Академияи рӯзноманигори навкор аз Your.tj


Your.tj қабули иштирокчиёнро барои омӯзиш ба Академияи рӯзноманигори навкор эълон менамояд.

Дар омӯзиш хоҳишмандон метавонанд бидуни маҳдудияти синну сол ва таҷрибаи рӯзноманигорӣ ширкат варзанд. Шумо метавонед  донишҷӯ, соҳибкор, корманди давлатӣ,  рӯзноманигори навкор ё ягон нафари дигар бошед. Инчунин барои мо дар кадом минтақаи Тоҷикистон будани Шумо муҳим нест.

Омӯзиш дар шакли онлайн мегузарад. Шумо барои шунидани мураббӣ соатҳо дар Зум нахоҳед нишаст. Дар ҳафтае ду маротиба, иштирокчиён пайванди дарси навро мегиранд, ки он дар Youtube гузошта мешавад. Инчунин дар он пайванд ба презентатсия ва модулҳои мавҷуда, ки мураббӣ бо он кор мекунад, гузошта мешавад.

Барои гуфтугӯ бо тренер дар мессенҷер як соати дигар вақт ҷудо карда мешавад, ки дар он иштирокчиён метавонанд аз тренер супориш гирифта саволҳои худро диҳанд ва ба он ҷавоб гиранд.

Мо ба шумо тарзи навиштани хабар, таҳияи кэпшн-видео, наворбардорӣ ба телефони мобилӣ, таҳрири видео, таҳияи инфографикаи оддӣ, кор бо аудитория ва таҳлили онро меомӯзем.

Омӯзиш ду моҳ идома мекунад. Боз ду моҳи дигар иштирокчиён бо мураббиён аз рӯйи маводҳои омодакардаи хеш кор хоҳанд кард.

Дар натиҷа, шумо шаҳодатнома ва имконияти ҳамкории доимиро бо Your.tj-ро соҳиб мегардед.

Забонҳои корӣ: тоҷикӣ (бештар) ва русӣ

Қабули ҳуҷҷатҳо 10-уми декабр ба итмом мерасад. Шумораи ҷойҳо маҳдуд нест, аммо Шумо номнавис карданро ба таъхир нагузоред.

Барои ин, шумо бояд ба пайванди https://clck.ru/S8Bow ворид шуда, варақаро пур намоед.

Лоиҳаи мазкур дар доираи барномаи MediaCAMP дар Осиёи Марказӣ ва дастгирии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) амалӣ карда мешавад.