Дар пайи сарозершавии як мошин ба рудхонаи Ёвонсӯи ноҳияи А. Ҷомӣ дастикам шаш нафар, аз ҷумла се кӯдак ба ҳалокат расидаанд.
Ҳакималӣ Боймуҳаммадзода, сардори Шуъбаи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи А. Ҷомӣ рӯзи 24-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфтааст, “ҷасади чор нафар бо мошин пайдо шуд ва ҷасади ду нафари дигарро ҷустуҷӯ доранд”.
Як сокини ноҳияи А. Ҷомӣ ба Радиои Озодӣ гуфтааст, “мошине, ки ба садама дучор шуд, барои итоат накардан ба амри нозирони БДА аз ҷониби нозирон таъқиб мешуд ва эҳтимол ҳангоми фирор бо суръати баланд ба садама дучор шудааст”.
Ронанда ба хотири ба дасти нозирон наафтодан мошинро бо суръати баланд ронда, ба рӯд сарозер шудааст.
Дар навор дида мешавад, ки наҷотдиҳандагон ҷасади онҳоро аз мошин берун мекунанд.