logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Ҳалокати 11 нафар дар як садама дар Файзобод

Гуфта мешавад, хурдсолтарин қурбонии фалокат 2-сола ва бузургсолтаринаш 64-сола аст.

Your tj

13:5504.07.2023

Ҳалокати 11 нафар дар як садама дар Файзобод

Шумораи қурбониёни садамаи мудҳиши нақлиётӣ дар ноҳияи Файзобод ба 11 нафар расида, 4 каси дигар бо ҷароҳат бистарианд. Қаблан расонаҳо аз марги 8 нафар хабар дода буданд.

Гуфта мешавад, хурдсолтарин қурбонии фалокат 2-сола ва бузургсолтаринаш 64-сола аст.

Фоҷиа рӯзи 2-уми июл дар ҳудуди деҳаи Шаҳтакиёни ноҳияи Файзобод рух додааст.

Ба иттилои ВКД, ронандаи автомашинаи "Опел-Астра", Маҳмадсодиқи Маҳмадюсуфи 30-сола ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Ваҳдат ба самти муқобили роҳ баромада, ба нақлиёти Бобоҷон Шарипови 21-сола бархӯрдааст.

Қурбониёнро, ки ду ва ё се нафарӣ узви як оила ҳастанд, рӯзи 3-юми июл ба хок супурдаанд.

Дар наворе, ки дар шабакаҳои дида мешавад ду мошин дар роҳ сахт осеб дидаанд. Дар навори дигар камаш 6 нафари олуда ба хун рӯйи замин ва кати беморӣ дида мешаванд.

Дар се рӯзи охир, ба иттилои мақомот, тақрибан 13 нафар дар натиҷаи садамаҳо ба ҳалокат расидаанд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд

22 часов назад

Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд

22 часов назад

Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?

2 дня назад

Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?

4 дня назад

Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад

4 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ