Дастаи наврасони футболи Тоҷикистон (U-17) дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 барои гузаронидани машқҳои дастаҷамъӣ ба шаҳри Дубай сафар намуд.
Тавре Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, тамринҳо то 2 май идома ёфта, ба он сармураббӣ Далер Қаюсов 26 бозигарро даъват кардааст. Аз ҷумла, ҳайат аз 3 дарвозабон, 10 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар иборат аст.
Ба иттилои манбаъ, дар доираи ин ҷамъомад ситоди мураббиён омода аст ҳамоҳангии бозигаронро беҳтар намуда, таркиби ниҳоии даста барои мусобиқа муайян карда шавад. Ба рӯйхати ниҳоӣ 23 бозигар шомил мегарданд.
Ҷоми Осиё-2026 дар Арабистони Саудӣ
Қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 миёни наврасон аз 5 то 22 май дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад. Ин мусобиқа ҳамзамон интихобии Ҷоми ҷаҳон миёни наврасон ба ҳисоб меравад.
Дастаи Тоҷикистон ба гурӯҳи A шомил шуда, бо тимҳои Арабистони Саудӣ U-17, Таиланд U-17 ва Мянма U-17 рақобат мекунад.
Ҷадвали бозиҳои Тоҷикистон:
5 май — бо Таиланд
9 май — бо Мянма
12 май — бо Арабистони Саудӣ
Дарвозабонҳо: Абубакр Раҳмонқулов («Панҷшер»), Муҳаммадраҳим Раҳмонов («Хосилот»), Рамазон Абдуллозода («Душанбе»).
Ҳимоятгарон: Исломҷон Хоҷиев (Академияи «Крылья Советов», Русия), Мактум Алидодов («Ал-Наср», АМА), Фурқон Раҳимзода («Хосилот»), Мустафо Ҳасанбеков («Истиқлол»), Садриддин Сатторов, Озодбек Танджихолов, Ёқубҷон Муродов (ҳама — «Вахш»), Мунаввар Анварзода, Ҳикматулло Кабиров, Муҳаммадҷон Кароматуллозода (ҳама — «Душанбе»).
Нимҳимоятгарон: Ёсин Юсупов (Академияи «Леванте», Испания), Меҳрубон Одилзода («Истиқлол»), Парвиз Бобоназаров («Вахш»), Муҳаммадҷон Мираҳмадов («Баркчи»), Олимҷон Олимов, Сиёвуш Назаров, Азизҷон Шодиев, Комилҷон Шарипов, Фирдавси Ҳалимов (ҳама — «Душанбе»).
Ҳамлагарон: Парвиз Сангов («Космос», Русия), Асадбек Махтумов («Эсхата»), Биҳишти Раҷабзод, Алишҷон Шӯҳратҷонзода (ҳама — «Душанбе»).
