Сел дар Ваҳдату Рӯдакӣ

Ҳалокати 13 нафар бар асари сел дар Тоҷикистон

Бар асари борони зиёди шаби гузашта ва омадани сел 13 нафар, аз ҷумла 11 нафар дар шаҳри Ваҳдат ва 2 нафар дар ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳалокат расиданд.

Дар ин бора хадамоти матбуоти президент хабар медиҳад.

Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистон дар робита ба ин ба наздикони шахсони ҳалокшуда изҳори ҳамдардӣ намуд, гуфта мешавад дар хабар.

Ҳамчунин сарвари давлат ба сарвазир, КҲФ ва дигар сохтору мақомоти дахлдор супориш додааст, ки ба оилаҳои шахсони дар натиҷаи офати табиӣ баҳалокатрасида кӯмак расонида, барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ чораҳои фаврӣ андешанд.

Skip to toolbar