Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон – фазои табодули ҳунар ва эҳёи арзишҳои миллӣ

Аз 2 то 4-уми май, шаҳри Душанбе мизбони яке аз рӯйдодҳои фарҳангии бузург – 14-умин Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон (Tajikistan Fashion Week) гардид. Ин чорабинӣ, ки дар Маркази намоишгоҳи “Экспо-Душанбе” доир шуд, бори дигар пойтахти Тоҷикистонро ба маркази муаррифии санъати мӯд, ҳунари дӯзандагӣ ва робитаҳои фарҳангии байналмилалӣ табдил дод.

Ҳафтаи мӯд аз соли 2017 ин ҷониб ду бор дар як сол баргузор мегардад, бо ташаббуси Fashion Group TZ ва бо дастгирии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ мешавад. Мавзӯи марказии имсолаи он “Чакан” – як намунаи нодири ҳунари гулдӯзии суннатии тоҷикон буд, ки пайдоиши он ба ҳазораҳои пеш бармегардад.

Тибқи маълумоти расмӣ, 43 тарроҳ аз 7 кишвари ҷаҳон – Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон, Қирғизистон, Русия, Белорус ва Гурҷистон дар чорабинӣ ширкат варзиданд.

Робитаҳои фарҳангӣ ва ҳузури байналмилалӣ

Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз ширкаткунандагони фаъоли ин Ҳафтаи мӯд буд. Ба иттилои созмондиҳандагон, беш аз 60 мутахассисони соҳаи мӯд, ороишгарӣ ва тарроҳон аз Эрон ба Душанбе ташриф оварданд. Дар ин миён, ширкати Mahd Karafarinan Pegah Paya бо роҳбарии Ҳоҷӣ Ҳусайнӣ нақши калидӣ дошт.

“Мо бо даъвати Fashion Group TZ ба Душанбе омадем. Ин аввалин иштироки Эрон дар Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон аст ва бо дарназардошти робитаҳои фарҳангии миёни ду кишвар, мо тасмим гирифтем, ки Тоҷикистонро ба авлавият гузорем. Он ҳам дар ҳоле, ки баъзе аз тарроҳони мо мебоист дар Милани Италия ширкат кунанд”,- гуфт ҷаноби Ҳусайнӣ дар суҳбат бо мо.

Ба гуфтаи ӯ, ширкаткунандагони эронӣ на танҳо коллексияҳои тарроҳии худро муаррифӣ карданд, балки саҳми амалӣ низ гузоштанд.

“Ҳар субҳ, аз 2 то 4-уми май мо нахустин ҳамоиши бузурги ороишгарони Тоҷикистонро баргузор кардем. Устодони маъруфи эронӣ ба беш аз 200 иштирокдор малакаҳои ороишгариро омӯзониданд. Ин омӯзишҳо комилан ройгон буданд ва барои ҳамаи ширкаткунандагон шоҳодатномаи байналмилалӣ дода шуд. Мо умед дорем, ки чунин ҳамкорӣ идома меёбад”,- гуфт роҳбари намояндагони Эрон.

Ба таъкиди Ҳусайнӣ, нақши фарҳангӣ ва миллӣ дар тарроҳии либос бояд дар меҳвар қарор гирад.

“Ҳар либосе, ки ба тан аст – парчами он миллат аст. Мо бояд либосҳое таҳия кунем, ки барои ҷавонон зебо, азиз ва рамзи ифтихори миллӣ бошанд”,- афзуд ӯ.

Ҳунар ва эҳсосот дар рӯйи саҳна

Дар миёни тарроҳон, ки дар Ҳафтаи мӯд ширкат доштанд, Тактам Ризоӣ – тарроҳи маъруф аз Эрон бо сабки хоси худ таваҷҷуҳи зиёдеро ба худ ҷалб намуд. Ӯ беш аз 20 сол таҷриба дар тарроҳии либос дорад ва ҳадафаш, ба гуфтаи худаш, “муаррифии фарҳанги Эрон ба ҷаҳониён” аст.

“Ҳар боре ки либос тарроҳӣ мекунам, як шаҳри Эронро ҳамчун манбаи илҳом интихоб мекунам. Ман либосҳои суннатиро бо шеваи муосир тарроҳӣ мекунам, то барои насли нав ҷаззоб бошад ва ҳам ба воситаи либос достони як маҳалро нақл мекунам”,- афзуд тарроҳ.

Дар бораи иштирок дар ин чорабинӣ дар Душанбе, ӯ гуфт, ки бисёр хушҳол аст ва аз дидани ҳусни духтарони тоҷик ва либосу ороишоти онҳо ба ваҷҳ омадааст.

“Эҳсосоти ман хеле гуворо буданд. Мардуми тоҷик моро бо муҳаббат истиқбол карданд. Забони муштарак ва наздикии фарҳангӣ моро зуд ба ҳам пайваст. Гулдухтарони тоҷик бо зебоии худ саҳнаро равшан мекарданд”,- иброз дошт ӯ.

Назари тамошобинон ва иштирокдорони маҳаллӣ

Иштирокдорони маҳаллӣ низ ин чорабиниро ҳамчун як падидаи муҳими фарҳангӣ ва касбӣ арзёбӣ карданд.

“Ман аввалин бор дар чунин чорабинӣ иштирок доштам. Пештар ҳамеша аз шабакаҳои иҷтимоӣ тамошо мекардам. Дар дохили толор будан, эҳсоси тамоман дигар дошт – ҳисси ифтихор, ки кишвари мо низ метавонад чунин сатҳи баланди рӯйдодҳоро баргузор кунад”,- гуфт яке аз меҳмонони намоиши мӯд.

Меҳмони дигари Ҳафтаи мӯд қайд кард, ки Тоҷикистон имкони рушди бештар барои муаррифии бештар дар чунин намоишҳои мӯд дар кишварҳои дигарро дорад.

“Мехоҳам дар оянда шумораи меҳмонони хориҷӣ боз ҳам зиёдтар бошад. Мо иқтидори кофӣ дорем, то брендҳои миллии худро дар бозори ҷаҳонӣ муаррифӣ кунем”,- афзуд ӯ.

Чакан – дар маркази таваҷҷуҳ

Яке аз паҳлӯҳои муҳими ин Ҳафтаи мӯд диққат ба чакан буд — ҳунари гулдӯзие, ки дорои таърихи ҳазорсола буда, дар “Авесто” ва “Шоҳнома” низ зикр шудааст. Ҳар як нақшу гулдӯзи чакан маъно ва мазмуни амиқро дар худ дорад – шоҳиди ормон ва орзуҳои модарони тоҷик.

Дар доираи чорабинӣ, тарроҳон ва ҳунармандони тоҷик бо истифода аз унсурҳои чакан, либосҳои муосир ва креативӣ пешниҳод карданд, ки нишондиҳандаи тавоноии мутобиқ кардани мероси фарҳангӣ бо талаботи замони имрӯз аст.

Пас аз анҷоми расмии Ҳафтаи мӯд, 5-уми май, либосҳое, ки дар рӯзҳои намоиш пешниҳод шуда буданд, дар шоу-руми “Ittihad” дар маҷмааи “Zaynabmall” ба намоиш ва фурӯш гузошта шуданд. Ин иқдом ба тамошобинон ва дӯстдорони мӯд имкон медиҳад, ки коллексияҳоро аз наздик бубинанд ва ҳатто харидорӣ кунанд. Чунин ташаббус пайванди мӯд бо ҳаёти воқеӣ ва бозори дохилиро тақвият мебахшад.

Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон-2025 на танҳо майдони намоиш, балки платформаи густурдаи табодули ҳунар, таҷриба ва афкор гардид. Бо иштироки васеи тарроҳон, ороишгарон ва намояндагони фарҳанг, он собит кард, ки Душанбе метавонад ба маркази мӯътабари мӯди минтақа табдил ёбад.

Рӯйдодҳое мисли Ҳафтаи мӯд на танҳо зебоиро таблиғ мекунанд, балки заминаи воқеии муколамаи фарҳангҳо ва эҳёи ҳунарҳои аслии миллӣ мебошанд.

Нозанини Исмадшоҳ

Skip to toolbar