logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Ҳалокати ду муҳоҷири тоҷик дар як садама дар Русия

3 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. 

Your tj

17:2924.08.2023

Ҳалокати ду муҳоҷири тоҷик дар як садама дар Русия

Дар пайи як садамаи мудҳиши нақлиётӣ дар Русия ду муҳоҷири тоҷик ба ҳалокат расида, 3 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. 

Дар ин бора Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар дода, ҳамдардиашро ба наздикони фавтидагон изҳор доштааст.

Ҳодиса ду рӯз пеш, 22-юми август дар ноҳияи Мичурински вилояти Тамбови Русия рух додааст.

“Сафорат дар ҳамкорӣ бо ҷамъияти тоҷикони минтақаи болозикр ба наздикону пайвандони ҳалокшудагон ва осебдидагон кӯмакҳои зарурӣ мерасонад”, - омадааст дар изҳороти сафорати Тоҷикистон дар Русия.

Расонаҳои Русия хабар дода буданд, ки дар натиҷаи як садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Мичурин, дар деҳаи Кочетовка, 4 нафар ба ҳалокат расида, 4 нафар захмӣ шудаанд.

Мошини тамғаи “Приора” ба самти муқобил буромада, ба мошини тамғаи “Грант” бархӯрдааст. Ронандаҳо дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ду нафари дигар дар роҳ ҷон додаанд. Чаҳор нафари дигар дар беморхона бистарианд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

9 часов назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

14 часов назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

3 дня назад

Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид

3 дня назад

"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд

7 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ