Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 14:1702.07.2024
7 нафар дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар шаҳри Кӯлоб ба ҳалокат расиданд. Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад, ки чор нафари онҳо, аз ҷумла се кӯдак аъзои як оила мебошанд.
Ҳодиса 27-уми июни соли 2024, дар деҳаи Офтоблиқои шаҳри Кӯлоб рух дод.
“Ронандаи 27-солаи автомашинаи “Опел-Астра” Бобоҷон Зоиров аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи дигари “Опел-Астра”, ки ҷавони 23-сола Умарҷон Латифов идора мекард, бархӯрдааст”,- менависад манбаъ.
Ба иттилои ВКД, дар пайи ҳодиса Умарҷон Латифови 23-сола ҳамроҳ бо панҷ мусофираш Рамазон Алиеви 25-сола, Бунафша Шариповаи 38-сола ва се фарзандаш - Аминҷони 5-сола, Алиҷони 10-сола ва Сабринаи 13-сола дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расиданд. Мусофири дигари ин мошин Рамазони Насимҷони 18-сола дар беморхона ба ҳалокат расид.
Ҳамаи фавтидагон сокинони ноҳияи Муъминобод мебошанд.
Ронандаи автомашинаи дигар Бобоҷон Зоиров бо се мусофираш: Нуралишои Қурбони 18-сола, Мадина Гуловаи 15-сола ва Панҷшери Муҳаммадзодаи 19-сола ҷароҳат бардошта, дар беморхона бистарӣ гардиданд.
Читайте также
"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд
2 дня назад
Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд
2 дня назад
Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?
4 дня назад
Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?
5 дня назад
Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад
5 дня назад