Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 11:4807.08.2023
Дар ноҳияи Мастчоҳ сарбози қисми низомии Қӯшунҳои сарҳадӣ Абубакр Ҳусейнзодаи 22-сола дар шароити номаълум ба ҳалокат расидааст. Аз қисми низомӣ ҳангоми интиқоли ҷасад ба наздикони сарбоз гуфтаанд, ки рӯзи 4-уми август Абубакр дар долони қисми ҳарбӣ “афтид ва мурд”.
Вале волидони ин ҷавон иддао доранд, ки дар пушти сараш “пайи зарбаи сахт” мондааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар медиҳад.
Ҷасади сарбозро пас аз ташхиси тиббӣ рӯзи 5-уми август дар зодгоҳаш деҳаи Овчии ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд ба хок супурдаанд.
Бобосангин Сангинов, раиси маҳаллаи Овчӣ, рӯзи 6-уми август гуфт, ки прокуратураи ҳарбӣ ин ҳодисаро таҳқиқ мекунад.
Назидкони Абубакр гуфтанд ӯ оиладор ва соҳиби як фарзанд буд. Ба гуфтаи онҳо, баҳори соли ҷорӣ пас аз хатми Донишкадаи иқтисод ва савдои Хуҷанд бо хоҳиши худ ба артиш рафта буд. Ӯ фарзанди калонии оила буд.
То кунун даҳҳо сарбоз барои латту кӯби ҳамхидмат ё зердаст муҷозот шудаанд. Суди олии Тоҷикистон моҳи майи имсол як афсар ва ҳафт сарбози собиқро барои латукӯби наваскарон дар қисми низомии Нерӯҳои марзбонии КДАМ, ки навораш ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфта буд, гунаҳкор ва аз 9 то 11 солӣ зиндонӣ кард.
Читайте также
"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд
9 часов назад
Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд
9 часов назад
Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?
2 дня назад
Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?
3 дня назад
Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад
3 дня назад