logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Ҳалокати шаш нафар аз ҷумла се кӯдак дар пайи сарозершавии мошин ба рӯд

Ронанда аз нозирони БДА фирор карда, бо суръати баланд мошинро ронда, ба рӯд офтодааст.

Your tj

18:0724.07.2023

Ҳалокати шаш нафар аз ҷумла се кӯдак дар пайи сарозершавии мошин ба рӯд

Дар пайи сарозершавии як мошин ба рудхонаи Ёвонсӯи ноҳияи А. Ҷомӣ дастикам шаш нафар, аз ҷумла се кӯдак ба ҳалокат расидаанд.

Ҳакималӣ Боймуҳаммадзода, сардори Шуъбаи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи А. Ҷомӣ рӯзи 24-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфтааст, “ҷасади чор нафар бо мошин пайдо шуд ва ҷасади ду нафари дигарро ҷустуҷӯ доранд".

Як сокини ноҳияи А. Ҷомӣ ба Радиои Озодӣ гуфтааст, “мошине, ки ба садама дучор шуд, барои итоат накардан ба амри нозирони БДА аз ҷониби нозирон таъқиб мешуд ва эҳтимол ҳангоми фирор бо суръати баланд ба садама дучор шудааст”.

Ронанда ба хотири ба дасти нозирон наафтодан мошинро бо суръати баланд ронда, ба рӯд сарозер шудааст.

Дар навор дида мешавад, ки наҷотдиҳандагон ҷасади онҳоро аз мошин берун мекунанд.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от YOUR TJ (@your_tj)

Комментарии (0)

Читайте также

Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст

1 дня назад

Додгоҳи олӣ 12 сол ҳукми гумонбар дар куштори таксистро бекор кард

5 дня назад

“Обу корези Душанбе” ба нигарониҳо аз “мазза ва бӯйи” оби нӯшокӣ вокуниш кард

5 дня назад

Омодагӣ ба зимистон. Дар Душанбе 3300 иншоотро бо гармӣ таъмин карданиянд

6 дня назад

SIYOMA: яке аз брендҳои муосири Тоҷикистон чӣ гуна сохта мешавад | TJ.BRAND #1

6 дня назад