Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 11:5512.03.2024
Дар натиҷаи сарозер шудани як автомобил дар роҳи Душанбе-Чаноқ 3 нафар ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора бахши Раёсати КҲФ-и вилояти Суғд дар ноҳияи Айнӣ хабар додааст.
Ҳодиса дирӯз, 11 март тахминан соати 11:00 дар минтақаи мавзеи тагоби Хушекати ноҳияи Айнӣ, дар километри 147-уми роҳи автомобилгари Душанбе-Чаноқ рух додааст.
“Ронандаи автомашинаи тамғаи “OPEL ZAFIRA” аз идораи воситаи нақлиёт набаромада ба тарафи рости роҳ тақрибан ба чуқурии 800-900 метр сарозер шудааст, ки дар натиҷа автомашина оташ гирифтааст. Ҳангоми садама 3 нафар мард ва 2 нафар зан худро аз дохили автомашина ба берун мепартоянд, ки дар натиҷа 1 нафар мард ва 2 нафар зан ба ҳалокат мерасанд”,- менависад манбаъ.
[gallery columns="2" link="file" size="full" ids="34229,34227"]
Гуфта мешавад, гурӯҳи наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии вилояти Суғд дар водии Зарафшон бо роҳбарии сардори бахши Раёсат ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, 2 захмӣ ва 3 фавтидаро бо ёрии таҷҳизотҳои кӯҳнавардӣ аз чуқури бароварда ба беморхонаи марказии ноҳияи Айнӣ интиқол додаанд.
Читайте также
"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд
22 часов назад
Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд
22 часов назад
Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?
2 дня назад
Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?
4 дня назад
Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад
4 дня назад