“Афсонаҳоро зинда месозам”. Чи тавр устои аъҷубаҳо дар Истаравшан аз гили одӣ шоҳкорӣ мекунад

Эргашбой Ғафуров дар Истаравшан ягона нафаре аст, ки  то ҳол ин ҳунари қадимиро идома медиҳад. Дар гузашта аксари   кулолгарон дар баробари сохтани кӯза,  хурма,  коса,  табақ,  ва дигар маҳсулоти кулолӣ ба сохтани аъҷубаҳои гуногун (бозичаҳо аз маҳсулоти гуногун бо шаклҳои ғайриодӣ) низ машғул мешуданд. Аъҷубаро кӯдакон ҳамчун бозича истифода баранд ҳам, он байни калонсолон хусусияти мифологӣ дошт.  

Муаллифи Your.tj бо  ҳунарманд ҳамсӯҳбат шуд, то атрофи фаъолияти ӯ қисса намояд.

Ҳунари бобоӣ

Эргашбой-амак 40- сол мешавад, ки бо аъҷубасозӣ машғул аст. Ин ҳунар ба ӯ аз бобокалонаш усто Ғафури кулолгар мерос мондааст. Тарзи рӯ овардани ин хонадон ба ҳунари аъҷубасозӣ таърихчаи худро дорад. Бобокалони усто Эргаш, Ғафур-амак солҳо бо кулолгариву танурсозӣ машғул будааст, сипас хобу рӯъёҳои гуногун ӯро ба ҳунари аъҷубасозӣ водор сохтааст. Ҳунарманд аз он дар хавотир аст, ки агар фарзандону пайвандони ӯ низ ин ҳунарро ҳифз накунанд, боз як ҳунари қадимӣ моли таърих мегардад.

“Ба гуфти бобокалонам, он кас борҳо дар хобашон аъҷубаҳои гуногунро тасвир кардаанд. Баъзан вақт аз дидани аъҷубаҳои ҳайратовар метарсидаанд.  Бобокалонамро як қуввае доиман ба тасвиру  сохтани онҳо  водор месохтааст. Баъди пай дар пай  дидани чунин хоб ба ҳунари аъҷубасозӣ рӯй овардаанд. Сипас бобоям ва падарам ҳамин ҳунарро идома додаанд. Имрӯз банда то қадри тавон ҳунари бобоиро ҳифз намуда, ба фарзандону пайвандон меомӯзонам”,- иброз дошт  қаҳрамони мо.

Аввалин аъҷубаи сохтаи Эргашбой-амак, муҷассамаи харчае будааст, ки дар болояш харчаву одам нишастааст. Бобояш таваҷҷӯҳи ӯро ба ҳунари аъҷубасозӣ дида, барои дилгарм сохтани аберааш, онро дар хумдон пухтааст. Он вақт қаҳрамони мо 10-сол дошта бошад, ҳам бо завқи том ба омӯхтани ҳунари аъҷубасозӣ камари ҳиммат бастааст.

“Фикр мекунам, аксари он нафароне, ки дар деҳот ба воя расидаанд, ҳатман дар овони кӯдакӣ аз лойҳои оддӣ чизҳои гуногун (бозичаҳои гилӣ) сохтаанд. Дар  хонаи мо ки лойи кулолӣ фаровон буд, ҳар рӯз  аъҷубае  месохтам. Ба ин кор бобокалонам бештар кӯмак мекарданд. Дар фасли гармо бо аҳли оила  аз саҳар то шом ба сохтану ороиши аъҷубаҳо машғул мешудем. Имрӯз он саҳнае, ки дар овони кӯдакиям буд айнан такрор меёбад. Ман бо аҳли оила нишаста, ба наберагону пайвандон тарзи сохтани аъҷубаро меомӯзонам. Фарзандону наберагонам аз нозукиҳои ин ҳунар воқифанду кам-кам бо ин кор машғул мешаванд. Фикр мекунам, агар онҳо низ ин ҳунарро аз худ накунанд боз як ҳунари қадими моли таърих мегардад. Ҳарчанд имрӯз таваҷҷӯҳи ҷавонон ба ин навъи ҳунар зиё аст, аммо ҳифз намудану ба ояндагон мерос гузоштани ҳунар мушкил аст”,- зикр кард қаҳрамони мо.

Таҷассуми деву аждаҳо ва дигар махлуқот дар аъҷубаҳо

Аъҷубаҳо шаклу намуди тааҷҷубовар доранд. Кас аз диданаш  гумон мекунад, ки онҳо як бозёфти таърихианд. Бештари онҳо  дар сурати  аждаҳо, дев махлуқҳои тахайюлии тарсангез, пайкараҳои ҷонварони гуногун сохта шудаанд. Баъзе аз онҳо бо доштани даҳони калон, чашми сеқабата ё думи  хурду калон шаклашонро иваз намуда, тарсовар шудаанд. Сабаби ваҳмовар будани аъҷубаро қаҳрамони мо чунин нақл кард.

“Аъҷубаҳо хусусияти мифологӣ доштанд. Гузаштагони мо  пеш аз дини мубини ислом онҳоро ҳамчун рафъкунандаи қувваи бадӣ,  ва шиканандаи сеҳру ҷоду медонистаанд. Дар аксари хонаҳо аъҷубаро дар ҷойҳои чашмрас нигоҳ медоштанд, то нафаре, ки бо чашми бад меояд ба он бархӯрда шиканаду чашми бад ба он хонавода таъсир нарасонад.  Аз ин хотир қариб дар ҳамаи хонаҳо аъҷубаҳоро вохӯрдан мумкин буд. Аъҷубаро ҳамчун ҳуштак низ истифода мебурданд, аммо, дар мавридҳои хос. Кӯдакон, ки орӣ аз гуноҳанд бештар дар ҷашни  Наврӯз аз аъҷуба ҳуштак мекашидаанд. Ин амали онҳо гӯё боронро ҷеғ мезадааст. Пас аз зуҳури ислом аъҷуба хусусияти бозичавӣ пайдо кард. Кӯдакон онро ҳамчун  бозича ё ҳуштак истифода мебурдагӣ шудаанд. Ҳаҷми аъҷубаҳо низ хурдтар ва ба дасти кӯдакон мувофиқ шуд”,- гуфт Эргашбой-амак.

Аъҷубаҳо якранг набуда аз ҳамдигар бо доштани як навгонӣ фарқ мекунанд. Масалан чашм, даҳон ё ҳадди ақал ранги онҳо бо ҳам монанд нест. Аксари аъҷубаҳо ба паранда ё ягон намуди дигари ҳайвон монанд бошанд ҳам, бо як ҷузъиёт фарқ мекунанд. Ваҳмовар ё ғайриодӣ будани аъҷубаҳо ҳатмист. Худи  мафҳуми аъҷуба маънои  тааҷҷубоварро дорад.  Имрӯзҳо кӯдакон аъҷубаҳоро ҳамчун ҳуштак истифода мебаранд. Он аъҷубаҳое ки ба худ кӯзача доранд садои фораме ба мисоли шилдироси ҷӯйбору чаҳ-чаҳи булбулро ба ёди кас меорад. Ин навъи бозичаҳо бештар дар ҷашнҳои Наврӯз серхаридор мешавад. Дар дигар маврид бештар сайёҳон харидорӣ мекунанд.

Тарзи сохтани аъҷуба

Аъҷубаро комилан аз маҳсулоти табиӣ месозанд. Барои сохтани он аз  хоки зард ва  гили бӯта истифода мебаранд. Ороиши аъҷубаҳо низ пурра бо рангҳои табии дастисохт сурат мегирад.  Эргашбой-амак чӣ гуна омода шудани аъҷубаҳоро чунин нақл кард.

“Миқдори муайяни хоки зард ва гили бутаро гирифта аз он лойи кулолӣ омода мекунем.  Пас аз омода шудани лой  дар ҳар шакл аъҷуба месозем. Аъҷубаҳои тайёр шударо дар ҷойи сояофтоб мехушконем. Вақте онҳо хушк мешаванд дар ҳарорати 750-800 °С дар хумдон мепазем. Аъҷубаҳо ки пухта шуданд, бо оҳак ранги сафед намуда, бо рангҳои сабзу сурх оро медиҳем. Рангҳоре, ки барои ороиш истифода мешаванд бо ӯсмаву ҳина омода мекунем”,- гуфт қаҳрамони мо.

Барои сохтани аъҷуба аз асбобҳои махсус ба мисоли қолибчӯб ва теғҳои борик истифода мебаранд. Имрӯзҳо таваҷҷӯҳи сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба аъҷубаҳо хеле зиёд аст. Зеро онҳо дар замони имрӯз хусусияти ороишӣ касб кардаанд. Аксарият аъҷубаро дар хонаву корхонаҳо ҳамчун сувинир мегузоранд. Ба гуфтаи бобои Эргашбой тамошои онҳо касро ором сохта, барои ҷамъ кардани таваҷҷӯҳ кӯмак мерасонанд.  Дар даврони шӯравӣ «Бунёди бадеӣ» (“Художественный фонд”) аъҷубаҳоро аз ҳунармандони маҳаллӣ харида, ба кишварҳои дигар содирот мекардааст. Алҳол аъҷубаро шахсони алоҳида аз хонаи Эргашбой-амак мехаранд.

Қаҳрамони мо дар баробари аъҷубасозӣ танӯрҳои гуногун низ омода мекунад ва ба гуфти худаш Аз меҳнаташ роҳат мебинад.

“Ман ҳар вақт ки бо аъҷубасозӣ ё танӯрозӣ машғул мешавам тамоми хастагӣ аз ман меравад. Ин ҳунар маро ҷаҳондида намуд. Маҳз ба воситаи  аъҷубасозӣ  ба якчанд кишварҳо сафар намудам”,- бо ифтихор таъкид кард ҳунарманд.

Усто дар озмуну фестивалҳои зиёди ҷумҳуриявӣ ширкат варзида соҳиби диплому ҷоизаҳо гардидааст. Ӯ аз он хушҳол аст, ки эъҷози дастонашро дар ҳар кишваре пайдо кардан мумкин аст. Зеро сайёҳони зиёде ба маҳсули дастони ӯ диққат намуда, харидорӣ кардаанд.

Абдуғаффор ШОДИЕВ

Skip to toolbar