Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 19:2421.06.2023
Дар як садамаи мудҳиши нақлиётӣ дар яке аз кӯчаҳои пойтахт 4 нафар ба ҳалокат расида, ду нафари дигар бо ҷароҳат дар беморхона бистарӣ шуданд. Дар ин бора РВКД дар шаҳри Душанбе хабар дод.
Ҳодиса имрӯз, 21-уми июн, тақрибан соати 17:20 дақиқа дар самти кӯчаҳои Н.Ганҷавӣ ва Сомони шаҳри Душанбе ба амал омадааст.
"Ронандаи автомашинаи тамғаи "БМВ", рақамҳои қайди транзитиаш С0496 j07, Султонов Сӯҳроб ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Н.Ганҷавӣ ба самти кӯчаи Сомон, дар назди тарабхонаи "Чаманоро" ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи "Мерседес", рақамҳои қайди давлатиаш 3177МВ01 бархӯрдааст",- менависад манбаъ.
Дар натиҷаи ронанда ва 3-нафар мусофири "Мерседес" ба ҳалокат расида, ронанда ва як нафар мусофири "БМВ" бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.
Ба гуфтаи Раёсат ба ҳолати мазкур мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.
Читайте также
"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд
6 часов назад
Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд
6 часов назад
Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?
2 дня назад
Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?
3 дня назад
Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад
3 дня назад