Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 16:5923.07.2025
Ҳафтаномаи “Фараж” пас аз 20 сол дигар ба шакли чопӣ нашр намешавад. Акнун гурӯҳи эҷодии он кори худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбук дар саҳифаи наве бо номи “Фараҳ” идома медиҳад.
“Мо мехоҳем, шакли корро дигар кунем, шакли тарғибро дигар кунем, фоида нест аз газета, аз баҳри нашри чопӣ алъон гузаштем. Номашро аз “Фараж” ба “Фараҳ” баргардон кардем”, гуфтааст Хуршед Атовуллоев, муассиси «Фараж» ба Радиои Озодӣ.
Ҳарчанд ҳафтаи дар шабакаҳои иҷтимоӣ овозаҳо дар бораи бастани “Фараж” ва “Самак” паҳн шуданд, вале Атовуллоев ин иддаоҳоро рад карда гуфта буд, ки ҳеҷ қароре дар мавриди бастани ин нашрияҳо содир нашудааст.
Ба гуфтаи ӯ, солҳои тилоии “Фараж” ба давраи 2007–2012 рост меояд, вақте шумораи нашр ба 15 ҳазор нусха мерасид. Аммо солҳои охир нашр коҳиш ёфта, “Фараж” бо 2500 ва “Самак” бо ҳамагӣ 226 нусха ба нашр мерасиданд.
Нахустин шумораи “Фараж” 22 декабри соли 2005 ба табъ расида буд.
Читайте также
"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд
2 дня назад
Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд
2 дня назад
Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?
4 дня назад
Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?
5 дня назад
Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад
5 дня назад