Ҳалокати ду муҳоҷири тоҷик дар як садама дар Русия

Дар пайи як садамаи мудҳиши нақлиётӣ дар Русия ду муҳоҷири тоҷик ба ҳалокат расида, 3 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. 

Дар ин бора Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар дода, ҳамдардиашро ба наздикони фавтидагон изҳор доштааст.

Ҳодиса ду рӯз пеш, 22-юми август дар ноҳияи Мичурински вилояти Тамбови Русия рух додааст.

“Сафорат дар ҳамкорӣ бо ҷамъияти тоҷикони минтақаи болозикр ба наздикону пайвандони ҳалокшудагон ва осебдидагон кӯмакҳои зарурӣ мерасонад”, – омадааст дар изҳороти сафорати Тоҷикистон дар Русия.

Расонаҳои Русия хабар дода буданд, ки дар натиҷаи як садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Мичурин, дар деҳаи Кочетовка, 4 нафар ба ҳалокат расида, 4 нафар захмӣ шудаанд.

Мошини тамғаи “Приора” ба самти муқобил буромада, ба мошини тамғаи “Грант” бархӯрдааст. Ронандаҳо дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ду нафари дигар дар роҳ ҷон додаанд. Чаҳор нафари дигар дар беморхона бистарианд.

Skip to toolbar