Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 14:3409.10.2023
Охири ҳафтаи гузашта дар ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон се садамаи марговар рух дод, ки дар натиҷа 4 нафар ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод.
Дар ҳодисаи якум, ки 5-уми октябр, тахминан соати 19:00 ба амал омадааст сокини 23-солаи ноҳияи Ашт ба ҳалокат расидааст.
Гуфта мешавад, ронандаи 36-солаи автомашинаи тамғаи “Хундай- Портер”, Рустамҷон Қодиров ҳангоми ҳаракат ба дучархаи “Скутер” таҳти идораи Асатбек Ҷӯраеви 23-сола бархӯрдааст.
Номбурда дар натиҷаи ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Садамаи дигар шаби 6-уми октябр, тахминан соати 01:20 ба амал омадааст.
Муродалӣ Ҳасанови 18-сола ҳангоми идораи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра” аз уҳдаи идораи он набаромада, ба канали обгузари канори роҳ дар ҳудуди ноҳияи Ёвон чаппа шудааст.
“Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур, Аҳлиддин Шамаеви 19-сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”,- гуфта мешавад дар хабар.
Дар ҳодисаи дигари нақлиётӣ, ки 6-уми октябр, тахминан соати 01:00 дар ҳудуди ноҳияи Хуросон рух додааст, 2 нафар ба ҳалокат расида 2 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.
“Ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Камри”, Муҳаммад Муродалиеви 32-сола ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи Хуросон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба девори хонаи истиқоматӣ бархӯрда, автомашинаро чаппа кардааст”,- гуфта мешавад дар хабари ВКД.
Дар ин садама худи ронанда, Муҳаммад Муродалиев ва мусофири 31-солааш Фаррух Холмуминов дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Мусофирони дигар, Амонулло Чориеви 33-сола ва Ёқуб Муродалиеви 32-сола ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Вазорат гуфтааст, оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
Як ҳафта пеш аз ин низ ВКД аз се садамаи марговар иттилоъ дода буд, ки дар роҳҳои ноҳияҳои Данғара, Ҷ.Балхӣ ва шоҳроҳи “Исфара – Конибодом” ба амал омада, боиси марги 3 нафар шуданд.
Читайте также
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
8 часов назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
14 часов назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
3 дня назад
Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид
3 дня назад
"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд
7 дня назад