fbpx

Қаллобон чӣ тавр аз суратҳисоби як сокини Тоҷикистон маблағи калонро дуздиданд

Қаллобон худро корманди яке аз бонкҳои Тоҷикистон муаррифӣ намуда, ба боварии зан даромада, аз суратҳисоби бонкии ӯ қариб 8 ҳазор долларро гирифтаанд.


-1
-1 points
Қаллобӣ дар тоҷикистон
Акси марбута аз манбаъҳои боз

Аз суратҳисобҳои пасандози сокини шаҳри Душанбе Лола А., ки дар яке аз бонкҳои Тоҷикистон гузошта буд, пули зиёдашро дуздидаанд. Аммо қаллобон худро корманди бонки дигар муаррифӣ кардаанд. Ҷабрдида хост, ки то гузаронидани тафтишоти дохилӣ номи бонкҳо ифшо нашавад. Ба ҳамин далел то ҳол бонкҳо ин ҳолатро шарҳ надодаанд.

Мо қиссаи ҷабрдидаро ба тафсил навиштем, то хонандагони мо бифаҳманд, ки онҳо ба кадом навъи қаллобӣ дучор шуда метавонанд ва қаллобон чӣ гуна корбарӣ мекунанд.

Ба гуфтаи Лола А., ҳамааш аз занги ба ном корманди бонк оғоз шуд. Як ҷавон ба ин зан занг зада гуфтааст, ки ба наздикӣ муҳлати корти ӯ дар яке аз бонкҳои маҳаллӣ ба охир мерасад, ки дар ҳақиқат чунин буд, зеро аз 1 июни соли ҷорӣ яке аз кортҳои Лола дигар эътибор надорад.

Ҳамсуҳбати мо аз он ки ин мард, ки худро корманди як бонки Тоҷикистон муаррифӣ карда, бо лаҳҷаи Москва бисёр “а” гуфта бо забони русӣ ҳарф мезад, шубҳа пайдо кард.

“Ӯ калимаи “сомонӣ”-ро аз тарзи талаффузи мо ба куллӣ дигар талаффуз мекард (мард дар ду ҳиҷои аввал ба ҷои “о” ҳарфи “а”-ро талаффуз мекард – қайди муҳаррир). Маълум буд, ки ба эҳтимоли зиёд ӯ рус аст”,- мегӯяд Лола.

Пас аз чанде ба Лола А. як нафари дигар занг зад, ки вай низ русӣ гап мезад. Ин мард худро корманди хадамоти бехатарии бонк муаррифӣ карда, гуфт, ки гӯё қаллобон суратҳисоби бонкии ӯро рахна карда, ба номи ӯ 50 ҳазор сомонӣ қарз гирифтаанд.

Ин мард, ба гуфтаи Лола, бо ӯ хеле хушмуомила буд ва ҳатто ба ӯ бо ному номи падариаш муроҷиат кард.

“Фикр мекунам, онҳо мехостанд аввал тафтиш кунанд, ки оё ин воқеан ман ҳастам. Ӯ пурсид, ки оё ман қаблан қарз гирифта будам ва пешниҳод кард, ки онро тафтиш кунам. Онҳо ба одамон аз ҷиҳати равонӣ фишори зиёд оварда гумроҳ мекунанд”, – нақл кард Лола А..

Сӯҳбат бо “корманди хадамоти бехатарии бонк” дар маҷмӯъ ҳудуди ним соат идома кард. Тамоми ин муддат корманд гӯё қарзи қаллобонро “махкам” мекард. Вай ҳамчунин аз зан хоҳиш кардааст, ки дар бораи ин суҳбат ба касе чизе нагӯяд, зеро ба гуфтаи ӯ, ин “маълумоти махфӣ” аст, ки метавонад “қаллобонро тарсонад”.

Дар давоми ним соат, қаллобон ӯро саволборон карда ҳамин тавр фишор меоварданд.

“Ӯ пурсид, ки шумо барои корт ба кадом бонк муроҷиат кардед. Дар умум, ӯ боз пурсид, ки чӣ гуна маълумот дар бораи корт ба дасти бегонагон афтодааст, шояд баъзе шиносҳо, шояд шумо рақами телефонро ба касе додаед. Ӯ гуфт, шумо бояд фикр кунед, нишаста ба ёд оред ва ба хадамоти бехатарии мо нақл кунед ва [агар] онҳо аз милитсия занг зананд, ба касе нагӯед, зеро ин маълумоти махфӣ аст ва он метавонад қаллобонро тарсонад”,- мегӯяд Лола А..

Ҳарду занг аз рақамҳои мобилии тоҷикӣ сурат гирифтааст, аз ин рӯ дар зан шубҳаеро ба вуҷуд наовардааст.

Дере нагузашта ба Лола СМС-паёмак омад, ки тақрибан тамоми маблағҳои мавҷуда аз пасандозаш дар бонки дигар – 640 сомонӣ аз пасандоз бо пули миллӣ ва ҳудуди 8 ҳазор доллар гирифта шудаанд.

“Дар аввал огоҳинома гирифтам, ки ҳамагӣ ҳудуди 3 ҳазор доллар аз ҳисоби ман гирифта шудааст ва умедвор будам, ки пули боқимондаро нигоҳ дошта метавонам, аммо тавре маълум шуд, ҳамаашро гирифтаанд”,- гуфт Лола.

Зан ба идораи марказии бонк рафт, вале ба гуфтаи ӯ, кӯмак карда натавонистанд.

“Бонк вазифадор аст, ки пули моро эҳтиёт кунад. Дӯстонам аз Лондон ба ман гуфтанд, шахсе, ки кӯшиши гирифтани қарзро дорад, ҳатман аз бонк занг зада мепурсанд, ки оё ӯ воқеан қарз гирифтанӣ аст? Дар он ҷо ба шумо аз як ҳазор фунт бештар стерлинг намедиҳанд, бонкҳо системаи муҳофизати сегона доранд.

Пас чаро системаи бонкии мо чунин нест? Чӣ гуна имкон дорад дар 20 дақиқа ин қадар маблағи калон дуздида шавад?”,- дар ҳайрат афтод ӯ.

Тавре Лола баъдтар маълум кард, қаллобон дар ниҳоят пули ӯро ба кортҳои бонкии Русия интиқол додаанд.

Ғайр аз он ки қаллобон аз пасандоз пулро дуздидаанд, ҳисобҳои ӯро дар мессенҷерҳои WhatsApp ва Telegram рахна карда, аз номи Лола А. ба дӯстону шиносонаш паёмак фиристода, хоҳиш кардаанд, ки маблағи муайянро ба корт интиқол диҳанд.

“Тавре фаҳмидам, худи онҳо дар кадом як нуқтаи Русия нишастаанд ва дар ин ҷо шариконе доранд, ки одамонро зери фишори равонӣ қарор медиҳанд”,- мегӯяд Лола.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ин зан гуфтаанд, ки чунин шикоятҳо ба онҳо низ зиёд меоянд ва маъмулан, истифодабарандагон корти як бонки муайян муроҷиат мекунанд.

Лола мегӯяд, ба дасти қаллобон асосан афроди солхӯрда меафтанд, зеро онҳо дар бораи технологияҳои нав фаҳмиши кам доранд ва аз ин рӯ, махсусан дар баробари қаллобон осебпазиранд.

“Мардуми мо хеле зудбоваранд ва баъзан намефаҳманд, ки набояд ҳеҷ гоҳ рамз ва дигар маълумоти махфии худро ба касе ифшо кунанд, зеро ин хатарнок аст”,- мегӯяд Лола.

Ҳоло Лола талош дорад бо кӯмаки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пулҳои дуздидашударо баргардонад.

Чӣ тавр фаҳмидан мумкин, ки қаллобон ба шумо занг мезананд

Мо бо бонке, ки пулҳои Лола А. аз он ҷо ғайб задааст, тамос гирифтем, вале онҳо то ҳол чизе гуфта наметавонанд, зеро тафтишоти дохилӣ идома дорад.

Бонк якчанд маслиҳатҳои муҳим дод, ки метавон бо ин роҳ қаллобонро фавран муайян кард.

Якум. Кормандони бонк ҳеҷ гоҳ ба мизоҷонашон занг намезананд. Ҳатто агар худатон ба он ҷо занг зада бошед ҳам, аз шумо хоҳиш мекунанд, ки ба идораи онҳо равед. Кормандони бонк аз муштариён ягон маълумоти дигар намепурсанд ва муҳокима намекунанд.

Дуюм. Агар ба шумо занг зада гӯянд, ки ба номатон қарз гирифтаанд, бояд донед, ки онҳо қаллобанд. Дар Тоҷикистон ягон бонк ба номи шумо ба таври онлайн ва бидуни ҳузури шахсии шумо қарз намедиҳад. Дар баъзе бонкҳо қарзҳои хурд гирифтан мумкин, дар Бонки Алиф бо пули нақд қарз медиҳанд, аммо на бештар аз 2 ҳазор сомонӣ ва ба мӯҳлати то 15 рӯз.

Сеюм. Худро гум накунед, вақте нафарони бо шумо тамос гирифта ба шумо бо ном ва номи падариатон муроҷиат мекунанд. Фикр накунед, ки агар ба шумо ин тавр муроҷиат карданд, ҳатман кормандони бонк ҳастанд.

Номи пурраи шуморо ба осонӣ фаҳмидан мумкин аст, зеро мо дар шабакаҳои интернетӣ дар бораи худ аз ҳад зиёд маълумот мегузорем. Масалан, дар кадом як шарҳе ба шумо бо ном ва номи падариатон муроҷиат кардаанд, дар ҷое шумо рақами телефони худро ишора кардаед ва қайд намудаед, ки ҳамёнҳои кадом бонкҳо ба кадом рақамҳои шумо пайванданд, ҳатто шояд рақамҳои кортро дар ҳамон шарҳҳо гузоштаед. Ҳамаи ин маълумот ба қаллобон дастрасанд.

Чорум. Бо вуҷуди ин, касе шуморо бовар кунонида тавонад, ки аз бонки шумост, ба ӯ ҳеҷ гуна маълумотро дар бораи суратҳисобҳо, кортҳо ва ё дигар маълумоти шахсиятон пешниҳод накунед. Кормандони бонк ҳеҷ гоҳ рақамҳои кортҳо, рамзҳо ё ягон маълумоти дигарро дар бораи ҳисобҳо ва кортҳои шумо намепурсанд.

Панҷум. Маълумоти зиёдеро дар паёмнависҳои худ нигоҳ надоред. Ҳоло рахна кардани Telegram ва WhatsApp осон аст, тавассути онҳо ҳама маълумот ва ҳама мукотибаи шуморо дастрас кардан имкон дорад. Агар андаке шубҳа пайдо кардед, ки қаллобон ба маълумотҳои шумо дастрасӣ пайдо кардаанд, рамзҳои худро дарҳол иваз кунед.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend