Ҳалокати як нафар аз борону сел дар Панҷакент ва ҷустуҷӯи куҳнаварди бедаракшудаи рус. Мухтасари хабарҳо

Сафорат: ҷустуҷӯи куҳнаварди бедаракшудаи рус дар Помир идома дорад

Сафорати Русия дар Тоҷикистон мегӯяд, куҳнавардони русиягӣ, ки гуруҳашон дар куҳҳои Помир дучори нохушӣ шуда буд, ба шаҳри Душанбе интиқол дода шуданд.

Сафорат мегӯяд, ҷустуҷӯи куҳнавардаи бедаракшуда Александр Маслов идома дорад.

Алксандр Маслови 33-сола, хатмкардаи факултаи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Маскав – МГУ буда, як муддат дар ин даргоҳ дарс медодааст. Сипас ба соҳибкорӣ пардохтааст, аммо чун пештара узви бошгоҳи куҳнавардии МГУ будааст.

Субҳи чоруми август чархболе, ки ба кумаки куҳнавардон фиристода шуд, баъди партофтани таҷҳизоти зарурӣ ба куҳнавардон, баногоҳ суқут кардааст. Чор сарнишини чархбол ҷароҳатҳои гуногун бардошта, халабони он Сергей Тютин ба ҳалокат расидаст.

Ҳалокати як нафар аз борону сел дар Панҷакент

Боронгарии шадид ва фаромадани сел дар деҳаи Амондараи Панҷакент талафоти ҷонӣ ва хисороти молӣ дар пай доштааст. Мақомоти ҳукумати шаҳри Панҷакент гуфтанд, ки шоми рузи гузашта бар асари фаромадани сел як марди 61-солаи сокини ин деҳа зери хоку лой монда, ҷон бохтааст.

Ба гуфтаи Муҳаммадсафар Собиров, муовини раиси шаҳри Панҷакент, дар ҳоли ҳозир таҳти сарварии раиси шаҳр гурӯҳи корӣ таъсис шуда, хисороти селро муайян мекунад.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 19-уми июл бар асари боронгарӣ ва омадани сел дар деҳаи Дашти Қозӣ ва чарогоҳи тобистонаи Киштудаки Панҷакент 12 нафар, аз ҷумла кӯдакон, ҷон бохтаанд.

Тоҷикистон содироти сангҳои қиматбаҳоро якбора афзоиш дод

Тоҷикистон фурӯши металлҳои қиматбаҳоро дар хориҷа нисбат ба моҳҳои январ-июни соли 2020 2,3 маротиба афзоиш додааст.

“Тибқи натиҷаҳои нимсолаи аввали соли ҷорӣ, маблағи аз фурӯши металлҳои қиматбаҳо гирифташуда тақрибан 709 миллион доллар ё қариб 77 фоизи ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷии ҷумҳуриро ташкил дод,” – омадааст дар омори Вазорати молияи кишвар.

Тибқи омор, фурӯши сангҳо ва металлҳои қиматбаҳо ва нимқимматбаҳо нисбат ба молҳои анъанавии содиротии Тоҷикистон бартарӣ дорад.

Ҳамин тариқ, содироти сангҳо ва металлҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо назар ба содироти маҳсулоти маъданӣ, инчунин нерӯи барқ, семент, алюминий, мис, маъдан ва консентратҳо, нассоҷӣ, аз ҷумла нахи пахта хеле зиёдтар аст.

ВАК-и Русия унвони илмии ду қаҳрамони “Диссернет” аз Тоҷикистонро бекор кард

Комиссияи аттестатсионии Русия дар пайи таҳқиқоти пойгоҳи “Диссернет” унвони илмии ду корманди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемурро бекор кардааст.

Инҳо профессори собиқи кафедраи назарияи иқтисодӣ Исмоилҷон Гулов ва мудири кафедраи ташкили истеҳсолоти корхонаҳои комплекси агросаноатии донишгоҳи мазкур Икром  Анваров мебошанд.  Дар ин бора, 4 август пойгоҳи таҳқиқотии “Диссернет”  хабар додааст.

Манбаъ менависад, ки бо фармони Вазорати маориф ва илми Русия 33 нафаре, ки “Диссернет” дар бораи рисолаҳои онҳо таҳқиқот анҷом дода буд, аз унвонҳои илмии худ маҳрум шуданд, ки дар байни онҳо ду олими тоҷик низ ҳаст.

Бо фармони Вазорати маориф ва илми Русия аз 23 июли 2021 Икром Анваро аз унвони доктори илмҳои иқтисодӣ маҳрум карда шудааст. Ҳамчунин унвони номзади илми Исмоилҷон Гулов низ бо фармони ин вазорат аз 16 июли 2021 ӯ низ аз ин унвон маҳрум шуд,-менависад пойгоҳи мазкур.

Коронавирус дар Тоҷикистон: 1 фавт ва 76 ҳолати нави сироятёбӣ

Ба ҳолати то шоми 5 август, тибқи маълумоти Портали ягонаи миллӣ оид ба коронавирус (COVID-19), шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон 76 нафар зиёд шудааст.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустии ҶТ, теъдоди умумии сироятёфтагон аз оғози пандемия ба 15 ҳазору 440 нафар расид.

Шабонарӯзи гузашта 1 ҳодисаи фавт аз COVID-19 юа қайд гирифта шуда, шумори умумии фавтидагон аз оғози пандемия ба 122 нафар расид.

Теъдоди шифоёфтагон аз беморӣ то имрӯз 14 ҳазору 948  нафар ё худ 96,8%-ро ташкил медиҳад. Давоми як шабонарӯз 81 нафар шифо ёфтаанд.

Ёдгор Файзов: Роҳҳои мошингарди ВМКБ дар 5 сол ба сатҳи меъёрҳои ҷаҳонӣ намерасанд

Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов рӯзи 4 август зимни нишасти хабарӣ ошкоро изҳор дошт, ки “дар тӯли 3 ё 5 сол азнавсозии ҳамаи роҳҳои минтақа имконнопазир аст, то ки онҳо ба сатҳи меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ бошанд”.

«Агар кор хуб ҷараён гирад, пас давоми 3-5 сол сохтмони роҳи автомобилгарди Дарвоз-Рӯшон ба анҷом расида, он ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ хоҳад буд. Ошкоро мегӯем, ки барои азнавсозии қисматҳои дигар 10-15 сол ё бештар аз он вақт лозим аст”, – иброз дошт Файзов.

Дар шарҳи тез-тез баста шудани роҳ ба сӯи Бартанг бар асари селу тармафароӣ раиси вилоят гуфт, барои таъмир пул ҷудо карда шуда, аммо маҷрои сел ин роҳи пурпечутоби кӯҳро хароб мекунад.

“Ҳоло дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи баста будани роҳ ба сӯи Бартанг наворҳои видеои зиёде мавҷуданд. Мутаассифона, ин бори аввал нест. Давоми 5 соли охир бисёр қитъаҳои ин роҳ васеъ карда шуданд. Бо ин мақсад Бунёди Оғохон ва ҳукумати ҷумҳурӣ дар якҷоягӣ беш аз 800 ҳазор сомонӣ ҷудо кардаанд. Ҳукумат барои сохтмони ду пул 10 млн сомонии иловагӣ ҷудо кардааст”, – иттилоъ дод Файзов.

Skip to toolbar