Ахтаи кимиёвӣ ва ҳукми зиндони абад барои таҷовуз ва қатли духтараки панҷсола дар Қазоқистон

Марди 48-сола дар ҳолати мастӣ духтаракеро, ки дар кӯча бозӣ мекард, ба ҳавлии хонааш оварда, баъди анҷоми амалҳои шаҳвонӣ бо зарби корд куштааст.


Марди 48-сола дар Қазоқистон духтараки панҷсоларо таҷовуз карда ба қатл расонидааст

Акс аз расонаҳои қазоқӣ

Суд дар Қазоқистон ба марде бо гуноҳи таҷовуз ва қатли духтарчаи панҷсола ҳукми ахтаи кимиёвӣ ва зиндони абад дод. Маҳкумшуда хостааст ҷазоро барояш сабуктар кунанд.

Бахши қазоқии Радиои “Озодӣ” (“Азаттиқ”) менависад, Волидони навраси кушташуда бо ин ҳукм розиянд.

Гуфта мешавад, Сайдолим Ғоибназарови 48-сола бо ҳукми Суди махсус оид ба парвандаҳои ҷиноятии вилояти Туркистон 7-уми сентябр дар қатли кӯдак ва амалҳои шаҳвонӣ нисбат ба ӯ гунаҳгор эълон шудааст.

Инчунин маҳкумшуда бо ҳукми Суд, бояд аз ҷараёни ахтаи кимиёӣ гузарад.

Ҳодисаи мудҳиш рӯзи 13-уми июл дар деҳаи Жибек Жолуи ноҳияи Сариёғош рух додааст. Ҷасади тифли ваҳшиёна кушташударо аз боми хонаи ҳамсоя пайдо кардаанд.

Пас аз кушта шудани духтараки ноболиғ мардуми деҳа ба воҳима афтодаанд. Кормандони милитсия ба деҳа омада, интернетро муваққатан хомӯш кардаанд.

Бо гумони содир кардани ҷиноят Сайдолим Ғоибназарови 48-сола боздошт шудааст.

Ӯ бо моддаҳои “Одамкушӣ” ва “Зӯроварии ҷинсӣ” муттаҳам дониста шуд.

Тибқи иттилои тафтишот, маҳкумшуда дар ҳолати мастӣ ҳамон рӯз духтаракеро, ки дар кӯча бозӣ мекард, ба ҳавлии хонааш оварда, баъди анҷоми амалҳои шаҳвонӣ бо зарби корд куштааст.

Гуфта мешавад, Сайдолим Ғоибназаров дар гузашта барои куштор 10 сол ҳабс шудааст. Ба навиитаи Азаттиқ, ӯ инчунин ба пардохти 100 миллион танга ҷуброни маънавӣ ба оилаи ҷабрдида вазифадор шудааст.