Акнун муҳоҷирон имтиҳонотро барои дарёфти иҷозаи иқомат зери камераи назоратӣ месупоранд

Арзиши равған ҳам ба дунболи орд боло рафт

Ба дунболи орд чанд рӯзи ахир нархи баъзе аз навъҳо равғани 5 литраи растанӣ  то 30 сомонӣ ва як кило шакар то 1 сомонӣ дар бозорҳои Тоҷикистон боло рафтааст. Ин навъи маҳсулоти ниёзи аввал асосан аз Қазоқистону Русия ворид мешавад ва ба гуфтаи ҳолдонҳо баъди он, ки ин кишварҳо дар содироти маҳсулот маҳдудият ҷорӣ карданд, нархи он дар бозорҳои Тоҷикистон якбора боло меравад.

Дар бозорҳои вилояти Суғд ҳоло қимати як литр равғани офтобпарасти истеҳсоли Русия то 30 сомонӣ боло рафтааст, ки чанд рӯз пештар 24-26 сомонӣ буд. Фурӯшандагони ин наъи маҳсулот дар бозори “Панҷшанбе”-и шаҳри Хуҷанд мегӯянд, ба дунболи равғани истеҳсоли русӣ, равғани растании ватанӣ, ки маъмулан ашёи хоми он аз хориҷи кишвар меояд, боло меравад.

Илҳом як фурӯшандаи равған мегӯяд, давоми чанд ҳафтаи ахир равғани офтобпарасти ширкати “Олейна”-и Русия якбора боло рафта, ҳоло 5 литри он дар бозор то 150 сомонӣ нарх дорад. Аммо ин навъи равған дар оғози моҳи май то 130 сомонӣ нарх дошт ва ҳоло низ аз гаронтарин равған дар бозор маҳсуб меёбад. Вай гуфт, ба ҳисоби миёна як литр навъҳои дигари равғани растании истеҳсоли Русия то 28 сомонӣ ва истеҳсоли худӣ каме арзонтар 26-27 сомонӣ нарх дорад.

Равғани пахтаи истеҳсоли ватанӣ низ ба дунболи равғани воридотӣ рӯзҳои охир каме гарон шуда як килои он аз 21-22 сомонӣ то 25 сомонӣ боло рафтааст.

Нархи равған дар ҳоле гарон мешавад, ки давоми чанд рӯзи ахир қимати як халта орди 50 килоии навъи якум аз 360 то 370 сомонӣ ва шакар аз 685 то 700 сомонӣ боло рафтааст. Нархи орд аз оғози моҳи март ба таври бесобиқа боло меравад ва ду моҳ пештар низ як халта орд аз 265-270 сомонӣ то 300-320 сомонӣ боло рафта буд. Ҳамин тавр нархи орд аз оғози моҳи март то нимаи моҳи май каму беш 100 сомонӣ гарон шудааст.

Дар Душанбе 80-солагии Малика Собирова бошукӯҳ таҷлил мешавад

Дар Душанбе 80-солагии ситораи балети тоҷик Малика Собирова, Ҳунарпешаи халқии ИҶШС ва Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ таҷлил мешавад.

Барои ширкат дар барномаи фарҳангӣ устодони ҳунар аз кишварҳои хориҷ низ омадаанд, хабар медиҳад Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Ҳамин тавр дар назди тамошобинони тоҷик ҳунармандони балет аз Русия, Ӯзбекистон, Ҷопон ва Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунанд.

Барномаи фарҳангӣ таҳти унвони “Малика: дирӯз, имрӯз ва ҳамеша” рӯзҳои 21-22 май, соати 18.00 дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ баргузор мешавад.

Балеринаи нотакрори тоҷик Малика Собирова 22 майи соли 1942 дар шаҳри Сталинобод ба дунё омадааст. Ӯ аз хурдӣ ошиқи балет будааст ва бо падараш зуд-зуд тамошои ин намуди ҳунар меомадааст.

Соли 1952 Коллеҷи хореографии Ленинград (Академияи балети руси ба номи А. Я. Вагановаи кунунӣ) гурӯҳи тоҷикӣ созмон дод. Собирова барои омӯзиш дар ин коллеҷ пешниҳод шудааст ва тирамоҳи ҳамон сол барои таҳсил ба Ленинград рафтааст.

Пас аз нуҳ сол Малика Собирова балеринаи театри опера ва балети тоҷик шуд ва аллакай дар мавсими аввал нақшҳои марказиро иҷро мекард.

Номи Собирова дар саросари Иттиҳоди Шӯравӣ то рафт машҳур мешуд ва дар соли 1964 балерина дар Маскав бо ҳунарманди номии балет – Галина Уланова ҳамкорӣ мекунад.

Балеринаи тоҷик ба аксари кишварҳои ҷаҳон, Бритониё, Ирландия, Ҷопон, Эрон, Миср, Урупо, Куба, Австралия ва Амрикои Лотинӣ сафарҳои ҳунарӣ доштааст.

Бо ҳамсараш, солисти балети ҶШС Тоҷикистон Музаффар Бурҳонов ӯ беҳтарин саҳнаҳои худро иҷро кардааст.

Шамоли сахт дарахтҳоро болои автомашинаҳо чаппа кардаву боми хонаҳоро барканд

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар шамолҳои сахт ва боришоти зиёд ба қайд гирифта шуд.

Тавре ки маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҷумҳурӣ хабар медиҳад, бегоҳӣ дар шаҳри Душанбе аз ҳодисаҳое назири шикастани дарахтон ва бардошта шудани боми хонаҳо аз боди сахт хабар расид.

Аз ҷумла 19 май соати 20:36 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар наздикии бинои ҳукумати ноҳияи Фирдавсии пойтахт дар кӯчаи ба номи Неъмат Қарабоев, бар асари боди шадид як дарахти азим болои мошини тамғаи “Ниссан” чаппа шуд.

“Ғайр аз ин соати  21:48 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар ҳудуди маҳаллаи Навбаҳор-2 ноҳияи Сино шамол боми як хонаи шашоёнаро ба замин зада, дар натиҷа боми ҳудудан 500 метри мураббаъ болои 7 мошин дар наздикии худ сарозер шуд”, – омадааст дар хабари Кумита.

Гуфта мешавад, ин ду ҳодиса талафоти ҷониву хисорати дигар надошт.

Барои рафъи паёмадҳои ин ду ҳодиса наҷотдиҳандагони Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе сафарбар шуда, корҳо зарурӣ пурра анҷом дода шуданд.

Дар ҳамин иртибот Кумита аз соҳибони мошинҳои шахсӣ хоҳиш мекунад мошинҳои худро дуртар аз дарахтон ва биноҳои бомашон ларзону осебпазир гузоранд.

Шоми рӯзи 19 май май дар натиҷаи боронҳои пуршиддат дар қаламрави ҷамоати Додобой Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба  маҳаллаҳои Сайҳун ва Темурмалик  сел омад.

Дар натиҷа роҳи дорои аҳамияти маҳаллӣ қисман хароб шуда, ҳамчунин сел ба системаи обёрӣ ва таҳхонаи иншооти ёрирасон низ зарар расонд.

Ҳамчунин соати 21:30 боронҳои пуршиддат боиси омадани сел дар ҳудуди ҷамоати Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров шуданд. Дар ҷойи ҳодиса дар айни замон Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия фаъолият дорад. Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Зикр мегардад, ки шабонарӯзи гузашта кормандони Раёсати жолаи Кумита дар қаламрави шаҳрҳои Турсунзода, Ёвон ва ноҳияи Кушониён бо партоби мушакҳои зиддижола 7 ҳолати таҳдиди хатари жоларо барҳам заданд.

Акнун муҳоҷирон имтиҳонотро барои дарёфти иҷозаи иқомат зери камераи назоратӣ месупоранд

Супоридани имтиҳони забони русӣ барои гирифтани иҷозатномаи иқомат дар Русия бо тартиби нав сурат мегирад.

Дар ин бора Вазорати маориф ва илми Русия хабар дода, афзуд, ки санҷишҳо минбаъд зери дурбини назоратӣ сурат мегиранд.

“Вазорат бастаи тағйирот дар имтиҳонотро пешниҳод мекунад. Аз ҷумла имтиҳони шифоҳӣ зери дурбини назоратӣ бо сабти раванди он сурат мегирад”, – омадааст дар иттилоия.

Ташаббускорон мегӯянд, ин иқдом имкон медиҳад, ки қабули имтиҳонот шаффоф сурат бигирад.

Инчунин Вазорати маориф ва илми Русия тарҳеро пешниҳод кардааст, ки шумораи имтиҳоноти ҳатмӣ барои муҳоҷирон аз кишварҳои бидуни раводид кам гарданд.

Бар асоси тағйироти пешниҳодшуда дар қарори ҳукумат дар бораи тасдиқи талаботи ҳадди ақали дониш барои супоридани имтиҳоноти забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунии Русия, интизор меравад, қисмати хаттӣ лағв гардад.

Таъкид шудааст, ки муҳоҷирон аз кишварҳои бидуни раводид метавонанд имтиҳони хаттии забони русӣ ва инчунин таъриху асосҳои ҳуқуқи Русияро насупоранд. Ягона банди ҳатмӣ барои муҳоҷирон аз кишварҳои бераводид имтиҳони шифоҳии забони русӣ хоҳад буд.

Skip to toolbar