Русия бо Тоҷикистон шумораи парвозҳои мустақим миёни Душанбе-Маскавро то 14 парвоз зиёд кард. Акнун ҳар ҳафта дар хатсайри Душанбе-Маскав-Душанбе ширкати ҳавопаймоии ватанӣ “Сомон Эйр” 7 парвоз ва ширкати “ЮтЭйр” 7 парвоз анҷом медиҳанд, гуфта мешавад дар баёнияи Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон, ки нусхаи он ба идораи Your.tj дастрас гардид.
“Бо дархости ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори қабулнамудаи ҷониби Федератсияи Русия аз 27 августи соли 2021 парвозҳои мунтазами байналмилалӣ дар хатсайри Душанбе-Маскав-Душанбе аз 4 парвозӣ дар як ҳафта, ба 14 парвозӣ дар як ҳафта афзоиш дода мешавад”, – омадааст дар баёнияи Агентӣ.
Ҳамчунин дар баёния гуфта мешавад, ки дар баробари афзоиш ёфтани парвозҳои мунтазами байналмилалӣ дар хатсайри Душанбе-Москва-Душанбе, қарор қабул шудааст, ки аз фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб ба фурудгоҳҳои байналмилалии Федератсияи Русия, ки парвозҳои байналмилалӣ дар ин фурудгоҳҳо барқарор шудаанд, як парвозӣ дар як ҳафта дар ҳамаи самтҳои барқароршуда амалӣ карда шаванд.
Ҳамчунин як манбаи муътамад дар Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон ба Your.tj гуфт, ки иҷоза додан барои як парвози ба ҳама шаҳрҳои Русия, ки иҷозаи қабули парвозҳои байналмилалиро доранд, метавон гуфт, ки парвозҳои доимӣ бо Русия қариб, ки пурра барқарор шудаанд.
“Аз се фурудгоҳи кишвар дар як ҳафта ба шаҳрҳои Новосибирск, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Кемерово, Перм ва дигар шаҳрҳои бузурги Русия ширкатҳо метавонанд, ки як парвозӣ анҷом диҳанд. Ҳамчунин бо зиёд шудани шумораи парвозҳо арзиши чиптаҳо то 50% поин меоянд”, – гуфт ин манбаъ.
Дар баёния низ аз паст шудани нархи чипта гуфта мешавад, вале арзиши ниҳоии онро масъулин нишон надодаанд.
Ёдовар мешавем, ки замони барқарор шудани парвозҳои доимӣ миёни Душанбе ва Маскав, агентӣ арзиши билетро ба хатсайрҳои доимӣ аз Душанбе ба Маскав 350 доллар ва аз Маскав ба Душанбе – 150 доллар гуфта буд.