AI Beyond Heights 2025: Тоҷикистон дар роҳ ба сӯйи фатҳи қуллаҳои нави зеҳни сунъӣ

25-уми октябр дар шаҳри Душанбе, бо ибтикори ҳукумати кишвар ва ташаббусҳои Шӯрои зеҳни сунъӣ назди Вазорати саноат ва технологияҳои нав, инчунин ширкатҳои ватании zypl.ai ва Area AI, Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ – AI Conf 2025 баргузор мегардад.

Экосистемаи зеҳни сунъӣ дар кӯтоҳтарин муҳлат босуръат рушд карда, Тоҷикистон ба як минтақаи ҷолиб барои ширкатҳои пешсафи ҷаҳонии зеҳни сунъӣ табдил ёфта истодааст.

То имрӯз соҳаи зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон тавонист ҳамкориҳои стратегиро бо ширкатҳои пешсафи ҷаҳонӣ аз ИМА, Фаронса, АМА ва дигар мамлакатҳо ба роҳ монад.

Ташаббусҳои муштарак аз таҳия ва эҷоди моделҳои забонии калон (LLM) то татбиқи ҳалли зеҳни сунъӣ дар бахшҳои гуногун маҳаки асосии ин ҳамкориҳоро ташкил доданд.

Конфронс намояндагони ҳукумат, ширкатҳои бонуфузи соҳаи технологияҳои нав ва зеҳни сунъӣ, марказҳои тадқиқотӣ, илмӣ, стартапҳо ва сармоягузорони венчуриро гирди ҳам меорад.

Чорабинӣ ба як минбари муҳим барои баррасии стратегияҳои рушди зеҳни сунъӣ, муаррифии ташаббусҳои миллӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ табдил хоҳад ёфт.

Дар рафти Конфронс лоиҳаҳои калидии миллӣ дар соҳаи AI муаррифӣ мешаванд, аз ҷумла:

  • модели забонии SoroLLM – аввалин модели бузурги забонии омӯхташуда бо истифода аз пойгоҳи васеи матнҳои тоҷикӣ, ки маводи таълимӣ ва матнҳои синтетикиро дар бар мегирад (бо ҳаҷми беш аз 1 миллиард калима) муаррифӣ хоҳад шуд. Ин модел қобилияти баланд ва дақиқии назаррасро дар коркарди забони тоҷикӣ нишон медиҳад.
  • лоиҳаи darya.ai – нахустин кластери минтақавии зеҳни сунъӣ дар асоси платформаи NVIDIA H200, ки фаъолияти худро бар пояи манбаъҳои тозаи энергияи барқароршавандаи обӣ ба роҳ мондааст, ба истифода дода мешавад.
  • лоиҳаи инноватсионии Area AI – нахустин Минтақаи озоди зеҳни сунъӣ (AI Free Zone) дар минтақа, ки дар баробари Академияи зеҳни сунъӣ, инчунин озмоишгоҳҳои таҳқиқотӣ ва инфрасохтори навовариҳоро дарбар мегирад, амалан оғоз мегардад.

Татбиқи ин ташаббусҳо марҳилаи муҳими рушди зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб рафта, ба таҳкими иқтидори илмӣ-технологӣ ва рушди иқтисоди рақамӣ мусоидат хоҳад кард.

Барномаи AI Conf 2025 нутқҳои калидӣ ва муҳокимарониҳои панелиро дар бар мегирад, ки ба истифодаи AI дар соҳаҳои маориф, идораи давлатӣ, тиҷорат ва рушди устувор бахшида мешаванд.

Дар қатори сухангӯён намояндагони ҳукумат, аз ҷумла сарвазири Тоҷикистон, инчунин коршиносону меҳмонони хориҷӣ аз ИМА, Фаронса ва АМА ҳузур хоҳанд дошт.

Аз ҷумла, Сора Ҳукер, ҳаммуассиси Adaption Labs, Сунил Гупта, ҳаммуассис, директори генералии Yotta Data Services Private Limited, Карим Айюб – ноиби президенти стратегияи техникии AI дар Google DeepMind, Ҷаннета Табаков – роҳбари рушди тиҷоратии Perplexity AI, инчунин намояндагони NVIDIA, DDN, фондҳои сармоягузории венчурӣ ва дигар ширкатҳои пешбари ҷаҳонӣ иштирок мекунанд.

Яке аз мавзӯъҳои калидии баррасишаванда масъалаи омодасозии кадрҳо мегардад. Дар конфронс ташаббуси ворид намудани зеҳни сунъӣ ба барномаҳои асосии таълимӣ дар мактабҳои миёна муаррифӣ мешавад, ки дар паёмади он то соли 2028 беш аз 4 000 мактаб ва 2 миллион хонандаро фаро хоҳад гирифт.

AI Conf 2025 инчунин ба майдони имзои созишномаҳои стратегии ҳамкорӣ бо ширкатҳои байналмилалӣ ва марказҳои илмӣ табдил хоҳад ёфт. Дар доираи ҳамоиш лоиҳаҳои нав муаррифӣ мешаванд.

Ҳамзамон, минтақаи экспозитсионӣ ифтитоҳ мегардад, ки стартапҳо ва гурӯҳҳои илмӣ корҳои худро намоиш медиҳанд. Баргузории AI Conf 2025 дар Душанбе нақши фаъоли рӯзафзуни Тоҷикистонро дар экосистемаи ҷаҳонии зеҳни сунъӣ нишон медиҳад.

Тоҷикистон босуръати баланд инфрасохторро рушд дода, экосистемаи истеъдодҳоро ташаккул ва ба татбиқи технологияҳои экологӣ тавассути истифодаи манбаъҳои барқароршаванда машғул гардидааст. Ин иқдомҳо дурнамои навро барои рушди илм, тиҷорат ва ҳамкориҳои байналмилалӣ ба миён меоранд.

Кумитаи ташкилӣ аз намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, ширкатҳои технологӣ, марказҳои илмӣ ва ВАО даъват мекунад, ки аз ин имконоти нодир истифода карда, дар AI Conf 2025 ширкат намоянд.

Сабти ном тавассути сомонаи расмӣ дастрас аст: http://aiconf2025.com 

Skip to toolbar