Ҷасади Рустам Ашӯровро касе аз наздиконаш талаб накардааст
Мақомоти Молдова мегӯянд, касе аз наздикони Рустам Ашӯров, афсари cобиқи тоҷик барои гирифтани ҷасади ӯ муроҷиат накардааст. Ашӯров, баъд аз куштани ду нафар дар Фурудгоҳи Кишинёв дастгир шуд ва шаби сеюм ба чоруми июл дар яке аз беморхонаҳои ин шаҳр даргузашт.
Эмил Гайтур, сухангӯи Додситонии Молдова ба хабаргузории ТАСС гуфтааст, дар сурати пайдо нашудани хешовандони шаҳрванди Тоҷикистон мумкин аст ӯро дар ҳамин кишвар дафн кунанд. Мақомоти Молдова гуфта буданд, шаҳрванди Тоҷикистон баъди куштани ду маъмури амниятии фурудгоҳ даҳ тир хӯрда, ба ҳуш наомада буд.
Ба гуфтаи мақомоти Молдова Ашӯров дар гузашта маъмури пулиси Тоҷикистон будааст. Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, ӯ яке аз аъзоёни гуруҳи созмонёфтаи ҷиноӣ аст, ки дар рабудани Шӯҳрат Исматуллоев, муовини раиси “Ориёнбонк”даст дорад.
Оғози ҷаласаи навбатӣ оид ба марз байни Тоҷикистону Қирғизистон
Дирӯз, 4-уми июл дар вилояти Бодканди Қирғизистон ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъйин ва аломатгузории хатти марзи ду кишвар оғоз шудааст.
Дар ин бора “Радиои Озодӣ” бо такя ба иттилои бахши қирғизии ин расона хабар дода менависад, намояндаи махсуси Девони вазирони Қирғизистон дар умури марзӣ Назирбек Борубоев гуфтааст, ин ҷаласа то 9-уми июл идома мекунад.
“Масъалаҳои марзӣ зуд ҳал намешаванд. Мо баҳс мекунем ва сипас ба созиш мерасем. Минтақаҳои хеле душвор боқӣ мондааст. Бинобар ин, ба ҳамдигар далелҳои худро пешниҳод мекунем ва бар асоси онҳо, ба созиш мерасем”,- гуфтааст ӯ.
Ҷаласаи ахири гурӯҳҳои кории ду кишвар рӯзҳои 5-11 июни имсол дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд.
Бо гузашти се даҳсола аз истиқлоли ҳарду кишвар, аз 987 километр марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон бештар аз 600 километри он таъйину нишонагузорӣ шудааст.
Азбаски зиёда аз 300 километри он бе аломату баҳсбарангез аст, байни сокинони ду тараф барои манобеи табиӣ ба мисли об, чарогоҳу замин ва роҳ муноқишаҳои хунин сар задааст.
Ду садама ва марги ду нафар дар як рӯз
Дирӯз, 4-уми июл дар натиҷаи ду садамаи нақлиётӣ як ноболиғи 12-сола ва ҷавони 24-сола ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад.
Ҳодисаи аввал тахминан соати 05:40 дақиқаи субҳ ба амал омадааст.
“Ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Раҳимзода Амири 39-сола, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Рӯдакӣ-Ҳисор”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, дучархарони ноболиғ, Ёров Умари 12-сола, сокини шаҳри Ҳисорро пахш намудааст”,- омадааст дар хабар.
Дар натиҷа дучархарони ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Шаби ҳамон рӯз, тахминан соати 22:40 дақиқа автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” таҳти идораи Хоҷаев Муроди 30-сола, дар километри 230-юми роҳи “Душанбе – Чаноқ” ба канори рости роҳ чаппа шудааст.
Дар натиҷа Акоҷонов Шарафи 24-сола, сокини шаҳри Истаравшан аз ҷароҳатҳои бардоштааш ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад, гуфта мешавад дар хабар.
Нигаронии СММ аз таъқиби дигарандешон дар Тоҷикистон
Коршиносони Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) аз вазъи ҳомиёни ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда, аз мақомоти кишвар хостаанд, то тааҳҳудоти байналмилалии худ дар мавриди риояти ҳуқуқи башарро иҷро кунанд.
“Мо ба ҳукумат хотиррасон мекунем, ки ҷиноят донистани фаъолияти қонунии ҳомиёни ҳуқуқи башар бо уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи башар созгор нест”, – омадааст дар изҳороти Шӯрои ҳуқуқи башари СММ, ки рӯзи 4-уми июл нашр шудааст.
Онҳо бар ин назаранд, ки монанд кардани ҳомиёни ҳуқуқи башар бо ифротгароён ва террористон “амали хеле хатарнок” аст.
Дар муроҷиатнома гуфта мешавад, ки дар 3 моҳи ахири соли 2022-юм 8 рӯзноманигор, блогер ва ҳомиёни ҳуқуқ ба мӯҳлатҳои аз 7 то 29 соли зиндон маҳкум шуданд.
Дар гузориш аз Далер Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидамиминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Улфатоним Мамадшоева, Манучеҳр Холиқназаров, Иргашов Фаромарзов ва Гул Хушом ном бурда мешавад.
“Мо аз истифодаи ошкори қонунгузории зиддитеррор барои хомӯш кардани мунаққидон изҳори нигаронии ҷиддӣ мекунем”, – таъкид мекунанд СММ.
СММ боздошти афроди дар боло зикршударо ба инъикосашон аз масоили иҷтимоӣ ва нақзи ҳуқуқи башар рабт медиҳанд.
“Муҳокимаи одилона ва ошкоро аз ҷониби судҳои босалоҳият, мустақил ва беғараз як кафолати муҳим барои ҳама тибқи қонуни байналмилалии ҳуқуқи башар мебошад. Аммо маълумоти бадастомада нишон медиҳад, ки меъёрҳои мурофиаи одилона дағалона вайрон карда шудаанд”, – мегӯянд коршиносони СММ.
Дар муроҷиат ба маҳдуд кардани дастрасии маҳкумшудагон ба адвокатҳо, гурӯҳбандии парвандаҳои ҷиноятӣ, мурофиаҳои пӯшида ва дигар қонуншиканиҳои мурофиавӣ интиқод мешавад.
Масъулони СММ аз гузоришҳо дар бораи нопадид шудани Завқибек Саидаминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Гул Хушом, дар ҳоле, ки Далер Имомалӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Улфатоним Мамадшоева мавриди бадрафторӣ ва шиканҷа қарор гирифтаанд, аз ҷумла барои гирифтани эътирофи бардурӯғ, нигаронӣ мешавад.
Онҳо тақозо мекунанд, ки ин иттиҳомот фаврӣ, беғаразона ва муассир тафтиш карда шавад ва масъулон ҷавоб диҳанд.
Ҳамчунин, дар ин муроҷиат аз шароити боздошти афроди дар боло зикршуда ва вазъи саломатии онҳо изҳори нигаронӣ мешавад.
“Вақти он расидааст, ки Тоҷикистон омодагии худро барои фароҳам овардани фазои мусоид ва амн барои ҳамаи ҳомиёни ҳуқуқи башар мутобиқи ӯҳдадориҳои байналмилалии худ нишон диҳад”, – таъкид мекунад дар поёни муроҷиатнома.
Ёдовар мешавем, ки аз боздошт ва ҳабси Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ як сол мегузарад ва хонаводаи онҳо аз ҳукмҳои сангини онҳо норизоянд.