳи иҷроияи президент супориш дода шудааст, ки истифодаи мақсадноки маблағи ҷудошударо таъмин намоянд. Ҳамчунин ба сохторҳои марбута дастур дода шудааст, ки барои дар сатҳи баланд доир гардидани озмунҳо чораҳои зарурӣ андешанд.
Гуфта мешавад, назорати иҷрои амрҳои мазкур ба зиммаи муовинони сарвазири ҷумҳурӣ (сарпарастони соҳа) вогузор мегардад.
Ёдовар мешавем, ки соли 2021 Эмомалӣ Раҳмон барои баргузории ин озмунҳо 7 млн 720 ҳазор сомонӣ
ҷудо карда буд.
Аломатгузорӣ дар марз бо Қирғизистон оғоз мешавад. Аҳмадзода: “Ҳар ваҷаби заминамонро ҳифз мекунем”
Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба аломатгузории сарҳад кори худро сар аз 7 феврал оғоз мекунад.
Дар ин бора Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд зимни нишасти хабарияш иттилоъ дод.
Номбурда гуфт, ҳоло як гуруҳи корӣ кор кардаистодаст ва мақсаду мароми мо таъмини амният ва тартибот дар сарҳад ва аҳолии наздисарҳадӣ аст.
Ӯ гуфт, бо раиси вилояти Ботканд тамоси зич доранд ва ҳар як баҳсро дар ҷояш рафта ҳаллу фасл мекунанд
Ба гуфти Аҳмадзода, тамоми масъалаҳо дар доираи қонунҳои амалкунанда бо роҳи дипломатӣ ҳаллу фасл карда мешавад.
Раиси вилоят гуфт, ҷониби Тоҷикистон аз асноди солҳои 1924-1927 ва Қирғизистон бошад ба ҳуҷҷатҳои соли 1989 такя дорад.
“Дар асоси қонунҳои амалкунанда ва асноди мавҷуда ҳар ваҷаб заминамонро ҳифз хоҳем кард. Тавре маълум аст дар баъзе маҳалҳо хонаҳои паҳлӯ ба паҳлӯ ҳастанд, ки ин корро комиссияи муштарак ҳал хоҳад кард”,- гуфт Аҳмадзода
Маврид ба зикр аст, ки даргирии ахири мусаллаҳона миёни Тоҷикистону Қирғизистон 27 январ рух дод.
Тоҷикистон дар изҳороти расмииаш гуфт, ки дар натиҷаи муноқиша 2 шаҳрванд ҳалок ва 10 нафар захмӣ шуданд, ки 6 нафарашон низомӣ ва 4 нафари дигар сокинони мулкӣ.
Ҳамчунин, 2 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон – Туйчиев Обидҷон, соли таваллудаш 1986, сокини ҷамоати деҳоти Хоҷаи Аъло бар асари таркиши тири миномети низомиёни Қирғизистон дар ҳавлии номбурда ва Шарипов Абдулатиф Рафиевич, соли таваллудаш 1964, ронандаи шуъбаи ёрии аввалияи тиббии беморхонаи шаҳри Исфара ҳангоми наҷоти шаҳрвандони мулкии деҳаи Хоҷаи Аъло зимни зарбаи гулӯлаи минамёти ҷониби Қирғизистон ба ҳалокат расиданд.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки феълан ҳудуди 520 километри он муайян шудааст. Номуайянии қисматҳои боқимондаи марзӣ мунтазам боиси муноқиша дар сарҳад мешавад, ки баъзан ба хунрезӣ мепечад.
Маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлол” дар соли 2022 ба истифода дода мешавад
Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи сохтмону меъмории кишвар, зимни нишасти матбуотии имрӯзи ин ниҳод гуфт, ки маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол ва Озодӣ» соли ҷорӣ “точно ба истифода дода мешавад”. Ин дар ҳолест, ки ин маҷмаа бояд дар 30-солагии Истиқлоли кишвар мавриди истифода қарор мегирифт.
Маҷмаии меъмории “Истиқлол ва Озодӣ” маҷмааии асоси ҷашнгирии 30-солагии Истиқлол дар Тоҷикистон буд, ки бояд моҳи сентябри соли гузашта ба баҳрабардорӣ супурда мешуд, аммо ба далели поён наёфтани кори сохтмони он, ба таъхир гузошта шуд.
Зувайдзода сабабҳои ба таъхир афтодани ба баҳрабардорӣ супурдани ин маҷмааро ба пандемияи коронавирус ва далелҳои техникӣ марбут донист.
“Якум ин ки аз тарафи мутахассисон тавсия дода шуд, ки то як чанд моҳи дигар сохтмони маҷмаа идома дода шавад. Дуюм масъала, ин пандемия буд. Якчанд намуди борҳо аз ҷумҳури Чин, сангҳо аз Юнону Туркия меомададнд, ки роҳҳо баста буданд”.
Ӯ афзуд, ки “маҷмаа дар инҷо бори аввал сохта мешавад ва хусусияти техникии вазнин дорад ва ҳамчунин барои ин маҷмаа лифтҳои махсус фармоиш додем, ки дар муддати 1 солу 2 моҳ омода мешаванд”.
Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон гуфт, ки ба масоҳати замини маҷмаа, ки пештар 29 ҳектор буд бо 30 ҳектори дигар илова карда шуд ва ҳоло баландии он 121 метр аст.
Ёдовар мешавем, ки иншооти мазкур дар қисмати марказии пойтахт, дар фосилаи миёни Иттифоқи Нависандагон ва Донишгоҳи омӯзгорӣ, дар пушти меҳмонхонаи “Авесто”, маҷмааи “Кохи Ваҳдат” ва ҷойи ҳозираи Масҷиди марказии Душанбе ва Донишкадаи исломӣ бунёд карда мешавад.
“Тоҷикстандарт”440 ҳазор тонна маводи ғизоии ғайристандартиро ошкор кардааст
Темурҷон Абдуллозода , раиси Оҷонсии “Тоҷикстандарт” дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, дар соли гузашта дар Агентӣ 438 ҳазору 799 кило маводи ғизоии ғайристандартӣ дарёфт намудааст.
“366 ҳазору 105 кило маҳсулоти мазкур ба қоидаҳои бехатарӣ мувофиқ набуда, 72 ҳазору 674 кг тамғагузорӣ карда нашудаанд”, – зикр кард Темурҷон Абдуллозода.
Ба гуфтаи вай, беш аз 130,8 ҳазор маҳсулоти гӯштии пастсифат, 11 ҳазору 368 кг равғани растанӣ, 6 ҳазору 511 литр нӯшокиҳои спиртӣ, 40,5 ҳазор литр нӯшокиҳои спиртӣ, 4 ҳазору 80 кило маҳсулоти қаннодӣ, 19,4 ҳазор кило шир, 102 хазору 445 дона тухм ва дигар махсулоти ғизоии пастсифат ошкор гардидааст.
“Тибқи тартиби мавҷуда як қисми ин маҳсулот барои коркард фиристода шуда, як қисми он нобуд карда шуд. Нафароне, ки қавонинро нақз карданд ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд”, – гуфт сардори Агентии “Тоҷикстандарт”.
Вай илова кард, ки дар давраи ҳисоботӣ 42 ҳазору 33 кило маҳсулоти ғайри ғизоӣ аз муомилот гирифта шуд. Маҳсулотҳо ба монанди, масолеҳи сохтмонӣ, антифриз, атриёт, лампаҳои барқӣ, дафтару китобҳо барои коркард ё нобудсозӣ интиқол ёфтанд.