Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 16:1831.05.2021
Бо ҳуҷҷатҳои ширкати сохтмонӣ ошноӣ пайдо кардан, барои ҳар соҳибмулке, ки манзилаш дар арафаи тахрибшавӣ аст, муҳим ва зарур мебошад. Ҳамчунин ширкати сохтмонӣ низ вазифадор аст, ки соҳибмулконро бо ҳуҷҷатҳое, ки барои ҳамкории ояндаашон зарур аст, шинос намояд.
Академияи подкастҳои “Три медведя” дар якчоягӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон”, силсилаи подкастҳои “Агар манзили Шумо…” – ро омода намудаанд, ки дар нашри навбатӣ масъалаҳои дастрасии соҳибмулконро ба ҳуҷҷатҳои ширкати сохтмонӣ баррасӣ мекунанд.
Ҳар як ширкати сохтмонӣ бояд оиннома, шаҳодатномаи фаъолияти сохтмонӣ, иқтибос аз феҳрасти равзанаи Кумитаи андоз, қарорҳои раисони шаҳру ноҳия оиди ҷудо кардани қитъаи замин, иҷозатномаи оғоз ва ба анҷом расонидани сохтмонро дошта бошад. “Танҳо дар ин ҳолат ширкат метавонад ба сохтмончиён кафолат даҳад, ки пурра товони зарарро ҷуброн мекунад ва сари вақт манзили истиқоматиро сохта ба истифода медиҳад.
Соҳибмулконро низ лозим аст, ки пеш аз ҳамкорӣ бо ширкат бо ҳуҷҷатҳои он шинос шавад. Агар ширкат аз нишон додани ҳуҷҷатҳои лозима даст кашад, соҳибмулк метавонад ба суд муроҷиат кунад”, - мегӯяд, ҳуқушинос Абдураҳмон Шарипов.
Бояд қайд кард, ки подкасти мазкурро Академияи подкастҳои “Три медведя” дар якчоягӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон” омода намудаанд.
Читайте также
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
8 часов назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
14 часов назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
3 дня назад
Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид
3 дня назад
"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд
7 дня назад