fbpx

Ҳалокати чор тоҷикистонӣ дар як садама дар Қазоқистон

Як ноболиғ дар ҷойи ҳодиса ва як ноболиғи дигар дар шуъбаи эҳёи беморхонаи марказии ноҳияи Кобдинск ба ҳалокат расидааст.


0
Чор шаҳрванди Тоҷикистон дар Қазоқистон дар натиҷаи садама ба ҳалокат расиданд
Намогирифт аз гузориши милитсияи вилояти Актюбе

Бар асари садама дар Қазоқистон чор шаҳрванди Тоҷикистон кушта, чор нафари дигар захмӣ шуданд. Дар байни ҳалокшудагон ду ноболиғ ҳам ҳаст.

Ҳодиса субҳи 21 июн дар километри 631-и шоҳроҳи байнишаҳрии Самара-Шимкент дар вилояти Актюбе рух додааст.

Ронандаи автомобили Hyundai Starex – шаҳрванди Тоҷикистон, идораи нақлиётро аз даст дода, дар натиҷа мошин чаппа шудааст.

Дар ин бора, дафтари матбуоти идораи милитсияи вилояти Актюбе хабар додааст.

“Ронандаи мошини тамғаи “Hyundai Starex”, шаҳрванди Тоҷикистон, идораро аз даст дода, мошинро чаппа кардааст. Дар натиҷаи садама ду мусофир, аз ҷумла як духтари 15-сола дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”,- омадааст дар хабар.

Ба  иттилои манбаъ, чор нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхонаи наздиктарин бистарӣ шудаанд.

Баъдан маълум шуд, ки боз ду нафар, аз ҷумла як ноболиғ дар шӯъбаи эҳёгарии беморхонаи марказии ноҳияи Кобдинск ба ҳалокат расидаанд.

Вазъи ду нафари дигар вазнин арзёбӣ мешавад.

Кормандони шӯъбаи корҳои дохилии вилояти Актюбе дар робита ба марги шаҳрвандони Тоҷикистон бар асари садама ба тафтишоти пешакӣ шурӯъ кардаанд.

Тибқи иттилои пешакӣ ронанда дар ҳолати хастагӣ мошинро меронд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend