Ҳалокати як муҳоҷири тоҷик ва ду қирғизистонӣ дар қубурҳои корези Маскав

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад

Аз 9 то 12 август Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо сафари кории 4-рӯза ба вилояти Суғд меравад. Президент аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Бӯстон, Гулистон ва Бобоҷон Ғафуров боздид мекунад.

Ҳадафи сафари раисҷумҳур дидору мулоқот бо мардум, ифтитоҳи як силсила корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои фарҳангиву маорифу тандурустӣ ва боздид аз рафти корҳои саҳроӣ ва кишоварзӣ мебошад.

“Аз ҷумла, дар шаҳри Бӯстон ба истифода додани бинои корхонаи дӯзандагӣ ва ҳамчунин, коргоҳи истеҳсоли ҳунарҳои мардумӣ ва қолинбофии дастӣ ва абрешим дар КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон”, корхонаи истеҳсоли коғаз дар ҶДММ “Дурахшони Бӯстон” дар назар аст” – гуфт Абдуфаттоҳ Шарифзода, суханӯи дафтари матбуоти президент.

Дар шаҳри Истравшан корхонаи бисёрсоҳавии истеҳсолии саноатии ҶДММ “Шарафи рӯз” ва корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагии ҶДММ “Нури Истаравшан” ба истифода дода мешавад.

Дар дар ҶСК “Конибодом”-и шаҳри Конибодом коргоҳи коркарди меваи хушк ифтитоҳ мегардад.

Инчунин, ба фаъолият шурӯъ кардани биноҳои нави мактаб, маркази саломативу маъмурӣ ва хонаҳои истиқоматӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳо дар назар аст.

Кадом роҳҳо баста мешавад?

Дар ҳамин ҳол, Бозрасии давлатии автомобилӣ дар вилояти Суғд бо нашри эълон дар бораи муваққатан маҳдуд шудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз 9 то 12 августи соли равон дар баъзе аз шаҳру навоҳии вилоят хабар додааст

Дар шарҳи сабаби муваққатан маҳдуд шудани ҳаракат дар роҳҳои ҳудуди вилояти Суғд, сафари кории меҳмонони олимақом ба шаҳру ноҳияҳои вилоят гуфта шудааст.

Масъулин аз соҳибони воситаҳои нақлиёт даъват намудаанд, ки дар ин рӯзҳо аз тариқи роҳҳои ҳамшафат ҳаракати худро идома дода метавонанд.

“Санаи 9 августи соли 2022 ҳаракат дар кӯчаҳои марказии шаҳри Бӯстон, шоҳроҳи Хуҷанд – Ғафуров, кӯчаҳои И.Сомонӣ, Гагарин, Сирдарёи шаҳри Хуҷанд то давраи Ором, роҳи ҷамоати деҳоти Д. Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Боғи миллӣ, кӯчаҳои шаҳри Гулистон муваққатан маҳдуд мешавад” – омадааст, дар эълони БДА.

Бар пояи хабари манбаъ, 10 августи соли 2022 дар роҳи ҷамоати деҳоти Пошкент, ва кӯчаҳои марказии шаҳри Истаравшан ва 11 август дар роҳи ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ ва кӯчаҳои марказии шаҳри Конибодом ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан манъ карда мешавад.

Санаи 12 август ҳаракат дар кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон, шоҳроҳи Ғафуров – Хуҷанд, кӯчаҳои Гагарин, А. Шукуҳӣ, И. Сомонӣ, Р. Ҳоҷиев, С. Умаров, Сирдарё то гардиши Ором, роҳи ҷамоати деҳоти ба номи Д. Холматов, Боғи миллӣ, кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон ва Бӯстон маҳдуд карда мешавад.

Ҳалокати як муҳоҷири тоҷик ва ду қирғизистонӣ дар қубурҳои корези Маскав

Дар қубурҳои корези шаҳри Маскав, як шаҳрванди Тоҷикистон ва ду нафари қирғизистониҳо ба ҳалокат расиданд. Людмила Нефедова, намояндаги расмии додситонии шаҳри Маскав дар сӯҳбат бо Интерфакс рӯзи 7-уми август гуфт, ки ин ниҳод ба Кумитаи тафтишотӣ тамоми маводи вобаста ба ҳодисаи марги коргарони ширкатеро, ки масъулияти тоза кардани роҳу қубурҳои обгузарро дар ҷанубу шарқи Маскав ба ӯҳда дошт, ирсол намуд.

Ӯ гуфт, ки ҷасади ин се коргар бо ёрии наҷотбахшон берун бароварда шуд. Додситонӣ аз рӯи ҳодисаи марги коргарон парвандаи ҷиноӣ боз карда гуфт, «дар амали ширкати тиҷоратӣ нишонаҳои ҷиноят дида мешавад» ва додситонӣ бар асоси моддаҳои 143 ва 216-и Кодекси ҷиноии Русия, яъне «вайрон кардани талаботи бехатарии кор» ва «вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ ба ҳангоми дигар корҳо» парванда боз кардааст.

Ба иттилои Нефедова, ҳодиса рӯзи якшанбе дар кӯчаи Краснодарская рух дод. Ҳангоми кор дар дохили қубурҳои корез зоҳиран сатҳи об боло рафта се коргар, аз ҷумла, як шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуданд. Се нафари дигар ба бемористон интиқол ёфтанд. Маълум шуд, ки ин корҳоро ширкати “АкваТрейд” анҷом медод.

“Толибон” боз талаб доранд, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон чархболҳоро баргардонанд

Вазорати дифои “Толибон” бори дигар аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон хостааст, чархболҳои ҳукумати қаблии Афғонистонро, ки дар замони суқути ҷумҳурӣ ба ин кишварҳо бурда шудаанд, ба ҳукумати муваққати “Толибон” баргардонанд.

Иноятуллоҳ Хоразмӣ, сухангӯи вазорати дифоъ гуфтааст, чархболҳо сармояи мардуми Афғонистон ҳастанд ва бояд ба ин кишвар баргардонида шаванд.

“Вале то ҳанӯз надодаанд, албаттта мулоҳизаҳои худро доранд, вале ин воқеият аст, ки чархболҳое, ки дар Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ҳастанд, марбути мардуми Афғонистон мешавад. Ҳар вақт, ки бошад инҳо гирифта мешавад  ва ҳисоб мешаванд”,- гуфтааст Хоразмӣ.

Дар ҳамин ҳол, Амрико борҳо эълом дошт, ки чархболҳои низомии Афғонистонро ба “Толибон” намедиҳад, аммо ҳоло вазорати дифои ин гурӯҳ ҳушдор додааст, ки ба зудӣ ва бо ҳар роҳе ин чархболҳоро ба даст хоҳанд овард.

Дар пайи изҳоротҳои қаблии Толибон дар пайванд ба баргардонидани чархболҳо сафири Амрико дар Душанбе, Ҷон Марк Поммершайм рӯзи 10-уми май дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфта буд, ки кишвараш ният надорад, чархболҳороро ба Толибон бисупорад.

“Ин чархболҳо ба Толибон дода намешаванд, чун ба онҳо тааллуқ надоранд,” – илова кард сафир.

Поммершайм ҷузъиёти гуфтугӯи Вашингтону Душанберо дар масъалаи чархболҳо он замон ошкор накард.

Дар ҳамин ҳол, фармондеҳи Фармондеҳии Марказии Қувваҳои Мусаллаҳи ИМА генерал Майкл Эрик Курилла дар пайи як сафараш ба Тоҷикистон гуфта буд, ки “бо вуҷуди таҳдиду талабҳои чандинкаратаи Толибон оид ба баргардонидани онҳо, чархболҳо ба Толибон баргардонида намешаванд, зеро ба онҳо тааллуқ надоранд”.

Шумори муҳоҷирони ба Русия воридшуда аз рекорди 6 сол пеш зиёд шуд

Дар семоҳаи дуюми соли ҷорӣ шумори муҳоҷирони кории ба Русия воридшуда 3,12 млн нафарро ташкил дод, ки сеяк ҳисса аз соли гузашта бештар буда, нишондиҳандаи рекордии семоҳаи ҳадди ақалл дар шаш соли ахир аст.

Бино ба маълумоти шабакаи аудиторӣ-консалтингии FinExpertiza, ки дар ихтиёри хабаргузории ТАСС қарор гирифтааст, семоҳаи аввали ҳамин сол 4,16 млн хориҷиён дар маҳалли будубош худро ба қайд гузошта, 3,12 млн нафарашон ҳадафи сафарро кор зикр кардаанд, ки нишондиҳандаи рекордии семоҳа дар муддати тамоми давраи дастрасии омор аз соли 2017 мебошад.

Шумори муҳоҷирони корӣ дар семоҳаи аввали соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 (2,34 млн нафар хориҷиён) сеяк ҳисса бештар будааст.

Дар семоҳаи аввали соли 2022 теъдоди коргарони хориҷие, ки ба кишвар ворид шудаанд, 2,76 млн нафарро ташкил додааст. Дар баробари ин дар мавод таъкид шудааст, ки ҳадди ақали вуруди нерӯи кории хориҷӣ дар семоҳаи дуюми соли 2020 ба қайд гирифта шудааст, ки ин асосан ба маҳдудиятҳои карантинӣ вобаста буд. Он замон ба кишвар ҳамагӣ 330 ҳазор муҳоҷири корӣ ворид шуда буданд, яъне нисбат ба семоҳаи дуюми соли 2019 панҷ маротиба камтар. Рақами имсола бошад, аз нишондиҳандаҳои пеш аз пандемия ду баробар зиёдтар аст.

“Ба ин пеш аз ҳама, болоравии ғайричашмдошти қурбии рубл таъсир расонд, ки дар натиҷа бозори меҳнати Русия барои хориҷиён ҷолибтар гардид, зеро даромади онҳо бо асъори хориҷӣ зиёд шуда, ҳаҷми интиқоли пулашон ҳам ба ватан афзуд”, – иброз доштааст президенти FinExpertiza Елена Трубникова.

Гуфта мешавад, нисфи тамоми муҳоҷирони корӣ (1,54 млн нафар ё 49,6 фоиз)-ро шаҳрвандони Ӯзбекистон ва тақрибан сеяки муҳоҷирони корӣ (52 ҳазор нафар ё 30,5 фоиз)-ро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил дода, 1,7% ё худ 54,2 ҳазор нафар ба кишварҳои пасошӯравии собиқ бо шумули Чин рост омадааст.

Skip to toolbar