Ҳалокати ду кӯдак – узви як оила дар Панҷакент дар натиҷаи заҳролудшавӣ аз “консерва”

Модари ва як кӯдаки дигараш дар ҳолати вазнин бистарӣ шудаанд.


Заҳролудшавӣ аз консерва дар Тоҷикистон

Акси марбута

Дар деҳаи Некноти шаҳри Панҷакент ду кӯдаки 9 ва 12-сола баъди хӯрдани “консерва” заҳролуд шуда, ба ҳалокат расидаанд. Гуфта мешавад, ҳарду узви як оилаанд. Аъзоёни дигар хонавода, модари 52-сола ва як кӯдаки 13-солааш дар ҳолати вазнин дар беморхона бистарӣ шудаанд.

“Азия-Плюс” бо такя ба иттилои Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мнеависад, ҳодиса 15-уми апрел рух додааст. 4 узви як оила дар рӯзи зодрӯзе яке аз кӯдакон аз “консерва”-и помидор, ки бо сирко омода шуда буд, хӯрда, заҳролуд шудаанд.

“Сабаби заҳролудшавии хонавода бемории ботулизм аст. Яке аз кӯдакон дар роҳ ба сӯи беморхона ва дуввумӣ дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.

Шарипова Роҳила, модари кӯдакон ҳамроҳи тифли дигараш дар шуъбаи эҳёи Беморхонаи шаҳри Панҷакент дар ҳолати вазнин қарор доранд”,- гуфтанд аз Вазорати тандурустӣ.

Ному насаби кӯдакон бо далели ноболиғ будани ҷабрдидаҳо ва риояи меъёри ахлоқӣ ошкор нашудааст.

Ин ҳодисаи аввал нест, ки хӯриши хонагӣ боиси марги чанд узви як оила мешавад.

Аз ҷумла, моҳи ноябри соли гузашта, дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 8 узви як хонавода аз хӯриши “икра” (хӯриш) заҳролуд шуда, се аъзои оила ба ҳалокат расида буданд.