Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 10:4316.09.2022
Бино ба иттилои маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нуқтаҳои аҳолинишини шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон мавриди тирандозии низомиёни Қирғизистон қарор гирифтанд.
«16 сентябри соли 2022, тахминан соати 04:50 сарҳадбонони заставаи сарҳадии «Кӯктош»-и отряди сарҳадии Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон, бар хилофи ҳамаи гуфтугӯву шартномаҳо бо истифода аз аслиҳаи вазнин ба самти дидбонгоҳи сарҳадии “Душанбе” – и шаҳри Исфара оташ кушоданд. Дар ҳамин ҳол, низомиёни Қирғизистон бо истифода аз аслиҳаи вазнин ба деҳаҳои Хоҷаи Аъло, Қуммазор, Сурх, Сомониён, Кулканди шаҳри Исфара, Хистеварз ва Овчиқалачаи ноҳияи Бобоҷонғафуров ҳамла карданд», - омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, бо вуҷуди он ки ҷонибҳо дар мавриди оташбас аз соати 6:30 ба тавофуқ расиданд, низомиёни қирғиз ба онҳо итоат намекунанд ва бо истифода аз тамоми аслиҳа ва таҷҳизоти низомӣ тирандозӣ ба ҷониби Тоҷикистонро идома медиҳанд.
Дар бораи кушташудагон ва захмиён аз ҷониби Тоҷикистон то ҳол маълумоти расмӣ нест. “Азия плюс” бо такя ба иттилои манбаъҳо аз Ворух иттилоъ медиҳад, ки боз як сарбози тоҷик дар ин муноқиша кушта шудааст.
Шумораи захмиён ва қурбониён эҳтимол аст зиёдтар бошанд, чунки Қирғизистон бо тамоми силоҳҳои вазнини ҷангӣ ҳамлаашро вусъат бахшидааст.
Ба иттилои хабаргузории “24kg” – и Қирғизистон бар асари тирпарронии 16-уми сентябр то ин соат дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон 11 сарбози қирғиз захмӣ шуда, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Дар навбати худ Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Тоҷикистонро дар тирборон кардани маҳаллаҳои аҳолинишини Ҷумҳурии Қирғизистон муттаҳам мекунад.
778 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд
1 дня назад
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
5 дня назад
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
8 дня назад
Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?
8 дня назад
"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад
9 дня назад