Акнун 15 сомонӣ. Дар Душанбе расман арзиши хизматрасонии таксиҳо гарон шуд. Мухтасари хабарҳои рӯз

Ба Тоҷикистон боз як миқдор ваксинаи чинӣ оварда шуд

Рӯзи 30 август ба шаҳри Душанбе миқдори навбатӣ – 500 ҳазор воя (доза)-и ваксинаи истеҳсоли Чин – CoronaVac оварда шуд, хабар медиҳад Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ.

Ёдрас мекунем, ки пештар Чин ба Тоҷикистон ба таври ройгон зиёда аз 2 млн вояи ваксинаи CoronaVac-и истеҳсоли ширкати “Sinovac Research & Development Co.” дода буд.

Тавофуқ бобати таҳвили миқдори нави ваксина ба сифати кумаки башардӯстона 1 марти соли 2021 зимни гуфтушуниди президенти Тоҷикистн Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Чин Си Ҷинпин ҳосил шуда буд.

Масъалаи интиқоли ваксина чанде пеш дар мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо сафири Чин дар Тоҷикистон Лю Бин низ баррасӣ шуда буд.

Ба ҳолати то 23 август дар Тоҷикистон 1 млн 891 ҳазору 850 нафар шаҳрвандон ба ваксинатсия зидди бемории коронавируси COVID-19 фаро гирифта шуданд. Инчунин воя (доза)-и дуюми ваксинаро то санаи зикргардида беш аз 363 ҳазору 895 нафар шаҳрвандони мамлакат гирифтаанд.

Калонтарин шифохонаи Суғд баъди ду моҳи қарантинаи COVID -19 ба реҷаи муқаррарӣ мегузарад

Бо кам шудани шумори сироятёбӣ ба коронавирус, Бемористони клиникавии Суғд маъруф ба (облболниса) ба реҷаи муқаррарӣ мегузарад

Ин шифохона дар оғози моҳи июл дар пайи доман паҳн намудани бемории COVID-19 ба реҷаи қарантинӣ гузашта буд ва шуморе аз гирифторони “вируси корона” дар ин макон бистарӣ карда мешуданд.

“Алҳол 6 нафар бистарӣ буда, вазъи саломаташон муътадил арзёбӣ мешавад. Қарор аст, то ду се рӯзи оянда ҳамаи онҳо ба хонаҳояшон рухсат шаванд”, – гуфтааст Фирӯз Комилов, сартабиби Шифохонаи клиникавии Суғд.

Комилов таъкид намудааст, ки барои гузаштан ба реҷаи маъмулӣ корҳои безараргардонии ҳуҷраҳои табобатӣ ҷараён дорад.

Беморхонаи клиникавии Суғд ба номи С. Қутфиддинов дар Суғд дар умум аз 31 шуъба ва ҳудуди 600 койка иборат буда, аз бузургтарин шифохонаҳо дар шимоли кишвар ба ҳисоб меравад.

Тақдими медал аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ба Рустами Эмомалӣ

Имрӯз, 31 август раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ба бархе аз мансабдорони кунуниву пешина ва вакилони парлумон мукофоти давлатӣ супурд.

– Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  88 нафар бо Медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва 2 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, сарфароз гардиданд,- хабар медиҳад хадамоти матбуотии президент.

Аз ҷумла, дар миёни мукофотгирандагон Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода, сарвазир Қоҳир Расулзода, шаҳрдори собиқи Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, сарвазири пешин Оқил Оқилов, сиёсатмадорони куҳнакори тими президент Талбак Назаров, Абдумаҷид Достиев, Ҳамрохон Зарифӣ, муфтии кишвар Саидмукаррам Абдулқодирзода, академик Акбар Турсон, шоирон Аскар Ҳакиму Меҳмон Бахтӣ, нависанда Кароматулло Мирзоев ва дигар чеҳраҳои шинос дида мешавад.

Таъсири нархи сӯзишворӣ: дар Суғд роҳкиро 25 % баланд шуд

Шурӯъ аз пагоҳ 1 сентябр нархи роҳкирои мусофиркашонӣ дар ҳама шаҳру навоҳии Суғд то 25 % тағйир ёфта, барои хатсайрҳои дохилишаҳрӣ 2 сомонӣ муқаррар шудааст. Нархномаи нав бо фармони Азим Иброҳим, вазири нақлиёт тасдиқ гардидааст ва сабаби болоравии арзиши роҳкиро гароншавии бесобиқаи нархи сӯзишворӣ гуфта мешавад.

Олим Очилзода, мудири шуъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи ҳукумати Суғд гуфтааст, ки тибқи нархномаи нав арзиши роҳкирои хатсайрҳои дохилишаҳрӣ 50 дирам ва барои нақлиёти наздишаҳриву байнишаҳрӣ аз 3 то 5 сомонӣ боло бурда мешавад.

“Фармони вазири нақлиёт дар бораи тағйирёбии нархи роҳқиро аз 21 июли тасдиқ гардидааст. Бар асоси ин фармон арзиши мусофиркашонӣ барои ҳар як километр 24 дирам муқаррар шудааст. Мо шароити иқтисодии мардумро ба назар гирифта арзиши роҳкирои дохилишаҳрӣ 2 сомонӣ ва ҳаминтавр наздишаҳрӣ ва байнишаҳрӣ аз 14 то 22 сомонӣ муқаррар карда шудааст”, – гуфтааст Очилзода.

Дар вилояти Суғд масъулияти мусофиркашониро асосан ширкатҳои хусусӣ ба иҷро мерасонанд.

Расман: Арзиши хидматрасонии таксиҳо ҳам дар Душанбе гарон шуд

Роҳкирои таксиҳои фармоишӣ дар Душанбе (“Рахш такси”, “1такси”, “Asian Express” ва ғайра) расман қиммат шудааст. Дар ин бора аз Хадамоти зиддиинҳисории кишвар ба “Азия плюс” хабар додаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, акнун баробари савор шудан ба таксӣ ва то 3 км рафтан, ки 10 сомонӣ буд, мусофирон 15 сомонӣ пардохт мекунанд. Пас аз ин, 1 километри роҳ, ки пештар 2,5 сомонӣ буд, 3 сомонӣ ҳисоб карда мешавад.

Ба гуфтаи ин ниҳод, чанде рӯз пеш, ҳамаи ширкатҳои хизматрасонии таксӣ нархи навро бо онҳо мувофиқа кардаанд ва Хадамоти зиддинҳисорӣ иҷозат дод.

– Нархҳои нав дар пасманзарӣ қиммат шудани нархи газу бензин дар кишвар амалӣ шуд, чунки нархи пештара хароҷоти таксиҳоро намепӯшонид,- гуфтанд аз Хадамоти зиддиинҳисорӣ.

Имсол 240 ҳазор нафар ба синфи 1 мераванд

Бино ба иттилои Вазорати маориф ва илми кишвар  имсол 240 ҳазор нафар ба синфи 1 мераванд. Ҳамчунин аз ин ниҳод гуфтанд, ки ба фарқ аз солҳои пешин, имсол “Дарси сулҳ” тариқи телевизионҳои кишвар ба таври зинда нашр намешавад.

– “Рӯзи дониш” фавран бо дарсҳо оғоз мешавад, на аз тамошои оммавии пахши мустақими телевизионӣ дар муассисаҳоии таълимии кишвар. Президент Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Гимназияи рақами 4 -и шаҳри Душанбе ширкат карда, бо омӯзгорон ва хонандагони мактаб мулоқот хоҳад кард”, – гуфтаанд дар вазорати маориф.

Ҷабборов гуфт, Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Туркманистонро узви ИИАО дидан мехоҳад

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов гуфтааст, се кишвари дигари Осиёи Марказиро дар узвияти созмони АвруОсиё дидан мехоҳад.

Ӯ ин нуктаро 30 август зимни суханронӣ бо намояндаҳои созмонҳои байналмилалӣ ва сафирони кишварҳои хориҷӣ изҳор доштааст, хабар медиҳад, котиботи президенти Қирғизистон.

Ба иттилои манбаъ, Ҷабборов зимни суҳбат аз бурдҳои кишвараш баъди вуруд ба ин созмон ҳарф зада, гуфтааст, ки мехоҳад шарикони наздиктарини минтақавӣ – Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистонро узви ин созмон бубинанд.

Дар мавриди даъвати шомилшавии Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон қаблан низ собиқ президенти Қазоқистон, Нурсултон Назарбоев изҳори назар карда буд.

Ӯ зимни мулоқот бо нахуствазири Русия Михаил Мишустин гуфт, ки Тоҷикистон Ӯзбекистон ва Туркманистон бояд ба ин иттиҳод ҳамроҳ шаванд.

Skip to toolbar